Сафорати Афғонистон дар Деҳлии Нав охири ҳафтаи гузашта ба далели адами ҳимояти дипломатӣ дар Ҳиндустон ва набуди ҳукумати эътирофшуда дар Кобул баста шуд.
Дар изҳороте, ки Сафорати Афғонистон дар Ҳиндустон нашр кардааст, гуфта мешавад, ки ин тасмимро худи сафорат пеш гирифтааст.
“Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Деҳлии Нав бо таассуф тасмими худро дар бораи қатъи фаъолияти сафоратхона аз 1-уми октябри соли 2023 эълон мекунад. Ҳарчанд, ин тасмим таассуфовар аст, аммо бо назардошти равобити таърихӣ ва шарикии деринаи Афғонистону Ҳиндустон, пас аз баррасии дақиқ гирифта шудааст”, - омадааст дар изҳорот.
Сафорати Афғонистон дар Деҳлии Навро кормандоне идора мекунанд, ки ҳукумати қаблии раисиҷумҳури фирории Афғонистон - Ашраф Ғанӣ таъйин карда ва аз ҷониби мақомоти Ҳиндустон ваколатдор шуда буданд.
Ҳиндустон ва ҳеч як кишвари дигар ҳукумати Толибонро*, ки дар моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст оварданд, эътироф накардааст.
Ҳиндустон ҳатто ду сол қабл, пеш аз хуруҷи Амрико аз хоки Афғонистон, кормандони худро аз Кобул ба кишвараш бурд ва дигар дар он ҷо ҳузури дипломатӣ надорад.
Вазорати хориҷаи Ҳиндустон дар ин бора изҳори назар накардааст, аммо як мақоми расмӣ ҳафтаи гузашта ба расонаҳо гуфта буд, ки “сафири Афғонистон чанд моҳ пеш Ҳиндустонро тарк карда буд ва дипломатҳои дигари афғонистонӣ зоҳиран пас аз дарёфти паноҳандагӣ дар кишварҳои сеюм ин кишварро тарк мекунанд”.
Ҳиндустон гуфтааст, ки дар тасмимгирӣ дар мавриди ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон аз раҳбарияти СММ пайравӣ хоҳад кард.
Сафорат дар баёнияе гуфтааст, ки мехоҳад бо ҳукумати Ҳинд созиш ҳосил кунад, то манофеи афғонҳое, ки дар Ҳинд зиндагӣ, кор, таҳсил ва тиҷорат мекунанд, ҳимоят шавад.
Тибқи иттилои Оҷонси паноҳандагони СММ, афғонҳо тақрибан сеяки 40 000 паноҳҷӯи сабтиномшудаи Ҳиндустонро ташкил медиҳанд. Ба ин рақам онҳое шомил нестанд, ки дар Созмони Милали Муттаҳид сабти ном нашудаанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Рашт. Аз ифтитоҳи чанд бино то нигаронӣ аз вазъи маорифу тандурустӣ
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Ғалабаҳои аввалини намояндагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот-2024
Президент гуфт, мукофотпулии озмунҳо 100% зиёд шавад. Маблағи озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ қадар мешавад?
Душанбе чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасонро пазироӣ мекунад
Қариб 600 нафарро дар Суғд барои ифлос кардани ҳаво ҷазо додаанд
Дар Истаравшан аввалин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ “Озар” мегузарад
Ҳамла бо корд ба муфтии Тоҷикистон дар назди масҷиди марказии Душанбе
Чаро мардон бештар худкушӣ мекунанд?
Хонаҳои нав ба осебдидагони офатҳои табиӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Сангвор ва Нуробод кадом иншоотро ифтитоҳ кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста