Рафтору гуфтор ва муносибати неки падару модар бо кӯдак асоси волидии мусбатро ташкил медиҳад. Зимнан ба сифатҳои беҳтарини фарзанд дар ҳаёти ҳамарӯзаи ӯ таваҷҷуҳ мешавад. Падару модар ба фарзанди худ бо муҳаббат ва дилсӯзӣ муносибат намуда, ӯро ҷазо намедиҳанд ва намезананд.
Матлаби чандрасонаии “Оила – макони меҳрубонӣ” аз видеоподкасту радиомусоҳибаи коршиносони варзида, филми тасвирӣ, наворҳои иҷтимоӣ бо назарпурсии шахсиятҳои шинохта, радиоспектакл, ҳамчунин расму суратҳои мавзӯӣ ва матни таҳлилӣ иборат аст.
Он дар нишонии интернетии зерин дастрас мебошад, ки бо кушоданаш муҳтавои ҷолибу омӯзандаро дидаву шунида ва хонда метавонед.
ОИЛА – МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ
Зарурати тарбияи кӯдакон бидуни хушунат баъд аз қабули як қатор қонунҳо, аз ҷумла, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, ҳамчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси манъи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он зимни иҷрои уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон аҳамияти бештар пайдо кардааст.
Ин матлаби чандрасонаӣ бо ҳамоҳангсозии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ташаббуси муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид «Нури рӯшноӣ» таҳия гардид.
Суратҳо аз ЮНИСЕФ-Тоҷикистон ва шахсиятҳои шинохтае, ки дар ин матлаби чандрасонаӣ зикрашон ҳаст, дастрас ва истифода шуданд.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста