Дар Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон оғоз гардид.

Тавре ки Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар имтиҳонҳои ин давр довталабоне, ки дар давраи сеюми бақайдгирӣ (аз 4‑ум то 13‑уми сентябри соли 2023) барои иштирок дар ИМД номнавис шудаанд, иштирок мекунанд.

“Дар давраи сеюми бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2023 ҳамагӣ 8739 нафар, аз ҷумла 6534 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 2205 довталаби дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) худро номнавис кардаанд”, - омадааст дар хабари Марказ.

Гуфта мешавад, даври сеюми имтиҳонҳо барои ҳар ду қисм –  А ва Б дар як рӯз – 17-уми сентябр дар 26 маркази имтиҳонӣ дар 11 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ - 4 ноҳияи пойтахт, Роғун, Турсунзода, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Шаҳритус ва Хоруғ дар заминаи муассисаҳои таълимӣ ташкил карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тести дар ин даври имтиҳонҳо истифодашуда пас аз анҷоми имтиҳонҳо дар сомонаи Марказ ба нашр мерасанд.

“Ин ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ дар асоси нусхаи варақаи ҷавобҳояш, ки дар кабинети инфиродияш гузошта шудааст ва ҷавобҳои дуруст – калидҳои саволу масъалаҳои тест, ки дар сомонаи Марказ гузошта мешавад, холҳояшро аз ҳар субтести имтиҳон мустақилона ҳисоб кунад”, - маънидод мешавад дар хабар.

Ёдрас мекунем, ки бо дарназардошти камбуди ҷиддии донишҷӯён дар макотиби олии Тоҷикистон, ки дар соли хониши ҷорӣ нисфи синфҳо холӣ монданд, тасмим гирифта шуд, ба довталабоне, ки аз ду даври қаблии имтиҳонҳои мутамаркази дохилшавӣ нагузаштаанд, имкони дигари дохилшавӣ фароҳам оварда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.