Девони вазирони Украина қарор кард, ки фаъолияти се созишномаи ҳамкориҳои иқтисодии ин кишвар дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бекор карда шавад.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, инҳо қарордоди табодули байнидавлатии маълумоти иқтисодӣ, қарордоди табодули маълумот дар бахши иқтисоди хориҷӣ ва қарордоди ҳамкорӣ дар бахши фаъолиятҳои марбут ба иқтисоди хориҷӣ ҳастанд.
Гуфта мешавад, ду санади аввал солҳои 1992 ва 1993 дар Минск ва Москва имзо шудаанд. Созишномаи севум дар бораи ҳамкорӣ дар бахши иқтисоди хориҷӣ 15-уми майи соли 1992 дар Тошканд ба имзо расидааст.
Бино ба қарори ҳукумати Украина, Вазорати умури хориҷии ин кишвар бояд дар кӯтоҳтарин фурсат кумитаи иҷроияи кишварҳои ИДМ-ро аз қатъи фаъолияти қарордодҳои номбурда огоҳ кунад.
Зикр мегардад, ки моҳи декабри соли 2018 дар Украина қонун дар бораи манъи созишномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Русия, ки соли 1997 имзо шуда буд, ба иҷро даромад. Президенти Украина Петр Порошенко ин қарорро "танҳо як бахши стратегияи Киев барои шикастани гузаштаи истеъморӣ" унвон кард.
Репатриант – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста