Аз 5 то 13 март дар Чин иҷлосияи Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ даъвати 14-ум баргузор шуд. Натиҷаи асосии он ба муҳлати панҷсолаи сеюм раиси Ҷумҳурии мардумии Чин интихоб гардидани Си Ҷинпин шуд. Ин қарор қоидаи аз ин пеш муқарраршударо, ки мувофиқи он зиёда аз 10 сол кор кардан дар ин вазифаи давлатӣ манъ шуда буд, нақз кард.

Интихоби дубораи Си Ҷинпин ҳам барои Чин ва ҳам барои иқтисоди ҷаҳонӣ дар як давраи хеле душвор сурат гирифт, менависад нашрияи туркии ТРТ.

Си Ҷинпин
Сурат: АР

Ҷанг дар Украина ихтилофҳо ва мушкилотеро, ки тайи ду даҳсолаи охир дар ҷаҳон ҷамъ омадаанд, шадидтар карда, ба иқтисод ва сиёсати хориҷии Чин бештар таъсир мерасонад.

Аз як тараф, дар ин давра, Чин ба дуввумин иқтисод дар ҷаҳон ва дуюмин давлати дорои қувваҳои мусаллаҳи тавоно ва муҷаҳҳазтарин бо иқтидори бузурги рушд табдил ёфт.

Дар баробари ин, дар солҳои наздик ба раҳбарияти Чин лозим меояд, ки шумори зиёди мушкилот ва таҳдидҳои доимиро, ки ба камбудиҳои модели ҳозираи сиёсӣ ва иқтисодии ин кишвар вобастаанд, ҳал кунад.

Тавре ки “Независимая газета” менависад, ба ин таназзули бозори амволи ғайриманқул, талаботи ноустувори истеъмолӣ ва афзоиши бекорӣ миёни ҷавонон дохил мешавад.

Афзоиши бемаҳдуди қарзи кишвар, ки ба туфайли он рушди босуръати иқтисод таъмин мешавад, низ мушкилоти назаррас ба шумор меравад. Бино ба гузориши хабаргузории Reuters, ҳаҷми умумии қарзи Чин (қарзҳои мақомоти марказӣ ва минтақавӣ, ширкатҳои давлатӣ, ӯҳдадориҳо дар назди ширкатҳои хусусӣ) аз 320%-и ММД дохилӣ гузашта, 15%-и қарзи ҷаҳонро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, Чин имрӯз бузургтарин қарздор дар ҷаҳон аст, ҳатто бештар аз қарздорони маъруф - ИМА ва Ҷопон.

Тааҷҷубовар аст, ки дар айни замон Чин бузургтарин сармоягузор ва қарздиҳанда дар ҷаҳон низ боқӣ мемонад - ҳамин тавр, тибқи маълумоти ТRТ, Чин дар даҳсолаи ахир танҳо дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ бо кишварҳои рӯ ба тараққӣ беш аз 1 триллион доллар масраф кардааст.

Маблағи умумии пешбинишудаи барномаи Чин “Як камарбанд – як роҳ”-ро коршиносон 24 триллион доллар арзёбӣ мекунанд.

Сурат аз сомонаи internationalwealth.info

Тибқи маълумоти нашрияи GMK center, соли 2020 Чин аз рӯи сармоягузории мустақими хориҷӣ бо 153,7 миллиард доллар (+12,3%), ки 20,2% ҳаҷми ҷаҳониро ташкил медиҳад, дар ҷои аввал аст.

Чунин сармоягузориҳои назаррас ба лоиҳаҳои дарозмуддат ва душвори худкифои зерсохтор дар хориҷи кишвар бори гарони буҷети Чин мешавад, бахусус дар пасманзари бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, ки аз оқибатҳои пандемияи коронавирус ба вуҷуд омадааст.

Дар натиҷа, дар ду соли охир Чин маҷбур шуд, ки сармоягузорӣ дар хориҷи кишварро коҳиш диҳад ва дубора тақсим кунад; дар 14 кишвар, аз ҷумла дар Шри-Ланка ва Непал бо сабаби самаранокии сусти сармоягузорӣ коҳиш 100%-ро ташкил дод.

Интихоби дубораи Си Ҷинпин маънои онро дорад, ки бо вуҷуди ҳама мушкилот, Чин барномаи “Як камарбанд, як роҳ”-ро идома хоҳад дод, зеро маҳз худаш соли 2013 ташаббускори он буд.

Дар баробари ин, дар шароити нави буҳрон қарзу сармоягузорӣ бодиққаттар ҷудо шуда, як қатор самт ва лоиҳаҳои минтақавӣ кам карда мешаванд.

Тибқи маълумоти мавҷуда, дар кишварҳои ИДМ коҳиш дар назар нест, ҳарчанд тамоили умумии баррасии бодиққати лоиҳаҳо ва назорати қатъии иҷрои онҳо дар ин ҷо низ мушоҳида мешавад.

Баръакс, дар Осиёи Марказии пасошӯравӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Ховари Миёна, эҳтимол таъсир ва сармоягузории Чин назаррас боқӣ мемонад.

Eurasia.net бо такя ба як пажӯҳиши оҷонсии таҳлилии DoubleThink Lab менависад, ки дар сегонаи аввали кишвари дорои нуфузи бештари Чин Покистон, Камбоҷа ва Сингапур қарор доранд.

Дар садри радабандии кишварҳои Осиёи Марказӣ Қирғизистон ва Тоҷикистон қарор доранд, ки дар рӯйхати умумӣ мутаносибан ҷойҳои 8 ва 9-умро ишғол мекунанд. Баъдан Қазоқистон (ҷойи 15-ум), Ӯзбекистон (ҷойи 24-ум) ва Туркманистон (ҷойи 45-ум) ҷойгир шудаанд.

Минбаъд сармоягузориҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ бештар ҳадафнок шуда, ба бахшҳои энергетика ва нақлиёт зиёдтар равона карда мешаванд (лоиҳаҳои бузургмиқёси интиқоли газ ва маҳсулоти нафтӣ ба Чин, лоиҳаҳои фарогир дар Афғонистон ва ғайра).

1/2

Дар Душанбе Чин аз ҷумла бинои ҳукумат ва маҷмааи парлумониро месозад. Барои ин тақрибан 1,5 миллиард юан (215 миллион доллар) кумаки бебозгашт сарф мешавад.

Дар баробари ин, ба назари коршиносон, солҳои наздик Чин оҳиста-оҳиста танҳо бо таъсири иқтисодӣ маҳдуд намешавад.

Ҷанг дар Украина ва бархӯрди Ғарб бо Русия дар як қатор манотиқи ҷаҳон холигии геополитикӣ эҷод мекунад, ки барои Чин ҳамчун як бозигари геополитикии ҷаҳон имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Ба ин тариқ, ахиран Чин тарҳи сулҳи худ барои ҳалли низои Русияву Украинаро матраҳ кард: ҳафтаи гузашта, ба иттилои ИРНА, бо миёнҷигарии Чин дар Пекин миёни Эрон ва Арабистони Саудӣ тавофуқнома дар бораи азсаргирии равобити дипломатӣ ба имзо расид.

Ба ин тартиб, ба навиштаи Rg.ru, барои коҳиши бархӯрд миёни Эрон ва Арабистони Саудӣ, ки чанд даҳсола боз идома дорад, як иқдоми муҳим рӯйи кор омад.

Ва ҳарчанд имзои созишнома ба як қатор омилҳои воқеӣ (аз ҷумла бӯҳрони молӣ нақши асосиро мебозад) бастагӣ дорад, миёнаравии муваффақи Пекин боз як далели афзоиши нуфуз ва нақши он дар минтақа аст.

Маскав дар мубориза бо “русбадбинӣ” (русофобия)

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта муроҷиати Русия ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал таваҷҷӯҳи расонаҳои ҷаҳониро ҷалб кард. Дар он, ба нақл аз РБК, Маскав рӯзи 14 март баргузории ҷаласаи кушоди Шӯрои Амнияти СММ дар мавзӯи “Русофобия ҳамчун омиле, ки дар ҷустуҷӯи роҳҳои дарозмуддат ва устувори бӯҳрони Украина монеа мешавад”-ро дархост кард.

Дар ҳамин ҳол, нашрия ба канали Telegram-и муовини намояндаи доимии Русия Дмитрий Полянский ишора мекунад, ки ваъда додааст, "аз русофобия ҳам дар Украина ва ҳам дар Ғарб” ҳарф мезанад ва баъдан номи маърӯзачиён аз Русияро мегӯяд, "то ки ба фишори душманони мо дучор нагарданд».

Дмитрий Полянский
Сурат: ZumaTAСС

Қаблан дар ҷаласаҳои махсуси Шӯрои амнияти СММ борҳо масоили марбут ба табъиз ва нақзи ҳуқуқи башар баррасӣ шуда буд.

Аз ҷумла, дар СММ оид ба мушкилоти афзоиши ҳодисаҳои антисемитизм (яҳудиситезӣ) дар ҷаҳон муҳокимаҳои махсус баргузор шуданд - масалан, дар соли 2019 дар доираи Маҷмаи Умумии СММ чунин ҷаласа баргузор шуд. Эҳтимол, намояндагони ҳайати Русияи СММ дар муроҷиати худ ҳамин таҷрибаро дар назар доштанд.

Аммо, ба назари ман, пеш аз ҳама, бо сабаби фарқияти истилоҳот ва шарҳи норавшани истилоҳ барои ҳайати Русия таъмини баррасии пурраи ин мушкилот дар СММ мушкил хоҳад буд. Зеро дар мавриди истилоҳи "антисемитизм" ҳама чиз кайҳо равшан аст - мафҳум ва меъёрҳои аз ҷониби умум қабулшуда мавҷуд аст, ки дар асоси онҳо СММ метавонад баҳсҳо барпо кунад, қарорҳо ва қатъномаҳо қабул кунад.

Дар робита ба истилоҳи "русофобия" ҳама чиз аз он қадар равшан нест, зеро имрӯз он аксар вақт дар маъноҳои гуногун ва васеътарин тафсир истифода мешавад.

Масалан, ин истилоҳ бештар нисбати мунаққидони сиёсати Маскав дар дар мавриди Украина, мухолифони сиёсии ҳизби “Единая Россия”, русҳои аз сафарбарӣ гурехта, ситораҳои ба хориҷа рафта аз Максим Галкин то Пугачёва ва ғайра истифода мешавад.

Дар ин росто, ҳатман саволе ба миён меояд: оё раҳбарони 54 кишвари узви эътилофи кумак ба Украинаро “русофобҳо” шуморидан мумкин аст?

Ва оё метавон ин истилоҳро нисбат ба он кишварҳое истифода кард, ки ҳоло талош доранд дар низоъ миёни Русия ва Ғарб як навъ бетарафиро нигоҳ доранд?

Акси марбута аз торнамои azned.net

Дар охирин қатънома дар бораи Украина намояндагони 7 кишвар – Беларус, Мали, Никарагуа, Русия, Сурия, Кореяи Шимолӣ ва Эритрея – муқобил овоз дода, 32 давлат бо шумули аксари кишварҳои пасошӯравӣ, Ҳиндустон ва Чин, худдорӣ карданд.

Дар робита ба ин, маълум нест, ки маърӯзачиён аз Русия чӣ гуна истилоҳи “русофобия”-ро тафсир ва корбурд мекунанд, то ба ҳампаймонҳои худ дар СААД, ки аксарашон аз раъйдиҳӣ худдорӣ карданд, таъсир нагузорад ва ё ба Чин, ки Маскав умедвор аст бо он алайҳи “Ғарби дастаҷамъӣ” пурсамар дӯстӣ кунад.

Бетартибиҳо дар Гурҷистон ва Молдова

Ҳафтаи гузашта дар фазои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ду нуқтаи эҳтимолии “доғ” – Гурҷистон ва Молдова ба вуҷуд омад. Дар ҳарду кишвар нооромии сиёсӣ ба ин ё он шакл бо рӯйдодҳои Украина иртибот дорад, ки таваҷҷуҳи иловагиро ҳам аз ҳамсояҳои собиқашон дар Иттиҳод ва ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ ба онҳо ҷалб мекунад.

Ба гузориши РБК, нооромии сиёсӣ дар Гурҷистон моҳи феврали соли 2023 замоне оғоз шуд, ки гурӯҳе аз вакилони “зиддиғарб”-и гурҷӣ аз ҷунбиши “Сила народа”, ки аз ҳизби ҳокими “Грузинская мечта” ҷудо шуданд, ду тарҳи қонунро ба парлумон пешниҳод карданд: “Дар бораи шаффофияти таъсири хориҷӣ» ва «Дар бораи бақайдгирии агентҳои хориҷӣ».

Иштирокчии тазоҳурот алайҳи лоиҳаи қонун дар бораи “агентҳои хориҷӣ”, ки мақомоти Гурҷистон қабул кардан мехоҳанд, дар даст шиори “Ҳеҷ гоҳ барнагаштан ба Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР)”-ро“ дорад, 8 марти соли 2023
Сурат: REUTERS/Irakli Gedenidze

Умуман, лоиҳаҳо ба қонуни шабеҳи Русия дар бораи агентҳои хориҷӣ, ки соли 2022 қабул шуда буданд, шабоҳат доранд, аммо дар шакли сабуктар. Ҳамин тариқ, нусхаи гурҷӣ пешбинӣ мекунад, ки шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ ва васоити ахбори омма мақоми агенти хориҷиро мегиранд, агар зиёда аз 20% даромади онҳо аз хориҷи кишвар бошад.

Ин созмонҳо бояд сабти ном шаванд, вагарна онҳоро ҷарима ва баъдан тафтишоти Вазорати адлия интизор хоҳад буд.

Ҳукумати Гурҷистон ба таҷрибаи ИМА ва қонуни Амрико дар бораи агентҳои хориҷӣ ишора мекунад. Аммо, дар асл, дар ИМА сабти ном аз ҷониби агенти хориҷӣ барои созмон ё шахси воқеӣ ягон оқибати манфие надорад, дар ҳоле ки дар кишварҳои пасошӯравӣ ин одатан бо маҳдудияти фаъолият сурат мегирад.

Дар ин робита, "Ведомости" муътақид аст, ки бархӯрд атрофи ин тарҳ як навъ озмоиши нерӯ миёни ҳизби ҳокими “Грузинская мечта ва мухолифин дар пешорӯи интихоботи президентӣ ва парлумонии соли 2024 аст.

Мухолифон ва ҷомеаи Гурҷистон бар ин назаранд, ки мақомот пеш аз интихобот майдони сиёсиро тоза карданӣ буданд; дар натиҷа, дарҳол пас аз қабули қонун дар қироати аввал, рӯзи 7 март дар назди бинои парлумон ҳазорон нафар ҷамъ омаданд. Субҳи 9 март, пас аз ду рӯзи даргириҳо ва тазоҳурот дар хиёбонҳои Тифлис, ҳукумат маҷбур шуд, тарҳи қонунро бозхонд кунад.

Дар изҳороти ҳукумат боз идомаи роҳи ҳамгироии кишвар ба Иттиҳоди Аврупо садо дод.

Бо вуҷуди ин, бисёре аз шореҳон ҳаводиси Гурҷистонро бархӯрди ҳизби ҳокими “Грузинская мечта”, ки ба тамоюли тарафдори ба Русия муттаҳам мешавад ва ҷавононе рабт медиҳанд, ки бахши қобили мулоҳизаи онҳо ба ғояҳои ҳамгироии аврупоӣ пойбанд аст.

Ҳамин тариқ, тибқи назарсанҷиҳои NDI дар соли 2022, 75% шаҳрвандони Гурҷистон, аксаран ҷавонон, ҷонибдори ҳамгироии Гурҷистон ба Иттиҳоди Аврупо, 69% - ба НАТО мебошанд; дар ҳамин ҳол, 60%-и мардуми Гурҷистон на ба мақомот ва на ба мухолифон эътимод надоранд.

Имрӯз дар даври аввал ҷавонони тарафдори Аврупо ғолиб омаданд; вале баробари наздик шудани интихобот, мухолифат дар ҷомеа бештар мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни ҳаводиси Тифлис як қатор нашрияҳои Русия дар бораи бозгашти оммавии шаҳрвандони аз сафарбарӣ фироркардаи Русия навишта буданд.

Нашрияи Тopwar-и Русия дар бораи роҳбандӣ дар гузаргоҳи “Верхний Ларс” бо сабаби бозгашти русҳо навишт, ки “нияти бозгашт карда, ногаҳон" фаромӯш карданд, ки ҳанӯз чанде пеш кишварро тарк карданд ва бисёр аз онҳо нисбат ба Русия манфӣ ҳарф мезаданд".

Ба иттилои шабакаи Varlamov, дуруст аст, ки ба зудӣ бо сабаби корҳои таъмирӣ сурат гирифтани роҳбандии мошинҳо дар сарҳад маълум шуда, шаҳрвандони аз сафарбарӣ фироркарда ба ҳеҷ ваҷҳ ба бозгашт шитоб намекарданд.

Баръакси Гурҷистон, дар Молдова, мухолифони ҷонибдори Русия ва ҳукумати аврупоигаро таҳти раҳбарии ҳизби “Действие и солидарность” ва президент Майя Санду ба ҳам омаданд.

Мухолифонро созмони ба истилоҳ "Ҳизби Шор" намояндагӣ мекунад, ки аз ҷониби Илан Шор, як соҳибкори Молдова таъсис ёфтааст. Ӯ бо иттиҳоми тасарруфи 1 миллиард доллар аз низоми бонкии Молдова таҳти таъқиби ҷиноӣ қарор дорад.

Эътирозҳо дар Молдова
Сурат: politnavigator.net

Ба навиштаи нашрияи русиягии News.Mail.ru, тазоҳуроти оммавии зиддиҳукуматӣ дар ин ҷумҳурӣ аз баҳори соли гузашта идома дорад. Сабаби бевоситаи он - норозигии мардум аз якбора болоравии тарифҳои барқу газ – қариб 7 маротиба ва инчунин қатъи зиёди барқ ​​дар минтақаҳост.

Дар натиҷа, тибқи назарсанҷиҳо, тақрибан 70%-и сокинони ҷумҳурӣ аз сиёсати мақомот ноумед шудаанд ва тақрибан 65% аз идеяи ивази ҳукумат пуштибонӣ мекунанд.

Тавре ки портали Euronews менависад, ба ақидаи ҳукумати Молдова, бӯҳрони барқ дар пайи ҷанги Украина ба вуҷуд омадааст, ки Молдова бештари нерӯи барқи худро аз онҷо мегирад.

Илова бар ин, ҷонибдорони ҳукумат Русияро ба "ҷанги тарифӣ" муттаҳам мекунанд, ки ба хотири барангехтани танишҳои иҷтимоӣ ва сарнагун кардани ҳукумати аврупоипараст, ба таври сунъӣ қимати гази Русияро афзоиш медиҳанд.

Маъмулан чунин дониста мешуд, ки нисбат ба Гурҷистон рӯҳия дар ҷомеаи Молдова бештар ҷонгибдор ба Русия ва зидди Ғарб аст. Бо вуҷуди ин, вақтҳои охир вазъ асосан бо сабаби тағйири тадриҷии самти муҳоҷирати корӣ аз Молдова, яъне аз Русия ба Иттиҳоди Аврупо, дигаргун гашт.

Ҳанӯз чанд сол пеш молдовагиҳо дар бозори кори Русия бо мардуми Осиёи Марказӣ рақобат мекарданд.

Пас аз имзои созишномаи Иттиҳоди Аврупо, ба навиштаи “Комсомольская правда”, шумори муҳоҷирони кории Молдова дар Русия аз 500 ҳазор то 79 ҳазор нафар коҳиш ёфт.

Ҳарчи бештар молдовагиҳо, бахусус ҷавонон, шуғли ояндаи худро бо Аврупо мебинанд, ки ин ба натиҷаҳои интихобот таъсир мерасонад.

Моҳи феврали соли 2023 президент Майя Санду Русияро дар омода кардани табаддулоти давлатӣ дар кишвар ва маблағгузории тазоҳуроти оммавии зиддиҳукуматӣ, ки гӯё ба хотири ба қудрат овардани аҳзоби ҷонибдори Русия буд, айбдор кард.

Майя Санду
Сурат: ТАСС

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи ВВС, президент Санду ба маълумоти хадамоти иктишофии Украина ва Ғарб истинод кардааст, ки ба гуфтаи вай, аз ҷониби хадамоти махсуси Молдова низ тасдиқ шудааст.

Ба гуфтаи вай, "нақшаи Русия вуруди шаҳрвандони Русия, Черногория, Беларус ва Сербистон ба Молдоваро дар бар гирифта, бо ҳадафи кӯшиши барангехтани тазоҳурот барои иваз кардани ҳукумати қонунӣ ба ҳукумати ғайриқонунии таҳти назорати Русия сурат мегирифт".

Аз бисёр ҷиҳат, ҳамин стратегия (ҳамоишҳои оммавӣ, тасарруфи биноҳои ҳукуматӣ, таъсиси гурӯҳҳои мусаллаҳ, ташкили «ҷумҳуриҳои халқӣ», муроҷиат ба Маскав барои кӯмаки низомӣ) аз ҷониби Русия дар соли 2014, дар давраи «Баҳори Русия»,  замони таъсиси Ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск  истифода шуда буд.

Ба гузориши хабаргузории News.mail.ru, рӯзи 13 март дар маркази Кишинёв як раҳпаймоии бузурги зиддиҳукуматӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур ва пардохти пули гармӣ ва нерӯи барқ ​​дар фасли зимистон баргузор шуд.

Дар пасманзари маъруфияти бениҳоят пасти ҳукумати тарафдори Аврупо (аз рӯи назарсанҷӣ 65% истеъфои онро дастгирӣ мекунанд), аксари коршиносон идомаи бесуботӣ ва норозигиҳои иҷтимоиро пешгӯӣ мекунанд.

Ҷолиб он аст, ки ташаббуси ахири порлумони Молдова дар бораи табдили номи забони давлатӣ аз молдованӣ ба руминӣ сабаби изофии бархӯрди сиёсӣ гардид. Ба иттилои Obzor.lt, ҳизби Шор дар ин тарҳ омили дигари ҳамгироии аврупоиро дида, як силсила эътирозҳои нав оғоз кардааст.

Илан Шор
Сурат: publika.md

Баҳси номи забони давлатӣ дар Молдова пас аз фурӯпошии Иттиҳод (СССР), замоне оғоз шуд, ки бахше аз зиёиён хостори баргардонидани номи таърихии “руминӣ” ба забони молдавӣ шуданд.

Аз ин лиҳоз, баҳси забон дар Молдова ҳамон як баҳси ҷомеаи Тоҷикистонро дар аввали солҳои 90 дар мавриди номи расмии забони тоҷикӣ ба ёд меорад. Чун дар Молдова масъалаи тағйири номи забони давлатӣ аз ҳад зиёд сиёсӣ карда шуд ва то ҳол сарбаста боқӣ мемонад.

Ба ин тариқ, аз солҳои 90-ум номи “забони тоҷикӣ” дар конститутсия сабт шудааст; дар баробари ин, аксари кулли забоншиносон ва эроншиносон, чи дар дохили ва чи дар хоричи кишвар имруз форсӣ дар Эрон, дарӣ дар Афғонистон ва тоҷикӣ дар Тоҷикистонро аз ҳам ҷудо намекунанд ва онҳоро се лаҳҷа ё гурӯҳи лаҳҷаҳои забони ягонаи форсӣ медонанд.

Чӣ гунае, ки набошад, рӯйдодҳои сиёсии Гурҷистон ва Молдова барои кишварҳои ИДМ ба қадри кофӣ муҳиманд. Ба назар мерасад, ки вазъ ва ҳамоҳангии геополитикии қаблии ҳанӯз ба наздикӣ барқароршуда дар минтақа ба тағйир ва таҳаввулот шурӯъ мекунад ва ба ин ё он дараҷа ба манфиатҳо таъсир расонида, таваҷҷуҳи тамоми ҷумҳуриҳои собиқ шӯравиро ба худ ҷалб мекунад.

“Оскар”-и баҳсбарангез

Ҳодисаи дигари муҳими ҳафта, ки аллакай хусусияти фарҳангӣ (ва сиёсӣ) дорад, супурдани ҷоизаи киноакадемияи амрикоии “Оскар” ба филми мустанади «Навалний» мебошад, ки аз ҷониби коргардони канадагӣ Даниел Роэр наворбардорӣ шудааст.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ, ин филм қаблан барандаи ҷоизаи киноакадемияи BAFTA - ҷоизаи асосии синамои Бритониё шуд ва ҷоизаи Гильдияи продюссерони Амрикоро дарёфт кард. Илова бар ин, дар ҷашнвораи филмҳои мустақили амрикоии “Сандэнс” филм ба ақидаи тамошобинон ҷоизаи беҳтарин филмро гирифт.

Тавре ки аз номаш бармеояд, филм комилан ба раҳбари мухолифини Русия Алексей Навалний бахшида шудааст, ки ҳоло дар зиндони Русия муҳлати 9 соли зиндонро сипарӣ мекунад.

Яқинан, муваффақияти филм бештар ба шахсияти қаҳрамони асосии филм вобаста аст, ки коргардон ҳангоми мусоҳиба бо Радиои Озодӣ ӯро воқеан ҳамчун президенти ояндаи Русия муаррифӣ карда, аз ҷумла, изҳори умедворӣ мекунад, ки ӯ дар маросими савгандёдкунии Навалний ба курсии президентӣ ширкат хоҳад варзид.

Дар ҳамин ҳол, эҳтимол сифати филм воқеан хуб буда, аммо шахсияти Навалний ҳамчун инсон ва ҳам ҳамчун сиёсатмадор дар ИДМ ва Ғарб эҳсосоти комилан мухолифро ба вуҷуд меорад.

Навалнийро изи тӯлонии гуфтаҳо ва изҳороти дорои хусусияти ниҳоят миллатгароӣ ва бегонаситезӣ пайгирӣ мекунад, ки ҳеҷ гоҳ аз онҳо халос нахоҳад шуд. Бо вуҷуди ин, худи ӯ барои ин кор кӯшише зоҳир намекунад.

Аз ҷумла, ба навиштаи шабакаи телевизионии "Дожд", Навалний дар суханронӣ ва наворҳои рекламавии худ муҳоҷирон ва хориҷиёнро "чучмек", "таракан" (нонхӯрак) ва "ҳашарот" номидааст; муҳоҷиронро ба "кариес" (дандони пӯсида) муқоиса кардааст, ки барои нигоҳ доштани "решаи солими рус" бояд аз байн бурда шаванд. Ин изҳорот комилан ба рӯҳияи таблиғоти миллатгароӣ дар Олмон дар солҳои 30-юм шабоҳат дорад, ки яҳудиён тақрибан бо ҳамон истилоҳҳо зикр мешуданд.

Дар давраи интихоботи раиси шаҳри Маскав дар мулоқот бо интихобкунандагон Алексей Навалний изҳор дошт, ки "50%-и ҷиноятҳои вазнин аз ҷониби муҳоҷирон содир мешавад" ва "40%-и тоҷикони мард аз тамоми ҷаҳон дар Маскав зиндагӣ мекунанд".

Дар соли 2008, замони ҷанги Гурҷистону Русия Навалний дар шабакаи ЖЖ-и худ матолибе нашр кард, ки дар он гурҷиҳоро "хояндаҳо" номида, мақомоти Русияро барои нармӣ танқид кард ва ба бомбаборони Тифлис ва ихроҷи тамоми гурҷиҳо аз Русия даъват мекард.

Ҳамаи ин чи дар байни тарафдорон ва ҳам мухолифони сиёсатмадор вокуниши норавшанро ба миён меорад. Дар натиҷа, дар соли 2021 Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International (Авфи Байналмилал) аввал Навалнийро барои "таблиғи нафрат" аз мақоми маҳбуси виҷдон маҳрум кард ва сипас тасмимашро бекор кард, то сиёсатмадорро "танҳо дар асоси амалҳои пешинааш, ки таблиғоти давлатӣ аз он истифода мебарад, маҳкум накунанд.

Навалний дар Маскав
Сурат: SOTA

Имрӯз ҷонибдорони сиёсатмадор (ҳамон шабакаи телевизионии «Дожд») иддао доранд, ки Алексей Навалний миллатгаро буд, аммо дар гузашта. Дар ҳамин ҳол, худи мухолифи рус ҳеҷ гоҳ аз изҳороти 15-солаи худ, масалан, дар мавриди бомбгузории Тифлис ё изҳороти зидди муҳоҷирон, даст накашидааст.

Дар натиҷа қарори киноакадемияи Амрико мавҷи интиқодҳоро ба вуҷуд овард - иттиҳомоти меъёрҳои дугона дар ҷаҳон, пеш аз ҳама дар кишварҳои ИДМ ва Украина, ки дар он ҷо гузаштаи "норавшан"-и раҳбари асосии мухолифони Русияро фаромӯш накардаанд.

Ба назар мерасад, ки Ғарб ҳоло аз симои Навалний идеал месозад, чуноне ки қаблан аз Горбачёв ва баъдан Елтсин, Путин ва Медведев идеал сохта буд.

Муҳимаш он аст, ки сипас бо ҳамин тартиб ноумед нашаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.