Дар Фестивали ҷавонон дар Русия 270 нафар аз Тоҷикистон, аз ҷумла блогерон, овозхонҳо ва варзишгарон иштирок мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, миёни иштирокчиён ҳамчунин 30 нафар кӯдакон ҳам ҳузур доранд.
“Номзадҳо тариқи озмуни махсуси онлайн интихоб шуда, дар натиҷа барои иштирок дар ин чорабинӣ зиёда аз 2,8 ҳазор нафар худро ба қайд гузоштанд”, - иброз дошт манбаъ.
Сафари ҳайати Тоҷикистон рӯзҳои 28 ва 29 феврал ба нақша гирифта шудааст. Фестивал аз 1 то 7 март баргузор мешавад.
Дар Фестивал зиёда аз 20 ҳазор ҷавонони пешсафу муваффақ дар соҳаи тиҷорату расонаҳо, илму маориф, варзиш ва ғайра гирдиҳам меоянд.
Ҳадафи Фестивал дарёфти роҳҳои ҳамдигарфаҳмӣ сарфи назар аз миллату андешаҳои сиёсӣ ва махсусиятҳои фарҳангӣ унвон шудааст.
“Фестивал як таҳкурсие барои дӯстӣ ва ғанисозии мутақобилаи фарҳангӣ, инчунин расму оинҳои халқҳои гуногун хоҳад шуд”, - зикр карданд дар Кумита.
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Рашт. Аз ифтитоҳи чанд бино то нигаронӣ аз вазъи маорифу тандурустӣ
Ғалабаҳои аввалини намояндагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот-2024
Пешниҳоди таъсиси “Маркази омӯзиши маорифи Мовароуннаҳр” дар Тоҷикистон
Президент гуфт, мукофотпулии озмунҳо 100% зиёд шавад. Маблағи озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ қадар мешавад?
Душанбе чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасонро пазироӣ мекунад
Қариб 600 нафарро дар Суғд барои ифлос кардани ҳаво ҷазо додаанд
Дар Истаравшан аввалин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ “Озар” мегузарад
Ҳамла бо корд ба муфтии Тоҷикистон дар назди масҷиди марказии Душанбе
Чаро мардон бештар худкушӣ мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста