Евгений Пригожин, роҳбари ширкати ҳарбии хусусии “Вагнер” дар як навор гуфт, ки шаби гузашта, 23-юми июн, нерӯҳои Вазорати дифои Русия ба пойгоҳҳои ин гурӯҳ зарба задаанд, аз ин рӯ, ӯ бо нерӯҳои мусаллаҳаш, ки даъво дорад 25 ҳазор нафар аст, ба шаҳри Ростови лаби Дон, ба ситоди Округи ҳарбии ҷанубӣ ворид шудааст ва биноҳои асосии ҳарбӣ ва давлатиро ишғол кардааст.
Мақомоти давлатии Русия, аз ҷумла, Хадамоти федералии бехатарӣ, Додситонии кулл ва Вазорати мудофиа ин амал ва изҳороти Евгений Пригожинро “даъват ба исёни мусаллаҳона” тавсиф карда, хабар доданд, ки алайҳи ӯ бо моддаи 279 Кодекси ҷиноятии Русия парванда боз кардаанд. Бар асоси ин модда ба Пригожин аз 12 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.
Ин ҳама таниш миёни Евгений Пригожин ва Вазорати дифоъ, мушаххасан вазир Сергей Шойгу ва сардори Ситоди кулл Валерий Герасимов чанд моҳ пеш оғоз гардида буд. Он замон Пригожин аз Шойгу ва Герасимов тунд интиқод кард, ки натавонистаанд ҳарбиёни дар ҷанги Украина иштирокдоштаро бо муҳимоти ҷангӣ таъмин кунанд. Аз ҷумла ӯ гуфта буд, ки ин мақомдорони Вазорати дифоъ ба гуруҳи ҷангҷӯёнаш тиру силоҳ надодаанд.
Пас аз ин ба Пригожин чанд нафар аз наздикони Рамзан Қодиров, роҳбари Чеченистон муроҷат карда, ӯро ба “мулоқот” ва “оромӣ” даъват карданд. Пригожин дар навбати худ аз гуруҳи низомии “Аҳмад”, марбут ба Рамзан Қодиров низ интиқод кард. Баъдтар, гуфт, ки бо роҳбари Чеченистон суҳбат кардаву “нофаҳмиҳо ҳал шудааст”.
Пас аз ин, чунин ба назар мерасид, ки муноқишаи лафзӣ анҷом ёфтааст, аммо субҳи имрӯз телеграм каналҳои наздик ба Пригожин ва хадамоти матбуоти ӯ аз зарбаҳо ба пойгоҳҳои ШҲХ “Вагнер” аз ҷониби Вазорати дифоъ хабар доданд.
Дар наворе, ки хадамоти матбуоти ШҲХ “Вагнер” интишор намуд Евгений Пригожин масъулони бахши низомии Русия, аз ҷумла вазири дифоъ Сергей Шойгу ва раиси Ситоди кул Валерий Герасимовро ба “наслкушӣ” ва нокомии амалиёт дар Украина гунаҳкор кард. Вай гуфт, барои “боздошти Шойгу” шаҳри Ростовро гирифт, вазири дифоъ шабона аз ин ҷо фирор кард.
Пригожин таъкид намуд, ки “ҳарбиёни Вазорати дифои Русия ба нерӯҳои ӯ пайвастаанд ва мехоҳад, аз Ростов ба самти Маскав ҳаракат кунад”.
Дар ҳамин ҳол, наворҳои нашршуда аз он гувоҳӣ медод, ки дар Маскав ва шоҳроҳе, ки ба Ростов меравад ҳарбиён ва мошинҳои низомии зиёд гузошта шудааст.
Имрӯз навори дигар нашр шуд, ки дар он Евгений Пригожин дар ситоди Округи ҳарбии ҷанубӣ воқеъ дар шаҳри Ростов бо муовини вазиридифоъ Унусбек Евкуров ва муовини сардори Ситоди кулл Владимир Алексеев суҳбати мекард ва аз онҳо хост вазири дифоъ ва сардори Ситоди куллро ба ӯ диҳанд.
Зоҳиран чунин менамуд, ки гуруҳи Пригожин ситодро иҳота кардаву бо Евкуров ва Алексеев бо лаҳни дурушт суҳбат мекунад.
Чанд дақиқа пас, боз як наворе интишор гардид, ки дар он Пригожин мегӯяд, “теъдоди сарбозони кушташуда назар ба ҳуҷҷатҳое, ки фиристода мешаванд, се-чор баробар зиёд аст… Талафоти санитарӣ дар баъзе аз рӯзҳо то ба ҳазор нафар мерасад. Инҳо кушташудаҳо, бедаракшудаҳо, маҷрӯҳшудагон ҳастанд”.
Баъзе аз сарчашмаҳо иттилоъ медиҳанд, ки дар шаҳри Ростови лаби Дон низомиён ва техникаҳои зиёди низомиро дидан мумкин аст. Аз сокинон хоста шудааст, бе зарурат ба берун набароянд.
Раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин ҳам гуфт, “дар Маскав чораҳои зиддитеррористӣ андешида шудааст”.
Бояд гуфт, ки гуруҳи “Вагнер”-и Евгений Пригожин дар ишғоли шаҳри Бахмути Украина саҳми асосӣ дорад. Ин гуруҳ пас аз ҷандин моҳи низои шадиди мусаллаҳона, ин шаҳрро ишғол ва ба ихтиёри нерӯҳои Вазорати дифои Русия супорид. Худи Пригожин қаблан ҳамчун ошпази раисиҷумҳур Владимир Путин кор кардааст ва бо ӯ равобити дӯстӣ дошт.
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Боздошти сардори Идораи беҳдошти замини Абдураҳмони Ҷомӣ бо гумони заминфурӯшӣ
Як сокини Қубодиён барои қасди куштори ҳамсараш 16 сол равонаи зиндон шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Ҷавоби Фиръавн"
Омодагӣ ба мавсими зимистон. Рустами Эмомалӣ ба зердастонаш боз чӣ супоришҳо дод?
Боздошти муовини роҳбари диаспораи тоҷикон дар Иркутск ба гумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ
Gruner Stucky ба таҳияи заминаи техникиву иқтисодии НБО “Чарсем” дар ВМКБ оғоз мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста