Роҳбари дафтари матбуоти Департаменти давлатии ИМА Хезер Науэрт итминон дод, ки Кохи сафед дар тафтиши ҳолатҳои ҳамла ба гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон кумак мекунад.
“Ҳукумати ИМА ба ҳуқумати Тоҷикистон, ки тафтишот зери назораташ аст, дар ин кор кумаку мусоидат менамояд”, - изҳор доштааст намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ИМА. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, ӯ илова намудааст, ки Вашингтон алҳол тасдиқ карда наметавонад, ки масъулияти ин ҳамла дарвоқеъ ҳам ба дӯши гурӯҳи террористии Давлати исломӣ аст.
“Айни замон мо тасдиқ карда наметавонем, ки кӣ барои ин ҳамла масъул аст”, - қайд кардааст Науэрт.
Ба гуфтаи ӯ, ҳукуматдорони Тоҷикистон ҳам дар тафтиши ҳодиса бо Департаменти давлатӣ ҳамкорӣ доранд.
Науэрт ҳамчунин гуфтааст, Вазорати корҳои хориҷии ИМА алҳол ба шаҳрвандонаш тавсия надодааст, ки аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Эрон, ки ВКД Тоҷикистон дар бораи даст доштанаш дар ин ҳодиса изҳори назар карда буд, ин гуфтаҳоро рад намуда, ҳодисаро қотеъона маҳкум менамояд. Дар ин бора рӯзи сешанбе намоянаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Эрон Баҳром Қосимӣ иттилоъ дод, хабар медиҳад агентии Tasnim.
“Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳама гуна ҳолати даст доштан ба ин ҳодиса ва мавҷудияти пойгоҳҳои таълимии низомии тахрибиро дар қаламрави худ қотеъона рад мекунад. Мо қотеъона ҳодисаи рухдодаро маҳкум намуда, ба мусоидат ба ҷониби Тоҷикистон дар тафтиши ҳодиса омодаем”, - гуфтааст ӯ.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста