Лоиҳаи Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Рушди Байналмиллалӣ (USAID) лоиҳаи «Устувории низоми тандурустии маҳалӣ» (LHSS) дар доираи Ташаббуси COVID-19 дар Тоҷикистон, ки аз соли 2020 дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба масъалаҳои вокуниши фаврии системаи тандурустӣ дар мубориза бар зидди COVID-19 тавассути чораҳои пешгирӣ, ошкор ва вокуниш ба сироят амалӣ карда мешавад.
Лоиҳа Нақшаи омодагӣ ва вокуниш ба COVID-19 (CPRP) ва Нақшаи миллии ҷобаҷогузории ваксинаҳои CVOID-19 (NDVP)-ро бомуваффақият амалӣ намуд. Тамоми кӯшишҳои лоиҳа ба устуворсозии низоми тандурустӣ тавассути таҳкими кори лабораторияҳо бо таъмини таҷҳизоти баландтехнологӣ ва баланд бардоштани иқтидори кормандон, инчунин беҳтар намудани чораҳои пешгирӣ ва мубориза бо сироятҳо, баланд бардоштани тадбирҳои бехатарии биологӣ, ҷорӣ намудани идоракунии сифат нигаронида шудаанд.
Сарфи назар аз таблиғоти фаъол аз ҷониби лоиҳа ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушкилот нисбати боварии аҳолӣ ба ваксинаҳо ва умуман иммунизатсия, аз ҷумла дар ноҳияҳои дурдасти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳанӯз ҳам боқӣ мондаанд.
Тибқи омори расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол миқдори муайяни аҳолӣ (2%) барои вояи асосӣ ва 13,6% (маълумот то 2 ноябри соли 2022) барои вояи иловагӣ, ки бо сабаби нигарониҳои гуногун ба мисоли тарс ва боварӣ надоштан ба ваксина, андешаҳои падару модарон нисбати муҳим набудани ваксина барои кӯдакон ва мисоли ин масъалаҳо, сабаби то ҳол ваксина накардани фарзандони худ мувофиқи нақшаи миллии ваксинатсия гардидаанд.
Дар нашрияи мазкур мо тасмим гирифтем, ки нисбати иммунизатсия ва сифати ҳаёти ҳар як шахс ҳарф занем ва каме бошад ҳам ба саволҳое, ки аҳолии моро барои саривақт гирифтани ваксина ҳоло ҳам нигоҳ медорад, посух диҳем.
Сифати ҳаёт гуфта мо чиро мефаҳмем?
Барои посух додан ба ин савол ба сарчашмаҳои итилоотии гуногун рӯй оварда, фикру андешаҳои зиёдеро пайдо намудем ва мехоҳем онҳоро ба хонандагон пешниҳод намоем.
Сифати ҳаётро ҳамчун мафҳуми бисёрҷанба, ки самаранокии тамоми самтҳои ҳаёти инсон, сатҳи қонеъ гардонидани талаботи моддиву маънавӣ ва иҷтимоӣ, инкишофи зеҳнӣ, фарҳангиву ҷисмонӣ ва инчунин дараҷаи бехатарии ҳаётро дар бар мегирад, тавсиф менамоянд.
Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) сифати ҳаётро барои баҳогузорӣ ва муқоисаи сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодии аҳолии кишварҳои ҷаҳон истифода мебарад.
Албатта, сифати ҳаёт вобаста ба соҳаҳое, ки он истифода бурда мешавад, фарқ мекунад.
Нишондиҳандаи асосии сифати зиндагӣ Индекси рушди инсонӣ (HDI) мебошад, ки аз ҷониби кормандони Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) таҳия шудааст. Он дар андозагирии се нишондод асос ёфтааст: давомнокии умр, сатҳи таҳсилот ва маҷмаи маҳсулоти дохилӣ (ММД ё худ ВВП).
Мутахассисони соҳаи иҷтимоӣ ва ҷамъиятшиносӣ (сотсиология) баланд будани сифати ҳаёти одамро мувофиқи нишондодҳо муайян намудаанд, ки бархе аз онҳоро бароятон пешкаш менамоем:
- давомнокии кофии умри солим, ки бо нигоҳубинии хуби саломатӣ ва бехатарӣ дастгирӣ карда мешавад;
- некӯаҳволии оила;
- ҳаҷми қобили истеъмоли молҳо ва хизматрасонӣ, дастрасии кафолатнок ба неъматҳои моддӣ; муносибатҳои қаноатбахши иҷтимоӣ, мавҷуд набудани ихтилофҳои ҷиддии иҷтимоӣ ва таҳдидҳо ба сатҳи бадастомадаи некӯаҳволӣ;
- дастрасӣ ба дониш, таҳсилот ва арзишҳои фарҳангие, ки шахсият ва ғояҳоро дар бораи ҷаҳони атроф ташаккул медиҳанд ва ғ.
Тибқи маълумотҳои Quality of Life Index by Country 2023 Mid-Year яке аз кишварҳое, ки индекси баланди сифати ҳаётро дорад - Люксембург аст.
Мувофиқи омори Бонки умумиҷаҳонӣ Tajikistan | Data (worldbank.org) индекси сифати ҳаёт соли 2022 дар Тоҷикистон 0,5 фисадро ташкил намуд.
Аз ин бармеояд, ки барои кишвари мо ҳоло бисёр кӯшишҳоро ба харҷ овардан лозим аст, то ки некӯаҳволии аҳолӣ беҳтар гардад ва сифати ҳаёти тоҷикистониён боз ҳам хубтар шавад.
Қадами аз ҳама муҳим дар ин ҷода, ин нигоҳ доштани саломатии худ ва беҳтар кардани солимии аҳолӣ мебошад. Барои ин шояд фикр кунед, маблағи зиёд лозим аст, ки мову шумо солим бошем, лекин таҷрибаи ҳаёт нишон медиҳад, ки барои солим будан сарватманду бой будан ҳатмӣ нест. Барои ин лозим аст, танҳо ҳаёти солимро пеша гирифт.
Ҳангоме, ки мо ҳаёти солим мегӯем, чиро дар назар дорем?
Сараввал тарзи ҳаёти солимро бояд ҳар яки мову шумо пеша гирем.
Баланд бардоштани масунияти бадани худ бо истеъмоли ғизои солим, даст кашидан аз тамоку ва май, машқу тамрин кардан, хоби кифоя ва ғайра.
Ҳамаи ин фаъолиятҳо барои солимии худро нигоҳ доштан, кӯмаки беҳад зиёд мерасонанд. Дар баробари ин, мо бояд фаромӯш насозем, ки дар давоми ҳаёти худ ба бемориҳои бисёр дучор мешавем ва бархе аз онҳо бемориҳои сироятианд, бархеи дигар бошад ғайрисироятӣ.
Дар ёд дорем, соли 2020 ҳангоми хурӯҷи бемории Ковид 19 тамоми ҷаҳон аз беморӣ азияти зиёде кашид, умри сад ҳазорҳо одамонро ҷаҳон бохт ва дар ин ҳолат чи тавре, ки медонем барои пешгирӣ ва кам кардани ин вабои аср маҳз ваксина мусоидат намуд.
Пешгирии беморӣ беҳ аст аз табобати он
Маҳз гирифтани ваксина кӯмак расонд, то ки дигар ҳолатҳои фавт ва ҳолатҳои вазнини бемории сироятии Ковид-19 кам карда шаванд.
Тибқи нишондодҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аз гирифтани ваксина ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст. Дар хотир дошта бошед, ки дар даврони пандемияи Ковид-19 тавсияҳои табибон, олимон ва коршиносони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати коҳиш додани ин беморӣ танҳо ва танҳо гирифтани ваксинаҳо пешбинӣ шудааст.
Ҳар як давлат тақвими миллии иммунизатсияи (ТМИ) худро муайян карда, намуди ваксинаҳоро интихоб менамояд.
Дар Тоҷикистон алҳол ҳукумат дар доираи “Барномаи милии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Точикистон барои солҳҳои 2021-2025" тақвими миллии иммунопрофилактика тасдиқ шудааст ва мувофиқи он пешгирии 12 бемориҳои сироятӣ аз синни бармаҳал пешбинӣ шудааст.
Тақвими миллии иммунизатсия гуфта мо чиро дар назар дорем?
ТМИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин нақшаи иммунизатсияи кӯдакон мебошад, ки риояи он бехатарии бениҳоят зиёд ва ҳимоя аз бемориҳои сироятиро таъмин менамояд. Иммунизатсия дар кишвар мутобиқи ТМИ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Ваксинаҳо кӯдаконро аз 12 бемориҳои сироятӣ ҳимоя мекунанд ва ваксинаи заруриро саривақт гирифтан муҳим мебошад.
Ҷадвали иммунизатсия дар натиҷаи таҷрибаи бисёрсола ва гузаронидани тадқиқотҳо вобаста ба бехатарӣ ва самарабахшии ваксинаҳо ба даст омадааст. Реҷаи иммунизатсия тавре тартиб дода шудааст, ки ваксинаҳо кӯдакро аз бемориҳои боэътимод ҳимоя намоянд ва ҳарчи бештар бехатар бошанд. Агар кӯдак дар вақташ ваксина гирифта натавонад, вай боз ҳам метавонад дар вақти дилхоҳ , аммо чи қадар тезтар ваксинаи лозимиро қабул намояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ТМИ бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст ва бисёр муҳим аст, ки мувофиқи он ваксинаҳо саривақт гирифта шаванд, то ки дар калонсолӣ ҳангоми бемор шудан, масунияти бадани одам аллакай омода бошад.
Новобаста аз он ки имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон муҳим будани ваксинаро медонанд, ҳоло ҳам дар бисёре аз минтақаҳои ҷаҳон, сабабҳои иммунизатсия нашудани кӯдакон вуҷуд доранд ва Тоҷикистон низ истисно нест.
Сабабҳо гуногунанд ва ба соҳаи хизматрасонӣ, нарасидани маълумоти лозима дар сатҳи маҳал ва ғайра вобастагӣ доранд. Барои мисол: дастрас набудани хизматрасонӣ дар минтақаҳои дурдаст, дар вақти номусоид пешниҳод кардани ваксина, нобоварӣ ба ваксина ва ё дар фазои хусуматомез амалӣ кардани он, аксар вақт падару модар дар бораи кай ва ба куҷо овардани кӯдаконашон барои гирифтани иммунизатсия маълумоти мушаххас надоранд.
Ҳамаи мо мефаҳмем, ки мушкилиҳое, ки вобаста ба муқовимат ё нобоварӣ зоҳир намудан нисбати ваксина аз хурдсолӣ ба он оварда мерасонад, ки кӯдакон бе гирифтани ваксина мемонанд ва ба хатари беморшавӣ ва ё ҳатто маъюбшавӣ дучор мешаванд. Чунин мушкилиҳо бояд фавран ҳал карда шаванд.
Ҳар як падару модар нисбати солим будани фарзандаш вазифадор аст ва бояд фарзанди худро мувофиқи Тақвими миллии иммунизатсияи ҶТ ваксина кунад.
Мувофиқи арзёбии Ташкилоти Умуммиҷаҳонии Тандурустӣ, ваксинаҳо ҳар сол ҳаёти аз 2 то 3 миллион нафарро наҷот медиҳанд. Муваффақияти барномаҳои иммунизатсия аз сатҳи баланди фарогирӣ бо ваксина вобаста аст. Ваксина бевосита одамони ваксинашударо ва ба ин восита, тамоми ҷомеаро тавассути масунияти коллективӣ муҳофизат мекунад ва аз ин рӯ, интиқол ва паҳншавии бемориҳои бо ваксина пешгиришавандаро коҳиш медиҳад.
Ваксина роҳи аз ҳама самараноки ҳифзи кӯдак аз бисёр бемориҳои сироятии хавфнок ва ҳолатҳои мушкилиҳои вобаста бо онҳо мебошад.
Масалан, бемориҳои ба монанди сурхча (корь), баногӯшак (паратит) ва гулафшон (краснуха) мушкилиҳо, аз қабили пневмония, энсефалит, нобиноӣ, дарунравӣ, отити миёна, синдроми сурхчаи модарзодӣ (агар зан дар оғози ҳомиладорӣ ба бемории сурхча гирифтор шавад), ки ҳамаи онҳо боиси маъюбӣ ва ҳатто марг мегарданд ва хеле хатарнок ҳастанд. Ҳамаи ин бемориҳо, равиши вазнини онҳо ва азобу уқубаташонро бо ваксина пешгирӣ кардан мумкин аст.
Солимии мо - ин масъулияти ҳар яки мову шумост
Саривақт ваксина гиред, худ ва фарзандони худро аз бемор шудан эмин нигоҳ доред!
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста