Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки чопи китобҳоро ҷиддӣ назорат кунад, аз ин лиҳоз, минбаъд нашриёту матбааҳои давлативу хусусӣ тамоми намуди китобҳоро танҳо баъд аз мувофиқа бо Шӯрои бадеъии Вазорати фарҳанг нашр хоҳанд кард.

Дар ин бораи пойгоҳи иттилоотии halva.tj бо истинод ба суханронии Давлат Сафарзода, муовини вазири фарҳанги кишвар иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи ин расона, муовини вазири фарҳанг ин суханони худро зимни иштирок дар семинар-машварате, ки рӯзи 15-уми сентябр бо ҳузури масъулини соҳаи табъу нашр ва матбуот баргузор гардид, зикр намудааст.

Аммо сабаби тасмими мазкурро Давлат Сафарзода шарҳ надодааст ва ҳам нагуфтааст, ки қарори мазкур кай расман ҷорӣ мешавад. Танҳо афзудааст, ки “интиқод ҳам ҳудуд ва таърифу тавсиф ҳам як меъёр дорад”.

Аз чап ба рост: Давлат Сафарзода ва Сайёфи Мизроб
Акс аз сомонаи Вазорати фарҳанг

Бояд гуфт, ки тасмими мазкур баъди ҳаводиси рӯзҳои охири кишвар дар атрофи нашри китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-и роҳбари беморхонаи “Ибни Сино” Абдухалил Холиқзода гирифта мешавад. Ин китоб, ки дар нашриёти хусусии “Эр-Граф” нашр шудааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдро ба миён овард. Гурӯҳе онро асари шарҳиҳолӣ унвон карда бошанд, теъдоде муҳтавои баъзе аз қисматҳои онро қобили қабул надонистанд.

Нафароне ҳам буданд, ки пешниҳоди барқарор кардани “Главлит”, ниҳоде, ки замони Шӯравӣ нашри китобҳоро назорат мекард, шуданд ва зикр карданд, ки тамоми китобҳо бояд пеш аз нашр аз назари мақомоти масъули давлатӣ гузарад.

Оқибат баҳсҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷӯшзада бо боздошти муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” ва Қодири Рустам, яке аз нависандагони номаш дар асар зикршуда анҷомид.

Додситони кул ҳардуи онҳоро барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ гумонбар медонад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки мувофиқи “Қонуни фаъолияти ноширӣ ва полиграфии Тоҷикистон” ноширон дар масъалаи чопи китобҳо озод буда, сонсури мақомот дар фаъолияти онҳо манъ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.