Бештар аз ду моҳ қабл, 31-уми августи соли 2023, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №621 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” содир шуд.
Дар ин фармон аз ҷумла гуфта мешуд, ки моҳҳои октябр-ноябри соли 2023 шаҳрвандони ҷинси марди синни даъват ба сафи артиш ҷалб карда шаванд. Муҳлати муқарраршуда ба анҷом расид, аммо мақомоти дахлдори кишвар дар бораи иҷрои нақшаи давъати ҳарбӣ хабар намедиҳанд. Ин боис шудааст, ки дар ҷомеа ҳадсу гумонҳо зиёд шаванд. Коршиносону сокинон бошанд, аз “шикор”-и ҷавонони синни даъват дар фурудгоҳ ва бозору кӯчаҳо шикоят доранд.
Мақомот хомӯшанд
Рӯзи 1-уми декабр маъракаи давъати тирамоҳии ҳарбӣ дар кишвар расман ба охир расид, аммо Вазорати дифоъ, ниҳоди масъули баргузории ин маърака, бо гузашти 5 рӯз, то ҳол дар бораи иҷроиши нақшаи даъват иттилоъ надодааст. Дар ҳоле, ки қаблан ин ниҳод дар рӯзи аввал ва ё дуввуми анҷоми маъракаи даъвати ҳарбӣ аз иҷрои нақша расман хабар медод.
Кӯшишҳои мо барои тамос бо Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифоъ бесамар анҷомид. Ӯ ба зангҳои мо посух надод.
Бори охир Вазорати дифоъ, беш аз моҳ пеш, 31-уми октябри соли 2023, дар бораи иҷрои 75 дарсади нақшаи даъват хабар нашр кард. Он замон шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъватро 80 дарсад, вилояти Хатлон 79 дарсад, вилияти Суғд 65 дарсад шаҳри Душанбе 72 дарсад иҷро карда буданд. ВМКБ дар рӯзи аввали маъракаи даъвати ҳарбӣ нақшаро 100 дарсад иҷро карда буд.
Нақша иҷро нашуд?
Дилрабо Самадова, роҳбари ташкилоти “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ки ба ҳимояи ҳуқуқи сарбозон машғул аст, мегӯяд, эълон накардани нақшаи даъвати ҳарбӣ дар кишвар танҳо як сабаб дошта метавонед, ки он ҳам иҷро нашудани он аст.
Ба ҳар сурат, ба гуфтаи Дилрабо Самадова, мақомот ҳақ надоранд натиҷаи нақшаи даъватро аз ҷомеа пинҳон нигоҳ доранд.
“Солҳои пештар қариб 5-7 рӯз пеш аз анҷоми маъракаи даъват аз иҷрои нақша хабар медоданд. Ба ғайр аз ин, ҳамасола мувофиқи ҳисоботашон нақшаро пеш аз муҳлат иҷро мекарданд. Вале солҳои охир ин масъала бо мушкилӣ иҷро мешавад. Масалан, соли 2022 баъди эълони иҷрои нақша, мо то 4-уми декабр аз шаҳрвандон муроҷиат гирифтем, ки то ҳол “облава” дар фурудгоҳҳо дида мешаванд”, - гуфт Самадова.
Номбурда афзуд, ки назар ба даъвати тирамоҳӣ, иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ осонтар аст, зеро вақти хатми донишҷӯён асту онҳоро метавон маҷбур намуд, то имтиҳонҳоро қабл аз муҳлат супорида ба хидмат раванд.
Як манбаи мо ҳам аз мақомоти қудратӣ гуфт, нақшаи даъвати ҳарбӣ ҳанӯз иҷро нашудааст ва аз ин рӯ, эълон намешавад.
Сокинон аз идомаи “облава” шикоят доранд
Дар ҳамин ҳол, бархе коршиносон ва сокинон аз идомаи ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба артиш (сарбозшикор ё облава) шикоят доранд.
Аз ҷумла, ду рӯз пеш аз анҷоми маъракаи кунунии даъват ба артиш, Шаҳзод Зафарҷон, яке аз рӯзноманигорони ҷавони тоҷик, ки чанде пеш худ аз хидмати ҳарбӣ баргаштааст, навишт, дар фосилаи чанд метр ду маротиба “луқма”-и сарбозшикорон шуд.
Ӯ дар “Фейсбук” нигаронӣ кард, ки “чанд соат қабл гурӯҳе аз ду тарафи роҳи Қараболо роҳгузаронро ба дохили давраашон медароранд ва ё назди мошин мебаранд. Мисли қафасе, ҳастанд, ки намегузоранд сайдашон аз даст равад...”.
Ин ҷавони тоҷик, тафсилоти “суҳбаташ”-ро бо чанд нафаре, ки худро муаррифӣ накарда, ҷавононро боздошт ва ба мошин мешинониданд, нақл кард. Ин нафарон худро прокурор ва аз вазорат (аз кадом вазорат маълум не) муаррифӣ карда, ҳуҷҷат ҳам нишон додаанд.
Дилрабо Самадова гуфт, ки чанд муҳоҷири корӣ аз Русия ба онҳо шикоят карданд, ки “дар фурудгоҳҳо онҳоро интизоранд ва бархеҳоро аллакай, гирифта ба хизмат бурдаанд”.
Ӯ гуфт, муҳоҷирон дар фурудгоҳҳои Кӯлоб ва Хуҷанд шоҳиди чунин амал шудаанд.
Хидмати яксола роҳи ҳал?
Дилрабо Самадова мегӯяд, дар маъракаи даъвати ҳарбии тирамоҳии имсола беш аз 800 муроҷиат оид ба даъвати ҳарбӣ қабул ва баррасӣ карданд, ки дар байни онҳо шикоят дар бораи ҷалби ғайриқонунӣ ба артиш, аз ҷумла сарбозшикор низ буд.
Ба андешаи ӯ, солҳои охир сатҳи дониши ҳуқуқии аҳолӣ оид ба сафарбар кардани фарзандонашон ба артиш баланд шудааст ва онҳо пешакӣ маслиҳат гирифта, дар маъракаҳои даъвати ҳарбӣ омодагӣ мебинанд, ҳуҷҷатҳоро омода мекунанд.
Ӯ мегӯяд, ҳарчанд “облава” сол аз сол камтар мешавад, вале намудҳои нави фишор ва қонуншиканӣ дида мешавад.
“Дар даъвати тирамоҳии соли 2023 асосан 2 намуд ҳуқуқвайронкунӣ дида мешуд: бо баҳонаи омӯзиш пеш аз муҳлат даъват кардани ҷавонони синни даъватӣ ба комиссариати ҳарбӣ ва қобили хидмати ҳарбӣ эътироф карда, даъватнома (повестка) додан ва “гаравгонгирӣ”-и волидайни ҷавонон дар бинои коммисариати ҳарбӣ ё ҷамоати деҳоту шаҳрак ва маҷбур кардани онҳо, ки фарзандонашонро аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргардона, ба артиш фиристанд”, - гуфт ин ҳомии ҳуқуқи сарбозон.
Самадова пешниҳод дорад, ки барои иҷрои саривақтии нақшаи даъвати ҳарбӣ бояд муҳлати хидматро 1-сола кард. Дар ин сурат теъдоди хоҳишмандон зиёд шуда, ҷавонон низ аз хидмати ҳарбӣ саркашӣ намекунанд.
Хадмати пулакӣ ва шеваҳои нави даъвати ҳарбӣ
Дар Тоҷикистон ҷавонони синни даъватӣ метавонанд, ки бо пардохти маблағ хидмати якмоҳаи ҳарбӣ кунанд ва соҳиби билети ҳарбӣ гарданд.
То 1-уми сентябри соли ҷорӣ маблағи он беш аз 28 ҳазор сомонӣ ё 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли ҷорӣ 68 сомонӣ) буд, вале тибқи тағйиру иловаҳои нав он акнун 51 ҳазор сомонӣ ё 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо шуд. Соли оянда он боз гарон – 54 ҳазор сомонӣ хоҳад шуд, зеро андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2024 72 сомонӣ муқаррар гардид.
Гуфтан ба маврид аст, ки мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.
Чанд соли охир дар ҷараёни маъракаи даъват аз “шева”-ҳои нав истифода мешавад. Аз “гаравгонгирии волидайн” то буридани хати барқи аҳолӣ ва бастани дари масҷидҳо.
Мақомоти масъули кишвар пайваста ба набудани “облава” таъкид мекунанд. Масъулин мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Маврид ба зикр аст, ки мақомот барои ҷалби бештари ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ имтиёзҳои гуногун, ба мисли ҷудо кардани қитъаҳои замин, додани шаҳодатномаи ронандагӣ, дар маҳалли зисти худ хидмат кардани онҳое, ки оиладоранд, ваъдаи таъмини оилаи онҳо дар давоми хидмат, пардохти маблағи шартномаи донишгоҳ ва ғайраро низ пешниҳод менамоянд. Вале маълум мешавад, ки ин имтиёзҳо вазъро тағйир надодааст.
Бояд гуфт, дар Тоҷикистон дар ду навбат - баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд.