Дар вилояти Суғд беш аз 100 кӯдаки гирифтори Вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) кумакпулии давлатӣ мегиранд. Дар ин бора Абдуазиз Зуҳуров, сардори Шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Абдуазиз Зуҳуров, ин кумакпӯлӣ ба олудагони ВНМО дар се моҳ як бор пардохта мешавад.

Тибқи рӯйхати пешниҳодшуда кӯдакони то 16-солае, ки бемори ВНМО ҳастанд, дар чор марҳила (квартал) ба миқдори 434 сомонӣ кумакпулӣ мегиранд. Масалан, дар марҳилаи сеюм дар умум ба 103 нафар 147 ҳазору 84 сомонӣ дода шуд.

Дар марҳила чорум маблағи беш аз 140 ҳазор сомонӣ бояд ба кӯдаки олудаи ин вирус пардохта шавад. Яъне, барои ҳар кӯдаки бемор 7 нишондиҳанда (як нишондиҳанда барои соли ҷорӣ 68) пешбинӣ шудааст.

Кӯдакони олудаи ВНМО

Абдумавлон Абдуллозода, сардори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО ба “Азия-Плюс” гуфт, дар вилояти Суғд аз соли 2001 то имрӯз 3676 нафар гирифторони  ВНМО  дар қайд гирифта шудаанд.

Аз ин теъдод 2602 нафар зинда ва 1074 нафар фавтидаанд. 178 нафар кӯдакони то 17-сола мебошанд.

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибуллоҳ Муҳиддинов дар суҳбат ба мо гуфт, нафарони гирифтори мубталои ВНМО бештар аз 30 то 49-солаанд. Роҳҳои гузариш дар 94 дарсад бо алоқаи ҷинсӣ мебошад. Айни замон 2563 нафар дар қайди маркази мубталоёни ВНМО қарор доранд.

Роҳи мубориза кадом аст?

Баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳолӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории зич байни КАТСҲО, МТТҲС, муассисаҳои тиббӣ роҳҳои асосии мубориза бо ин беморӣ аст.

Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон ташхис ва табобати ВНМО пурра ройгон ба роҳ монда шуда, шахсоне, ки ВНМО доранд, бо доруҳои ройгон таъмин карда мешаванд.

Шахсияти кӯдаки кумакгиранда тибқи қонун махфӣ аст

Тибқи қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 3-юми майи соли 2010,  №232  тартиби таъйин ва пардохти кумакпулии давлатӣ ба кӯдакони то 16-сола, ки мубталои ВНМО ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, кумакпулӣ пардохта мешавад.

Кумакпулии давлатӣ дар асоси хулосаи расмии мақомоти ваколатдор, ки тибқи муқаррароти банди 25 Тартиби азназаргузаронии тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи пешгирии онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 1-уми апрели соли 2008, №171 тасдиқ гардидааст, таъин карда мешавад.

Тибқи талаботи қарори мазкур шахсияти кӯдак махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Дар ҳолати ошкор гардидани маълумот оид ба гирандаи кумакпулии давлатӣ гумонбарон тибқи қонунгузории Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.