Боз кардани парвандаи ҷиноятӣ бар зидди омӯзгор, ки барои шаппотӣ задани хонандаи синфи 11 муттаҳам аст, миёни ҷомеа баҳсбарангез шуд. Аксари фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз омӯзгор ҷонибдорӣ мекунанду мегӯянд, ки ин ноодилона аст. Қонун “Дар бораи маориф” чӣ мегӯяд?
Ҷараёни ҳодиса
Рӯзи 6-уми сентябр дар мактаби №4-и деҳаи Боҳтурободи шаҳри Левакант воқеае рух дод, ки баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси доманадорро барангехт. Бахши маорифи шаҳри Левакант дар вокуниши расмии худ эълон кард, ки омӯзгор Фарҳод Назаров баъди “рафтори номуносиб ва гапгардонӣ”-и хонандаи синфи 11 Меҳмед Бозоров “худро идора карда натониста, ба рӯйи хонанда як шаппотӣ задааст”.
Ба навиштаи бахши маориф, хонанда баъди ин воқеа барои пуштибонӣ амакаш Бозоров Ҷамолро ба мактаб даъват кард ва баъди нақли ҳодиса, аз ҳуш рафт. Амаки хонанда, ки худ корманди тиб будааст, ҳолати аз ҳуш рафтаи дидарзодаашро ба навор гирифта, дар шабакаҳо паҳн намуд.
Худи Меҳмед Бозоров ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мехост дар вақти танаффус барои қалам равад ва сухани омӯзгорро нашунида, дари синфхонаро пӯшид. Ба гуфтаи ӯ, омӯзгор “дар пушти гарданаш зарбаи сангин” зад ва “мағзи сараш осеб дида, 15 рӯз дар беморхона бистарӣ буд”.
Вале бахши маорифи ин шаҳр таъкид мекунад, ки натиҷаҳои таҳлилгоҳи марказии вилоятии “Акси шифо” нишон доданд, хонанда “ягон осеби ҷиддӣ надорад ва сари ӯ пурра сиҳату саломат аст”.
Ба гуфтаи масъулини маориф, Меҳмед Бозоров 6 рӯз дар беморхона бистарӣ буд ва табибон вазъи ӯро хуб арзёбӣ карда, рухсат доданд. Вале модараш ба гуфтаҳои табибон бовар накарда, талаб намуд, ки писараш пурра табобат карда шавад ва хонанда боз 7 рӯзи дигар бистарӣ монд.
Аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки волидони Меҳмед Бозоров ба Додситонии шаҳри Левакант шикоят кардаанд ва ин ниҳод бар зидди омӯзгор бо моддаи 174-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ” парвандаи ҷиноятӣ боз карданд.
"Мо ин масъаларо пайгирӣ дорем, бо омӯзгор, хонанда ва ҳамсинфони ӯ гуфтугӯ кардем. Маълум шуд, ки Меҳмед Бозоров натанҳо ба ҳарфҳои омӯзгор гӯш надодааст, ҳатто ӯро таҳқир кардааст. Барои ин омӯзгор хонандаро як шаппотӣ задааст. Аммо хонанда баъди як соат аз ҳуш рафтааст”, - гуфтанд аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон.
Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳам ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки Фарҳод Назаров омӯзгори ҷавон аст ва ӯ набояд ба хушунат роҳ медод, вале хонанда ҳам беэҳтиромӣ кардааст, яъне “гуноҳ аз ду ҷониб аст”.
Назари Фарҳод Назаров ва Меҳмед Бозоров дар ин қазия барои "Азия-Плюс" дастрас нест.
“Муаллимро ҳимоят кунед, ҷазо надиҳед!”
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар зери ду хабари “Азия-Плюс” аксарияти корбарон аз омӯзгор ҷонибдорӣ карда, мегӯянд, ки агар ӯ ҷазо гирад, дигар касе дар мактаб кор намекунад. Дар байни шарҳгузорон омӯзгорон, рӯзноманигорон, шоирон ва волидон ҳастанд, ки аксаран кирдори хонанда ва пайвандони варо нодуруст номидаанд.
Аз ҷумла, шоираи тоҷик Шаҳрия Аҳтамзод навиштааст, ки “ҳаққи устод аз падар беш аст, ҳамин суханро фаромӯш накунед, ин бачаҳои ҳозиразамон ба ҳама амалҳои номатлуб қодиранд, устод беҳуда хонандаро намеранҷонад. Ин муаллим хонавода доштагист, айб аст, писари гапношунаватон сиҳату саломат аст. Илтимос устодро бубахшед”.
Аҳмад Каримов, омӯзгори дигар навиштааст, “раванди дарс чизи содае нест, ки як ё ду бетарбия онро вайрон кунанд ва санг боз ба сари омӯзгор шиканад”. Ба ақидаи ӯ, агар ҳамин хел рафтан гирад, мактаб бе омӯзгор мемонад, ки оқибати нохуб дорад.
Зокирҷон Назаров, ки худро ҳамкурси Фарҳод Назаров муаррифӣ кардааст, навиштааст, ки Фарҳод ҷавони соҳибкасб ва босавод аст, забони англисиро хело хуб медонад ва қариб 9 сол аст, ки ба фарзандони деҳаи Боҳтуробод дарс мегӯяд.
“Ӯ баъди як соат аз ҳуш рафтааст. Шояд худашро "самовнушение" кардааст. Маҳз бо шарофати сиёсати сахтгиронаи омӯзгор санг ба дурру гавҳар мубаддал мегардад. Баъди ин ҳодиса ин омӯзгор боз дар соҳаи маориф кор мекарда бошад ё на, зери суол мемонад”, - менависад Назаров.
Вай таъкид мекунад, агар нахоҳем, ки теъдоди норасоии кадрӣ зиёд шавад, аз ҷазо додани омӯзгор бояд пешгирӣ шавад. Ба андешаи ӯ, ин ҷазо натанҳо ба ояндаи касбии Фарҳод Назаров, балки ба фаъолияти дигар омӯзгорон ҳам таъсири манфӣ мерасонад.
Ҳуриниссо Ализода, рӯзноманигори тоҷик навиштааст, “ин бачаро ба факултаи актёрӣ баранд. Волидонашро барои бетарбиягии писарашон парванда кушоянд. Амаки “режисёр”-ашро барои саҳнаи беҳушии ҷиянашро ташкил кардану навор намуда ба шабакаҳо паҳн кардан, бо тақаллуб бачаро дар беморхона хобондан ва дахолат кардан ба кори мактаб ҷарима ё парванда кунанд. Ба муаллим танбеҳ эълон кунанд”.
“Омӯзгор маблағи “табобат”-и ин писаракро дода, аллакай, бе қарори суд ҷазои моддӣ гирифтааст. Дигар ӯро набояд барои як иштибоҳ ду бор ҷазо диҳанд”, - гуфтааст рӯзноманигор.
Ӯ таъкид кардааст, ки “волидон ва талаба дар линейкаи мактабӣ аз омӯзгор пеши чашми ҳама узр пурсанд, то шаъну шарафи муаллим латмадор нагардад”.
Аксари падару модарон ҳам дар шарҳҳо аз омӯзгор ҷонибдорӣ карда, ҳамзамон ёдовар шудаанд, ки солҳои қабл омӯзгорон онҳоро чунин ҷазоҳо медоданд, вале касе шикоят намекард.
Бо шаппотӣ тарбия наметавон кард
Бархе корбарони дигар бошанд, “шаппотии задан”-и омӯзгорро маҳкум карда, гуфтаанд, ки “задан роҳи тарбият нест”. Ҳамзамон барои омӯзгор парвандаи ҷиноятӣ боз карданро ҳам “роҳи ҳал” надонистаанд.
Бояд гуфт, ки чанд сол боз норасоии кадрӣ дар соҳаи маориф мушкилии ҷиддӣ шудааст, аз ҷумла ҳоло дар мактабҳои Тоҷикистон дастикам 2 ҳазору 600 омӯзгор намерасад.
Қонун чӣ мегӯяд?
Қонун “Дар бораи маориф” дар ин масъала аз як тараф ҳуқуқи омӯзгоронро ҳифз, аз тарафи дигар истифодаи зӯровариро ҳам манъ мекунад.
Дар қисми 3-юми моддаи 25-и Қонуни мазкур омадааст, ки дар муассисаҳои таълимӣ раванди таълиму тарбия дар асоси эҳтироми тарафайн миёни таълимгирандагон, омӯзгорон ва дигар кормандон амалӣ карда мешавад.
“Дар муносибат бо таълимгирандагон истифодаи усулҳои зӯроварии ҷисмонӣ ва таъсири равонӣ манъ аст”, - омадааст дар банди мазкури Қонун.
Аммо ҳамин қонун шаъну шарафи омӯзгорро низ ҳифз мекунад. Қисми 1-уми моддаи 50 ба омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ҳуқуқ медиҳад, ки шаъну шарафи касбии худро ҳифз намоянд.
Дар қисми 1-уми моддаи 52-и ин қонун таъкид шудааст, ки “шаъну шарафи омӯзгор таҳти муҳофизати давлат қарор дорад”.
Ҳоло қазия зери тафтишоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад.
Бояд гуфт, ки ҷангу даъвои омӯзгору хонанда дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад. Танҳо дар соли гузашта се қазияи даъво дар мактабҳо – яке дар шаҳри Бохтар ва ду ҳолати дигар дар ноҳияи Ховалинг расонаӣ гашта буд.
Дар латукӯб дар мактабҳои кишвар кӣ гунаҳкор аст: омӯзгор, хонанда ё волидон? Дар ин матлаб ба ин савол посух ҷӯед.







Эмомалӣ Раҳмон: “Бовар дорам, ки кормандони милитсия ба савганди худ ҳамеша содиқ мемонанд”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 ноябри соли 2025
Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
“Муаллими пиёда”. Қиссаи омӯзгоре, ки барои дарсгӯӣ 5 километр роҳро пиёда тай мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 ноябри соли 2025
Гулҷаҳон Бобосодиқова: “Ҳоло вақти хонашинӣ нарасидааст”
Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории домоду арӯс
Парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Самарқанд пурра бекор шудаааст
Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузории худро дар нишасти тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва ИМА муаррифӣ кард
Ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷа, таваҷҷуҳ ба зеҳни сунъӣ ва “либоси номувофиқ”. Ректорҳои навтаъин чӣ нақшаҳо доранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста