Моҳи марти соли равон шаҳрвандони Тоҷикистон бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва идҳо - Рӯзи модар ва ҷашни Наврӯз 15 рӯз истироҳат мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Мувофиқи меъёрҳои қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар санаи иди расмӣ, ки дар он рӯзи истироҳат эълон шудааст, ба рӯзҳои истироҳат - шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи дигари корӣ ҳам рӯзи истироҳат мешавад.
Дар ҷашни Наврӯз рӯзҳои истироҳат 21, 22, 23 ва 24 март муқаррар шудааст. Чун рӯзҳои 23 ва 24 март ба шанбе ва якшанбе рост меоянд, сокинони Тоҷикистон пайиҳам боз рӯзҳои 25-26 март низ истироҳат мекунанд.
Ба ин тариқ, бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва идҳо барои сокинони ҷумҳурӣ дар моҳи март рӯзҳои зерин истироҳат аст: 2,3, 8,9,10, 16,17, 21,22,23,24,25,26, 30,31.