Дар Тоҷикистон 17%-и аҳолӣ вазни зиёдатии бадан дошта, 13,6%-и онҳо аз вазни зиёди бадан азият мекашанд. Дар ин бора зимни музокироти парлумонӣ дар Маҷлиси намояндагон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ғаффор Муҳсинзода хабар дод.

Дар маълумоти нашрияи “Садои мардум”, ки матни суханронии ӯ ба чоп расидааст, зикр мешавад, ки қаблан нишондиҳандаи фарбеҳии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ дар сатҳи 11,3% қарор дошт.

Ғаффор Муҳсинзода зикр кардааст, ки  ин маълумот дар ҷараёни амалисозии «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» ошкор гардидааст.

“Дар се солу 10 моҳ нақшаи амалисозии барнома 82% иҷро гардида, ҷараёни иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барнома  таҳти назорати доимии роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ қарор дорад”, - иброз доштааст Муҳсинзода.

Дар ҳамин ҳол, Файзалӣ Аҳмадзода, муовини раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон изҳор намудааст, ки таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки татбиқи барнома дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, боиси афзоиш ёфтани фарбеҳӣ дар байни аҳолӣ, махсусан занҳо гардидааст.

Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар радабандии ҷаҳонии паҳншавии фарбеҳӣ Тоҷикистон дар мақоми 128-ум қарор дорад.

Байни давлатҳои Осиёи Марказӣ аз лиҳози сатҳи фарбеҳӣ дар радабандии World Population Review Тоҷикистон дар зинаи охирин қарор дорад: нишондиҳандаи ҷумҳурӣ 14,2%-ро ташкил медиҳад, ки камтарин миёни кишварҳои минтақа аст.

Сатҳи баландтарини фарбеҳӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон сабт шудааст: 21%-и аҳолии калонсол. Ин нишондиҳанда дар Туркманистон 18,6%, Қирғизистон ва Ӯзбекистон - 16,6%-иро ташкил медиҳад.

Сурат аз parasels.ru

Ёдрас мекунем, ки соли 2019 дар Тоҷикистон «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024»  қабул шуд. Пеш аз қабули он масъалаи вазни зиёдатии шаҳрвандон дар ҷаласаи ҳукумат баррасӣ шуда, собиқ вазири тандурустии ҷумҳурӣ Насим Олимзода зикр кард, ки ин мушкилот “таваҷҷуҳи ҷиддӣ” мехоҳад. Дар ҳамин ҷаласа президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои пешгирӣ ва табобати фарбеҳӣ дар доираи «Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024» тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

Тибқи маълумоти коршиносони соҳа, фарбеҳӣ ба бемориҳое чун диабет, нуқсонҳои кори дил, баъзе навҳои бемории саратон ва сакта (инсулт) боис шуда метавонад.

Имрӯз беш аз ҳарвақта дар таърих қисми зиёди одамон вазни зиёдатӣ доранд ё хеле фарбеҳанд. Тибқи ҳисобҳои охирини Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷаҳон зиёда аз 1 млрд нафар одамон вазни зиёдатӣ доранд.

Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки ин мушкилот сарфи назар аз мансубияти иҷтимоӣ ва касбӣ, минтақаи истиқомат, синну сол ва ҷинс муҳиму рӯзмарра аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.