Шукрона Тоҳирӣ, донишҷӯи курси сеюми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар озмуни имсолаи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” соҳиби Шоҳҷоиза гардид. Барои ғолибияти кул дар ин озмун барояш 70 ҳазор сомонӣ тӯҳфа ҳам тақдим шуд.
“Азия-Плюс” пас аз ин ғолибият бо Шукрона Тоҳирӣ суҳбате орост ва аз ӯ дар бораи ғолибият, китобхонӣ, дастгирии волидон, китобхонаи шахсӣ, дарсҳои донишгоҳӣ ва манфиатҳои мутолиаи китоб пурсон шуд.
- Шоҳҷоиза муборак бошад! Бовар доштед, ки дар бузургтарин озмуни китобхонии ҷумҳурӣ ғолиби кул мешавед?
- Бовар не, вале орзу доштам. Аммо боварӣ доштам, ки дар номинаи худам - адабиёти муосир сазовори ҷойи аввал мегардам. Ва танҳо баъди эълони номам, бовар кардам, ки ғолиби мутлақ шудаам.
- Кай тасмим гирифтед, ки бояд барои Шоҳҷоиза мубориза баред ва умуман мубориза бурдан душвор набуд?
- Дар даври шаҳрии озмун ҳайати ҳакамон ба ҷуз номинаи худам донишамро аз чор номинаи дигар пурсиданд. Чун ба саволҳояшон посух додам, гуфтанд, ки “қобилият дорӣ ва барои Шоҳҷоиза мубориза бубар, метавонӣ”. Аз ҳамон вақт мутолиаи китобҳои тавсиявии чор номинаи дигарро шурӯъ кардам. Ҳамон калимаи “метавонӣ” ба ман қувват дод ва ман тавонистам.
- Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба ҷуз маъруфият ва макофотпулӣ боз ба шумо чӣ дод?
- Агар кӯтоҳ гӯям, эҳсоси хушбахтии бепоён, сабурию таҳаммулпазирӣ, фурӯтанӣ, зиндагониро на он тавре ки хаст, балки тавре ки худ мехохӣ кабул кардан, ба худ ва оянда боварӣ доштан дод.
- Табиист, ки ба унвони шумо табрикномаҳо хеле зиёд омаданд. Аз ҳама муборакбоди аҷиб аз кӣ ва чӣ гуна буд?
- Табрикоти телефонӣ ва рӯбарӯ хеле зиёд қабул кардам, вале агар дар фазои маҷозӣ дар назар дошта бошед, ман фаъол нестам. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа надорам, балки дар ҳолати зарурӣ аз саҳифа падарам истифода мебарам.
- Волидонатон дар китобхон шудани шумо чӣ нақш доранд?
- Волидони ман беҳтаринанд. Дар раванди озмун онҳо баробари ман тайёрӣ медиданд, мепурсиданд ва фикр мекарданд. Ҳамеша кӯмак мекунанд, намегузоранд, ки аз чизе танқисӣ кашам. Зиёд шудани рафи китобҳои ман маҳз хизматҳову ташаббусҳои онҳост. Як ҳолати дигарро мехоҳам илова кунам, ки дар бари ман будани волидонамро бозгӯ мекунад. Падарам ҳар рӯз маро барои омодагӣ дидан ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон бурда меоварданд.
- Барои озмун асосан дар куҷо тайёрӣ дидед?
- Дар Китобхонаи миллӣ, дар хона ва дар донишгоҳ.
- Дар ҷараёни омодагӣ шуд ҳолате, ки дигар давом додан нахоста бошед?
- Соли сеюм аст, ки дар ин озмун иштирок мекунам. Дар ин муддат ягон бор андешаи даст кашидан аз идомаи озмунро накардаам.
- Пеш аз озмун дар як шабонарӯз то чанд соат китоб мехондед?
- Пеш аз озмун, махсусан, 1 моҳи охир аз 4 то 6 соатро ба хоб ва боқимондаи вақтро ба мутолиа ва такрор мебахшидам. Ҳар рӯз аз соати 8 ё 9 то соати 19 дар китобхона будем.
- Барои беҳтар кардани хотира кадом роҳҳоро истифода кардед?
- Навиштани такрор ба такрор, дар назди оина шеър хондан, мубодилаи афкор байни иштирокчиёни дигар бисёр пурсамар аст.
- Шумо се соли оянда ҳуқуқи иштирок дар озмунро надоред. Оё пас аз се сол боз иштирок мекунед?
- Не, дигар ширкат намекунам, аммо ба онҳое, ки иштирок мекунанд, кӯмак мерасонам ва худам аз мутолиа дур намешавам.
- Пас аз озмун китобхонӣ дар кадом ҳолат аст?
- Айни ҳол танҳо дарсҳоямро хонда истодаам. Мехоҳам моҳе таваққуф дошта бошам, зеро мондашавии чашмонамро зиёд эҳсос мекунам.
- Озмун ба дарсҳои донишгоҳатон халал нарасонид?
- Дар рафти озмун низоми иштироки озод дар дарс бароямон фароҳам шуда буд.
- Шумо тариқи шарномавӣ таҳсил мекардед?
- Бале, бовар кунед бисёр шарм медоштам баробари пурсидани одамон. Вале шукр, ки бо ташаббуси ин озмун ман ҳоло тариқи буҷавӣ таҳсил мекунам.
- Аз кай китобхон ҳастед?
- Умуман ба адабиёти бадеӣ аз синни 11 - 12-солагӣ меҳр пайдо кардам.
- Китобҳои хондаатонро дар соҳаи ҳуқуқ чӣ гуна истифода мекунед?
- Ҳуқуқшинос пеш аз ҳама одамшинос бояд бошад. Масалан, дар асари “Духтари оташ” қариб 130 персонаж ба назар мерасад, ки хонанда агар закӣ бошад, 130 характер пеши чашмаш ҷилва менамояд. Пас, агар як китоб ба мо 130 одамро хаёлан бо хислатҳои гуногун рӯбарӯ созад, он гоҳ шумораро боло барем, 10 китоб баробари 1300 шинохт мешавад. Ҳамзамон, вақте ки ҳуқуқшинос асари бадеӣ хонад ва худро ба ҷойи ашхоси гуногун ва дар ҳолатҳои гуногун тасаввур карда тавонад, он гоҳ адолат дар ҷомеа мавқеи худро аз даст нахоҳад дод.
- Китобхонаи шахсӣ доред дар хона?
- Бале, китобхонаи шахсӣ дорам. Дар он аз ҳама номинаҳо китоб ёфтан мумкин аст, вале бештаринашон осори адибони муосиранд.
- Зиёдтар китобҳоро ба шакли чопӣ ё электронӣ мехонед?
- 99 фоизи китобҳои чопиро мутолиа мекунам. Чун шакли электрониро дӯст намедорам.
- Китоби савтӣ гӯш мекунед?
- Бале, гӯш мекунам. Махсусан, вақте ки чашмонам хастагиро ҳис мекунанд, вале маззаи китоби воқеӣ дигар аст.
- Охирин китоби хондаатон чӣ ном дорад ва оё номи аввалинашро ҳам ба ёд доред?
- Охирин китоби хондаам “Пирамард ва баҳр” аз Эрнест Хемингуе буд. Аввалин китоби бадеии хондаам “Марги судхӯр”-и Садриддин Айнӣ аст, ки бо падарам харида будем.
- Аз миёни китобҳои хондаатон панҷтоашро ба хонандагони мо тавсия диҳед.
- “Счастливый брак” - Стивен Кинг, “Мартин Иден” - Чек Лондон, “Занони сабзбаҳор” - Гулрухсор Сафиева, “Занги аввал” – Сорбон “Сулҳ” (хикоя) - Азизи Азиз.
- Ҳаст китобе, ки пас аз хонданаш пӯшаймон шуда бошед?
- Китобхонӣ барои ман мисли хӯрокхӯрӣ аст. Агар китоби “бомазза” бошад, мехоҳам тез хонда охирашро фаҳмам. То ҳол аз хондани ҳеҷ китобе пӯшаймон нашудаам.
- Чӣ кор бояд кард, ки китобхонӣ дар кишвари мо муд шавад?
- Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” худ бешубҳа аллакай китобхониро дар миёни кишрҳои мухталифи ҷомеа муд намудааст.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста