Дирӯз, 23-юми апрел, дар қаҳвахонаи иҷтимоии “Чатр” ба таври расмӣ “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” оғоз шуд, ки он то 27-уми апрел идома мекунад. Ҳадафи он баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ оид ба соҳибкории иҷтимоӣ аст.
Дар чорабинӣ Хуршеда Қодир, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Тим Ҷонс, сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон, Амирбек Саидбеков, роҳбари барномаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат карданд.
Дар доираи ҳафтаи соҳибкорӣ дар давоми панҷ рӯз ҷонибҳои манфиатдор аз ҷумла, намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, соҳибкорон ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо истифода аз семинар, лексияҳои оммавӣ, барномаҳои телевизионӣ, муколама ва баргузории конфронс метавонанд имкониятҳо ва монеаҳои рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кунанд.
Дар навбати худ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба соҳибкории иҷтимоӣ машғуланд, имкон пайдо мекунанд, ки лоиҳаҳо ва маҳсулоти худро ба сармоягузорон ва шарикони эҳтимолӣ муаррифӣ намоянд.
Гуфта шуд, ки соҳибкории иҷтимоӣ як роҳи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ тавассути тиҷорат буда, агарчи ҳадаф аз ҳама гуна тиҷорат даромад ба даст овардан аст, вале соҳибкории иҷтимоӣ бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа нигаронида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар кишвар дар робита ба соҳибкории иҷтимоӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тҷикистон “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” омода шудаааст ва ба иттилои вакилони парлумон он эҳтимол охири соли равон қабул ва заминаи қонунӣ дар ин самт шавад.
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста