Ҳафтаи гузашта дар доираи Форуми байнулмилалии сармоягузории "Dushanbe Invest–2025" Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати "Starlink Tajikistan" (SpaceX) дар бораи оғози кори Starlink дар кишвар шартномаи литсензионӣ ба имзо расонид.

“Азия-Плюс” бо мудири кулли ҶСК “Тоҷиктелеком” Бахтовар Абдусатторзода дар бораи ҷузъиёти созишнома ва таъсири он ба арзишу дастрасии интернет, бахусус дар ноҳияҳои дурдасту душворгузар мусоҳиба орост.

Бахтовар Абдусатторзода
Акс аз ҶСК "Тоҷиктелеком" пешниҳод шуд

Дастрасӣ ба интернет беҳтар шуда, лекин он ба арзиши умумӣ таъсир намерасонад

- Дар иттилои расмии Хадамоти алоқа ишора мешавад, ки созишнома дастрасии кишварро ба шабакаи ҷаҳонии моҳвораии интернет таъмин мекунад. Дар бораи ҷузъиёти созишнома маълумот медодед.

- Ин шартнома дар навбати аввал ҷиҳати насби сокинони ноҳияҳои дурдасту душворгузар ва наздимарзии кишвар ба интернети моҳвораӣ, ки бунёди зерсохтори маъмулӣ (шоҳроҳҳо, нахҳои нурӣ) дар ин ҷойҳо бо сабаби мавзеи кӯҳӣ ва зичии аҳолӣ душвор аст, равона шудааст.

Ба ин тариқ, роҳандозии шабакаи баландсифати Starlink барои рақамисозии минтақавӣ уфуқҳои нав боз мекунад.

Ин яке аз вазифаҳои калидӣ на танҳо дар доираи шартномаи мазкур, балки тамоми стратегияи Хадамоти алоқа ва ҶСК”Тоҷиктелеком” маҳсуб меёбад.

Бо мурури замон алоқаи моҳвораии насли нав дастрасии баробарро ба таҳсили онлайн таъмин карда, рушди тиҷорати хурд (e-тиҷорат ва POS-пардохтҳо)-ро ҳавасманд месозад ва инчунин ба бунёди корхонаҳои бузург кумак карда, дар баробари дафтарҳои кории марказӣ, дастрасиро ҳатто дар ноҳияҳои дурдаст осонтар месозад.

- Оё дар шартнома насби ройгони мактабу беморхонаҳо пешбинӣ шудааст? Масалан, дар Қирғизистони ҳамсоя аллакай муддати чандин сол масъалаи имкони пайвасти бепули мактабҳо дар ноҳияҳои дурдаст баррасӣ мешавад.

- Дар робита ба насби ноҳияҳои дурдасту душворгузар ба интернети суръаташ баланд, дар навбати аввал дар бораи муассисаҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ - мактабу бемористон, мақомоти маъмурии деҳот сухан меравад.

Ёдрас мекунам, ки солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсияҳо эълон шудааст.

Аз ин рӯ, ба рушди алоқа дар ноҳияҳои дурдаст ҷиҳати пешниҳоди хидматрасониҳои давлатӣ тариқи онлайн, рушди тибби телевизионӣ, таҳсилоти фосилавӣ, фаъолияти берун аз ҷойи кор, ҷорисозии технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ, дастгирии кишоварзон ва тиҷорат, инчунин ҳавасмандсозии стартапҳо ва хадамоти рақамӣ дар ҳудуди бертун аз шаҳрҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.  

Акс аз Copilot

- Оё бо омадани Starlink сифат ва арзиши интернет дар кишвар тағйир меёбад?

- Интернети моҳвораии Starlink тариқи моҳвораҳои мадорашон паст кор мекунад, ки боздошту таъхири сигналро коҳиш медиҳад. Корбарон дар дигар кишварҳо, ки ба Starlink пайваст шудаанд, вобаста ба шароит дар бораи суръатҳои аз 10 то 100 мегабит дар як сония хабар медиҳанд.

Дар робита ба нарх бошад, ба арзиши умумии интернет дар кишвар ин мустақиман таъсир намерасонад.

Қобили зикр аст, ки технологияҳои алоқаи моҳвораӣ бо назардошти таҷҳизот нисбат ба шабакаҳои анъанавӣ гаронтаранд, лекин ба туфайли гуфтушунидҳои барпошуда, арзиши таҷҳизот ва таърифаҳо (тарифҳо) вобаста ба воқеъияти минтақавӣ муайян карда мешаванд.

Илон Маск
Акс аз Britta Pedersen/dpа

Сифат ва бехататарии таъминро “Тоҷиктелеком” пайгирӣ мекунад

- Оё операторони мобилӣ ва ширкатҳои фароҳамсози интернет (интернет-провайдерҳо) барои таъмини корбарони худ дар ноҳияҳои кӯҳистон метавонанд мустақиман аз Starlink интернет харанд? Ё ҳамаи созишномаҳо ба воситаи Хадамоти алоқа ё “Тоҷиктелеком”ба имзо расонида мешаванд?

- Дар бисёре аз кишварҳо операторони глобалии беруна ба мисли Starlink тавассути шарики миллӣ - ширкати давлатӣ ё оператори миллии алоқа кор мекунанд.

Дар ҳолати мо ин ҶСК “Тоҷиктелеком” мебошад.

Чунин модел ба давлат ҷиҳати назорати трафик, таъмини бехатари киберӣ, танзими таърифаҳо ва риояи қонунгузории миллӣ имкон медиҳад.

Имзои ҳамаи созишномаҳои тиҷоратӣ бо провайдерон ба воситаи “Тоҷиктелеком” сурат мегиранд. Ин назорат ба сифати хидматрасониҳо, сиёсати таърифаҳо, тақсими хатҳои гузариш ва масоили амнияти миллиро таъмин мекунад.

- Оё барои кори Starlink дар Тоҷикистон аз ҷониби танзимгар ягон маҳдудият ё талабот вуҷуд дорад?

- Ҳамаи шартҳои пешниоди хадамот ва фаъолияти шабакаи Starlink дар кишвар дар бандҳои дахлдори шартнома зикр шуда, бо санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Акс аз манбаъҳои боз

- Шаҳрвандони қатории Тоҷикистон кай метавонанд аз хидматрсонии Starlink истифода баранд? Барои ин чӣ лозим аст. Дар куҷо ва чӣ гуна метавон таҷҳизот харид?

- Айни замон ширкати Starlink Tajikistan дар марҳилаи гузаштан аз ҳамаи расмиёти зарурии бақайдгирӣ қарор дорад. Пас аз анҷоми ин марҳила нархҳо ба таҷҳизоту таърифаҳо ва дигар шартҳои марбут ба пайвастшавӣ, пардохт ва ҷанбаҳои техникӣ эълон мешаванд.

Ҳамаи маълумоти дахлдор дар сомонаи провайдери миллӣ - tojiktelecom.tj нашр хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.