Дар Нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар бораи барномаи ҳастаии Эрон, ки дирӯз, 23-юми декабр баргузор гардид, Вашингтон пешниҳоди музокираи мустақим ба шарти “ғанисозии сифр” бо Теҳронро додааст.

Ин нишаст, ки бо вуҷуди мухолифати Чин ва Русия баргузор гашт, бар сари шароити эҳёи музокираи Эрону Амрико ба баҳси лафзии намояндагони ин ду кишвар печид.

Морган Ортагус, муовини фиристодаи вижаи Амрико дар Ховари Миёна дар нишасти Шӯрои амнияти СММ, гуфтааст, Амрико ҳамчунон барои музокираҳои расмӣ бо Эрон дастрас аст, “вале танҳо дар сурати он ки Теҳрон барои гуфтушуниди мустақим ва маънидор омода бошад”.

Ӯ таъкид кардааст, ки “муҳимтар аз ҳама, ҳеҷ гуна ғанисозӣ дар дохили Эрон наметавонад вуҷуд дошта бошад ва ин принсипи мо боқӣ мемонад”.

Морган Ортагус
Акс аз AFP

Вале намояндаи Эрон дар СММ дар ин ҷаласа гуфтааст, “ғанисозии сифр” зидди ҳуқуқи Эрон ба унвони узви Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ аст”.

Амир Саид Ирвонӣ, намояндаи доимии Эрон дар СММ дар ин нишаст дар вокуниш ба изҳороти намояндаи Амрико гуфтааст, “ин руйкард нишон медиҳад, ки онҳо дар пайи музокираи мунсифона нестанд, балки қасд доранд, нияти аз қабл таъйиншудаи худро ба Эрон таҳмил кунанд.

“Агар Бритониё ва Фаронса дар иваз ба сиёсати шикастхурдаи “ғанисозии сифр”-и Вашингтон идома диҳанд ва ҳуқуқи Эрон дар Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ инкор кунанд, дипломатия ба таврӣ амалӣ нобуд хоҳад шуд”, - таъкид кардааст Ирвонӣ.

Ин диломати эронӣ гуфтааст, ки Теҳрон аз ҳар гуна музокираи муносиб ва маънидор истиқбол мекунад, аммо ба сиёсати “ғанисозии сифр” комилан зид аст.

Амир Саид Ирвонӣ, намояндаи доимии Эрон дар СММ
Акс аз ИРНА

Ирвонӣ гуфтааст, “бо вуҷуди таҳримҳои ғайриқонунӣ, харобкориҳо, терори донишмандони ҳастаӣ ва ҳамлаҳои мусаллаҳона, Эрон ҳаргиз барномаи ҳастаии худро ба мақсади низомӣ истифода накардааст”.

Чин ва Русия фаъол шудани "созукор (механизм)-и моша"-ро ғайриқонунӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои Амниятро хилофи қонун хондаанд. Баръакс, намояндаи Британия фаъол шудани ин созукорро мутобиқи қонунҳои байналмилалӣ хондааст.

Бояд гуфт, ки Эрон панҷ давраи музокираи ҳастаӣ бо Вашингтон баргузор карда буд, пас аз ҳамлаи Исроил ба хокаш ва ҳамроҳ шудани Амрико дар ҳамла ба сомонаҳои ҳастаии Эрон, ин гуфтугӯҳо қатъ шуд.

Таҳримҳои СММ тариқи фаъол шудани “созукор (механизм)-и моша” дар Шӯрои амният дар моҳи октябри соли ҷорӣ тавассути се кишвари аврупоӣ баргадонида шуд. Русия ва Чин ба унвони аъзоёни доимии Шӯрои амният онро ғайриқонунӣ хонад буданд.

Бритониё, Фаронса ва Олмон далел пеш оварданд, ки Эрон созишномаи соли 2015 бо номи "Барҷом"-ро нақз кардааст. Мақсади ин созишнома коҳиш додани тавононии Теҳрон барои дастрасӣ ба маводи лозим барои сохти эҳтимолии силоҳҳои ҳастаӣ буд.

Эрон борҳо таъкид кардааст, ки ба дунболи сохтани силоҳҳои ҳастаӣ нест ва барномаи ҳастаияш комилан сулҳомез аст. Вале Амрико мегӯяд, бояд Эрон ҳеҷ гуна ғанизосие надошта бошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.