Масъулини вазорати маорифи “Толибон” баста шудани мактабҳои духтаронаро ба мушкилоти барномаҳои таълимӣ дар ин мактабҳо рабт додаанд.
Тавре “Тулӯънюз” бо такя ба Саид Аҳмад Шаҳидхайл, муовини вазири маорифи “Толибон” навиштааст, тасмим дар бораи бастани мактабҳои духтарона на танҳо ба Вазорати маориф, балки ба сиёсати Амороти Исломӣ дар заминаи ифтитоҳи мактабҳои духтарона дар асоси меъёрҳои исломӣ рабт дорад.
«Дар партави Қуръон ва суннат мактабҳо боз мешаванд. Бояд ба Имороти Исломӣ вақт бидиҳанд. Мактабҳо боз хоҳанд шуд”, - гуфтааст Саид Аҳмад Шаҳидхайл.
Вай афзудааст, ки дар назар доранд, омӯзиши ахлоқ, эътиқод, зиндагии хонаводагӣ, тарбияи фарзанд ва парвариши фарзандро ба барномаи таълимии духтарон ворид кунанд ва баъди ин, мактабҳо барои духтарони донишҷӯ аз бидуни фишори берунӣ ва дар чаҳорчӯби шариати исломӣ боз хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол чанде пеш Нуруллоҳ Мунир, сарпарасти вазорати маорифи "Толибон" дар вилояти Хуст гуфта буд, ки мактабҳои духтарона ба иллати маҳдудиятҳои фарҳангӣ баста ҳастанд.
Ин намояндаи вазорати маорифи “Толибон” ба хабарнигорон гуфтааст, ки Амороти Исломӣ кушиш мекунад, ки барои дур сохтани ин мушкил дар тамоми бахшҳои Афғонистон мактабҳоро барои духтарон бозкушоӣ кунад.
"Мардум бо таълими духтарон на, балки бо берун шудани духтаронашон аз хона ҳассосият доранд ва фарҳанги афғон дар ин қисмат сахт ҳассос аст ва ба шумо беҳтар маълум аст, ки Имороти Исломӣ кӯшиш мекунад, ки бо мардум ба як мувофиқа бирасад ва ин пуруса бахайр оғоз гардад", - гуфтааст Нуруллоҳ Мунир.
Сарпарасти вазорати маорифи гурӯҳи “Толибон” гузоришҳо дар бораи ин ки мактабҳои духтарона ба хотири тағйири нисоби омӯзишӣ бозкушоӣ нашудаанд, рад кардааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон мактабҳо аз моҳи августи соли 2021, баъди ба қудрат расидани “Толибон” баста шудаанд. Дар моҳи сентябр машғулиятҳо танҳо барои писарон аз нав оғоз шуданд. Баъд хабар расид, ки дар соли нави хониш духтарон боз ба хондан иҷозат дода мешаванд.
Бо вуҷуди ин, дар моҳи марти соли 2022, духтарони синфи 6 ва боло аз он аз таҳсил боздошта шуданд. “Толибон” бо баҳонаи зарурати эҷоди барномаи таълимӣ бар асоси қонунҳои исломӣ ва суннатҳои маҳаллӣ ақидаи худро дар мавриди боз кардани мактабҳо барои духтарон дигар кардаанд.
Дар посух ба баста шудани мактабҳо, Бонки Ҷаҳонӣ чаҳор тарҳи 600 миллион долларӣ дар Афғонистонро мутаваққиф кард. Ҳамчунин маълум шуд, ки “Толибон” аз Русия тақозо кардаанд, ки ба донишҷӯдухтарон аз Афғонистон квота барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия дода нашавад.
Ҳамчунин, дар замони роҳбарии Толибон вазъияти эҳтироми ҳуқуқи занон дар ин кишвар хеле бад шуд. Занони афғон муваззаф шуданд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бурқа пӯшанд ва дастур дода шуд, ки “дар хона бимонанд” магар он ки онҳо дар берун аз хона кори муҳиме надошта бошанд. Ба занон аз кор кардан дар вазифаҳое, ки мардон онҳоро ишғол мекунанд ва машғул шудан ба варзиш манъ карда шуданд.
Илова бар ин, ба занони афғон аз парвоз дар ҳавопаймо ва сафар дар нақлиёти ҷамъиятӣ бидуни ҳамроҳии мардон манъ карда шуд. Моҳи июни соли 2022 “Толибон” фармоне содир карданд, ки ба занон иҷозаи муҷозоти судӣ алайҳи мардонро манъ карданд. Ба навиштаи расонаҳо, аллакай тақрибан даҳ зани маҳаллӣ барои хушунати хонаводагӣ алайҳи шавҳаронашон ба додгоҳи маҳаллӣ шикоят бурдаанд, аммо шикояти онҳо баррасӣ нашудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста