Дар вилояти Тошканди Ӯзбекистон ягона дар минтақаи Осиёи Марказӣ “Маркази инноватсионии истеҳсоли ваксинаҳо” сохта мешавад.
Ёддошт дар бораи бунёди онро рӯзи 13 сентябр дар доираи нишасти СҲШ Вазорати рушди инноватсионии Ӯзбекистон ва ширкати Luye Investment Group Co., Ltd ба имзо расониданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорат хабар медиҳад, арзиши лоиҳа 100 млн долларро ташкил дода, он дар давоми солҳои 2023-2028 сохта мешавад.
Гуфта мешавад, "Маркази инноватсионии истеҳсоли ваксинаҳо" ягона корхонаи силсилаи истеҳсоли пурраи биотехнологӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд, ки ҷиҳати таъмини бозори маҳаллӣ ва кишварҳои ИДМ бо маҳсулоти хушсифату муосири технологӣ имкон фароҳам месозад.
Дар доираи лоиҳа истеҳсоли 200 млн воя (доза)-и зидди вирусҳо ба маблағи 2 млрд доллар дар як сол пешбинӣ шудааст.