Намояндаи Толибон* барои иштирок дар нишасти дабирони шӯрои амнияти миллии кишварҳои минтақа, ки ҳафтаи оянда дар Маскав оид ба вазъи Афғонистон баргузор мешавад, даъват нашудааст.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, ба Тулӯънюз гуфтааст, ки умедвор аст то дар ин нишаст дар бораи ба расмият шинохтани ҳукумати сарпараст гуфтугӯ шавад.
Ба иттилои манбаъ, сухангӯи Толибон аз масъулони ин нишаст хостааст, ки намояндаи Толибонро низ даъват кунанд.
Муҷоҳид ба Тулӯънюз гуфтааст: “То ҳоло аз Иморати исломӣ даъват нашуда, вале дар нишастҳое, ки дар он мавзӯи Афғонистон баҳс мешавад, бояд Афғонистон ширкат кунад ва аз мавқеъи худ дифоъ кунад”.
Пеш аз ин Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия барои Афғонистон ба хабаргузори ТААС гуфта буд, ки интизор меравад дар ин нишаст, ки оид ба Афғонистон баргузор мешавад, намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Чин, Ҳиндустон, Покистон ва Эрон ширкат кунанд.
Маскав дар беш аз якуним соли гузашта, ду бор нишасти “Формати Маскав”-ро оид ба вазъи Афғонистон баргузор кардааст, ки иштирокчиёни он дар бораи эҷоди ҳукумати фарогир, гуфтумони миллӣ, риояти ҳуқуқ башар ва оштии миллӣ баҳс кардаанд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон пешшартҳое аз қабили ташкили ҳукумати фарогир, риояи ҳуқуқи башар ва ҳаққи таҳсил ва кор ба духтарону занон гузошта буд, аммо бар хилофи ваъдаҳояшон Толибон тайи якунимсол пайваста ҳуқуқҳои занонро саркӯб мекунанд. Имрӯз занони Афғонистон аз ҳаққи кор ва духтарон аз ҳаққи таҳсил маҳрум мондаанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Роҳбари боксчиёни ҷаҳон Умар Кремлёв зодаи Ҳисор будааст. Ӯ ба Ватан омад
Тӯйи арӯсӣ ва хатнасур барои оилаҳои камбизоат. Суратгузориш аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар Кӯлоб
Садамаи нақлиёт дар Левакант: ронандаи мошини дар канал ғарқшударо меҷӯянд
Як мард барои лату кӯби собиқ ҳамсараш дар ҷустуҷӯи мақомот аст
Тақвими бозиҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2023 тасдиқ шуд
Пайомадҳои заминларза дар Тоҷикистон: се нафар захмӣ ва беш аз 60 чорво нобуд шудаанд
Дар Тоҷикистон Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон таъсис дода мешавад
"Роҳбари салафиҳои Тоҷикистон" дубора зиндонӣ шудааст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста