Дирӯз, 4-уми май, дар Душанбе мебоист намоишномаи “Ҷанг”-и Театри давлатии миллии тамошобинони навраси Озарбойҷон намоиш дода мешуд, вале он баргузор нашуд ва масъулин ҳам ҳаводорони театрро дар ин бора огоҳ накарданд.

Тибқи барномаи ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз”, ки аз сӯи Вазорати фарҳанг тасдиқ шуда буд, ин намоишнома бояд соати 17:30 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов рӯи саҳна меомад.

Дар ин соат ҳаводорони зиёде назди бинои театр ҷамъ омаданд, аммо дари театр баста буд. Масъулини театр низ ҳозир набуданд, то далели бекор шудани намоишро шарҳ диҳанд. Ҳозирин шиква карданд, ки қаблан дар бораи бекор шудани намоишнома дар ягон ҷо эълон ва ё огоҳие набуд.

Аз театри ҷавонон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ҳунармандони театри Озарбойҷон ба Душанбе наомадаанд ва аз ин рӯ, наомишнома баргузор нашуд.

“Бояд меомаданд, аммо саҳари ҳамон рӯз маълум карданд, ки намеоянд. Аммо эълон ҳама ҷо паҳн шуда буд”, - гуфт як масъули ин театр бидуни зикри номаш.

Дар ҳамин ҳол, Қамариддин Мирзоев, як масъули баргузории ҷашнвораи мазкур рӯзи 5-уми май ба "Азия-Плюс" гуфт, ҳунармандони Театри Озарбойҷон дар доираи рӯзҳои фарҳангии ин кишвар, ки рӯзи 18-уми май оғоз мешавад, ба Душанбе меоянд ва ин намоишнома дар доираи ин рӯзҳо ба ба саҳна гузошта мешавад.

1/2

Ӯ гуфт, баргузор нашудани намоишномаро пешакӣ расонаӣ карда буданд, аммо нагуфт, ки дар куҷо. Мо низ аз сомонаву саҳифаи вазорат ва театр ҷиҳати барпо нашудани намоиш иттилое пайдо накардем.

Аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳозир нашуданд, ки ин масъаларо шарҳ диҳанд. Кӯшишҳои мо барои дарёфти иттилоъ аз ниҳод бенатиҷа анҷомид.

Ёдрас мешавем, ки қаблан вазорати фарҳанг хабар дода буд, ки ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз” бо иштироки театрҳои 6 кишвар -Арманистон, Озарбойҷон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Эрон баргнузор мешавад. Ҳоло маълум мешавад, ки Озорбойҷон дар ин ҷашнвора ширкат намекунад.

Зимнан, дирӯз, соати 10:00 дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ намоишномаи “Тазавр” аз ҷониби ҳунармандони театри давлатӣ-драмавии шаҳри Гории Арманистон ба саҳна гузошта шуд.

Рӯзҳои якум ва дуюми ҷашнвора кадом намоишномаҳо манзури бинандагони театр гардид, дар ин пайвандҳо мутолиа кунед.

Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” аз соли 1990 то соли 2011 баргузор мегардид ва пас аз ин барҳам хӯрда буд. Акнун он дубора эҳё шуд ва имсол аз 1 то 6-уми май дар Душанбе мегузарад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.