Нишасти панҷуми “формати Маскав” оид ба Афғонистон рӯзи 29-уми сентябр дар шаҳри Қазони Русия баргузор мешавад. Дар ин бора Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Русия ба “РИА Новости” иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ҷаласаи навбатии формати машваратии Маскав оид ба Афғонистон бо иштироки “бозигарони калидии манфиатдори минтақавӣ” баргузор мешавад.
“Дар мулоқот вазъи кунунии Афғонистон, масъалаҳои мусолиҳаи байни афғонистониҳо, таъмини амнияти минтақавӣ ва барқарорсозии баъдиҷангии кишвар дар назар гирифта шудааст. Дар поёни чорабинӣ изҳороти муштараки ҷонибҳо қабул карда мешавад”, - гуфтааст Захарова.
Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар Афғонистон ҳам рӯзи баргузории нишасти Маскавро ба хабаргузории ТАСС тасдиқ карда, гуфтааст, ки яке аз мақсадҳои асосии он таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон аст.
“Русия то ҳол дар масъалаи фарогир будани ҳукумати Толибон* пешрафтро мушоҳида накардааст”, - гуфтааст Замир Кобулов.
Кобулов афзудааст, дар ин нишаст ҳамчунин масоили мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои мухаддирот низ баррасӣ мешавад.
Ба гуфтаи Кобулов, намояндагони Толибон дар нишасти дарпешбудаи Маскав ширкат мекунанд ва ҳузури худро тасдиқ кардаанд.
Маълум нест, ки дар ин нишаст Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон низ иштирок мекунад ё не. Ҷабҳа дар ин хусус чизе нагуфтааст.
Аммо худи Аҳмад Масъуд рӯзи 28-уми август дар Думаи давлатии Русия бо Сергей Миронов, раиси Ҳизби “Русияи боадолат – Барои Ҳақиқат” (Справедливая Россия) мулоқот кард.
Миронов он вақт хабар дода буд, ки “тирамоҳи соли ҷорӣ дар Думаи давлатӣ бо ширкати Аҳмад Масъуд мизи мудаввар ташкил шуда, ба баррасии мушкилоти Афғонистон равона мешавад”.
Дар ҳамин ҳол, интизор меравад, ки дар нишасти Маскав намояндагони кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русия, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Чин, Покистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳам ширкат кунанд.
Бояд гуфт, ки нишасти Маскав дар масоили сулҳу ҷанги Афғонистон соли 2017 таъсис дода шуда буд.
Бори охир моҳи ноябри соли 2022 нишасти чоруми Маскав баргузор гардида буд, ки он замон намояндагони Толибон ба он даъват нашуда буданд.
Ҳоло гуфта мешавад, ки Толибон дар маҷмӯъ аз нишасти “Маскав” хуш истиқбол гирифта, таъкид намуданд, ки тамаркузи таваҷҷӯҳ ба сулҳ дар Афғонистон ҳамчун кишвари воҳид ва мустақил аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёфта қобили дастгирист.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи Толибон моҳи августи соли 2021 Афғонистонро ғасб карда, ҳукумати ин кишварро ба даст гирифтанд ва ду сол мешавад, ки ҳукмронӣ доранд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Толибон ташаккули ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони ҳамаи қавмҳо ва гурӯҳҳои сиёсии Афғонистонро талаб дорад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста