Бобои Ҳусейн, ронандаи микроавтобуси мусофирбар дар Душанбе, ҳамаро ба ҳайрат овардааст. Ин ҳам бошад бо муносибату суханони нарму ширин ва тарзи дурусти рондани нақлиёт.
Дар пасманзари бадрафториву дағалии аксари ронандаҳо ин як чизи ғайриодиву фавқулода менамояд. Ва инро ба зудӣ мусофирони хатсайри №16 дарк карданд, ки дар он Ҳусейн Давлатов 4 моҳ мешавад, ки фаъолият мекунад.
Чӣ ӯро водор кардааст, то аз дигарон фарқ кунад ва сарфи назар аз муносибати сарди аксари мусофирон инқадар меҳрубонӣ нишон диҳад? Чӣ тавр ӯ асаби худро ором нигоҳ медорад? Ва аз куҷо ҳамарӯза неру мегирад? Ҳама сиру асрори ӯ - дар гузориши мо!