Ҷеффери ва Бетани Диллонҳо наздики 20 сол мешавад, ки аз Австролиё ба Тоҷикистон омаданд ва ноҳияи Зафарободро барои кору зиндагӣ ихтиёр карданд. Нафароне, ки ин оиларо мешиносанд онҳоро Ҷамшед ва Бунафша ном мебаранд.
Ҷеффери ва Бетани соҳиби 7 фарзанд буда, забони тоҷикиро омӯхтаанд. Либоси миллии тоҷикиро ба бар мекунанд ва урфу одатҳои тоҷиконро низ медонанд. Ба қавле, онҳо тоҷикона зиндагӣ доранд.
Назар ако ва ҳамсараш Иззатой солҳост, ки бо ин оилаи австролиёгӣ дӯстӣ доранд. Назар ако бо Ҷамшед фермаи бузпарвариро ташкил намуданд ва инак солҳост, ки якҷо фаъолият мекунанд.
Онҳо дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекунанд ва ғамшарику шодишарики ҳамдигаранд.
“Ҷеффери ва Бетани барои ман мисли додару келин ҳастанд. Онҳо дили софу назари нек доранд ва меҳрубону ҳалиманд. Давоми чандин соле, ки ин ҷо бо мо зиндагӣ мекунанд, боре ҳам ёд надорам, ки нисбат ба каси дигар бадгӯйӣ карда бошанд. Бетони бо ҳамсари ман ҳамеша якҷо ҳастанд бо маслиҳату кӯмаки ҳамдигар амал мекунанд. Ҳарду ҳам дар маъракаҳои хурсандиву мотам либоси мувофиқ пӯшида, иштирок мекунанд. Хурсандиовар аст, ки нисбат ба миллат ва ватани мо эҳтироми хоса доранд, забони моро медонанд”, - мегӯяд Назар ако.
Ӯ ба ёд меорад, ки соли аввали ба Зафаробод омадан, ба Ҷеффери гуфтааст, ки “ба стул шинед” ва шаҳрванди Австролиё посух додааст, ки “ин миз аст”.
“Ҳарчанд онҳо дини дигар доранд, вале нисбат ба дини мо эҳтиром мегузоранд. Масалан, дар идҳои шарифи Қурбон ва Рамазон иштирок мекунанд ва ҳатто ба ҷанозаи ҳамдеҳагон мераванд. Агар нафари фавтида аз наздикони мо бошад, чун анъана Ҷеффери ҷомаву тоқӣ пӯшида миёнашро мебандад. Бетани низ либоси азодорӣ ба бар карда дар мотам иштирок мекунад”, - мегӯяд Назар ако.
Джеффри мегӯяд, барояш қавму эътиқоди одам муҳим нест, балки соҳиби дили бузург ва поксиришт будани ӯ муҳим аст.
“Акои Назар яке аз чунин инсонҳо ҳастанд, ки мо бо он кас дӯстона кору зиндагӣ мекунем. Тоҷикистон ба ман ва оилаи ман бисёр маъқул аст. Фикр мекунам, манзараҳо ва боду ҳавояш шояд мисли биҳишт бошад. Дар Австралиё қариб, ки ҳамсояро намешиносед, ҳар нафар аз паи кори худ аст. Аммо дар Тоҷикистон инсонҳо бо ҳам меҳрубонанд. Новобаста аз он, ки ӯ хориҷӣ аст ё ҳамшаҳрӣ, дӯстона муносибат мекунанд. Шахсан ман ба хотири пул ёфтан ба ин ҷо наомадаам, балки барои зиндагӣ кардан ва рушд додани ҳунарам омадам, то ба дигарон омӯзонам ва бо онҳо дӯстона зиндагӣ кунам”, - мегӯяд Ҷеффери.
Ӯ таъкид мекунад, ки кӯшиш дорад, кори ферма ва сехи маҳсулоти ширӣ боз ҳам хубтару беҳтар пеш раваду мардони Зафаробод ба муҳоҷират нарафта, ҳамин ҷо кор кунанд ва занҳо низ ба ҷои кори доимӣ таъмин гарданд.
Бетани аз дӯстии худ бо ин оилаи тоҷик, ки сабаби пеш рафтани фаъолияташон дар Зафаробод шудаанд, бениҳоят шод аст. Ӯ мегӯяд, агар Иззатой роҳнамоӣ намекард, шояд то ин рӯз намерасид.
“Агар гӯям, ки мо ҳарду хоҳару апа шудаем хато намекунам. Ман бисёр хурсандам, ки шавҳарони мо кори муштарак оғоз карданду мо мисли хеши наздик шудем ва ду оила якҷо кору зиндагӣ дорем. Бо ҳамдигар хурсандӣ мекунем, дар мушкилиҳо ҳамдигарро дастгирӣ мекунем, якҷоя ба маъракаҳои ҳамсояву шиносҳо меравем ва фарзандони мову набераҳои онҳо якҷоя тарбия меёбанд. Дар кори ташкилотамон, ки маҳсулоти ширӣ истеҳсол мекунем якҷоя ба занону духтарон тайёр намудани ҳар гуна маҳсулотро меомӯзонем”, - зикр мекунад Бетони.
Ӯ таъкид мекунад, ки дар шаҳрҳои давлатҳои дигар будааст, аммо меҳмондустии ҳақиқиро дар Тоҷикистон дидааст.
“Чанд сол қабл барои аз худ кардани як намуди панир ба Ҳолланд рафтам ва маро як оилаи калонсол қабул кард. Вақте хӯроки нисфирӯзӣ расид онҳо ба ошхонаашон ворид шуданд, ман низ ҳамроҳашон рафтам. Аммо дидам, ки ҳарду хӯрок мехӯрданду ба назди ман ягон хӯрданӣ нагузоштанд. Ин барои онҳо як чизи маъмулӣ буд. Вале ман, ки дар Тоҷикистон ба меҳмоннавозиву дастархони пур одат кардаам, ин рафторашон хеле сахт расид”, - ба ёд меорад Бетони.
Иззатой низ солҳои аввали шиносоиашро бо Бунафша ба ёд оварда, мегӯяд, ки пештар дар дигар деҳа зиндагӣ мекарданд ва ба хотири пешбурди кор ба назди ин оилаи австралиёгӣ кӯч бастаанд.
“Аввалин бор вақте ба назди онҳо омадам, хеле шарм медоштам ва фикр мекардам, ки назди ин нафарони хориҷӣ, ки аз расму оини мо дуранд, чӣ гуна зиндагӣ мекунам, оё ҳамдигарро мефаҳмида бошем.... вале дидам, ки Бетони ва ҳатто фарзандонаш аллакай ҳама одатҳои моро медонистанд”, - иброз медорад Иззатой.
Ба қавли Бетони, вақте инсон нисбат ба нафари дигар меҳру муҳаббати самимӣ пайдо мекунад ва дӯсти содиқ мегардад, ҳеҷ чиз наметавонад садди роҳ шавад. Ӯ бар он бовар аст, ки миллату нажод, тарзи зиндагӣ, забон ва гуногунии дину мазҳаб ҳеҷ гоҳ сарҳади дустиро шикаста наметавонад. Муҳим ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулпазирӣ аст.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста