Субҳи имрӯз, 30-юми сентябр, дар омӯзишгоҳи Коҷи шаҳри Кобул таркиши шадид рух дод, ки бар асари он тибқи иттилои аввалия 19 нафар кушта ва 27 нафар захмӣ шуданд. Холид Зидрон, сухангӯи фармондеҳии амнияи Толибон дар Кобул бо тасдиқи ин хабар ба расонаҳо гуфтааст, ки таҳқиқ ҳоло идома дорад ва омор метавонад тағйир ёбад.
Дар хусуси омилони таркиш иттилое дастрас нест ва ҳеҷ гуруҳе ҳам масъулияти онро ба зимма нагирифтааст.
Ин дуюмин таркиши пурқурбонӣ давоми моҳи сентябр дар Кобул ва сеюмин инфиҷор дар Афғонистон аст, ки куштаву захмиёни зиёд бар ҷой гузошт.
Қаблан, 2-юми сентябр, дар пайи таркиши шадид дар масҷиди шаҳри Ҳирот яке аз мубаллиғони Толибон Мавлавӣ Муҷибурраҳмон Ансорӣ, ки имоматии намозро ба зимма дошт, кушта шуд.
Баъдан, 5-уми сентябр, дар назди сафорати Русия дар шаҳри Кобул таркиш рух дод, ки дар натиҷаи он наздики 20 нафар кушта ва захмӣ шудаанд. Аз ҷумла, ду нафар корманди сафорати Русия дар Кобул низ қурбон шуданд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз ғасби қудрат аз ҷониби Толибон дар Афғонистон, таъмини амният яке аз ваъдаҳои ин гуруҳ буд, ки ба мардуми ин кишвар ва ҷомеаи ҷаҳон дода буд.
Чанд рӯз пас аз ваъдаи Толибон, фурудгоҳи Кобул тарконида шуд ва тавре мушоҳида мешавад, инфиҷору амалҳои террористӣ ҳамоно дар Афғонистон идома доранд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста