Бонки осиёии рушд (БОР) ҷиҳати таълиму омӯзиши илму технология ва муҳандисиву математика (STEM) дар таҳсилоти миёна дар ҳаҷми 40 млн доллар грантро маъқул шуморид.
Дар назар аст, ки қисмате аз ин маблағ ба беҳбуди сатҳи огаҳӣ доир ба тағйирёбии иқлим ва ҳавасмандсозии духтарон ба омӯзиши фанҳои STEM равона мегардад.
"Беҳтар кардани таҳсилоти STEM барои омода кардани донишҷӯён ба бахшҳое аз қабили нақлиёт, саноат ва сохтмон, ки дар коҳиши камбизоатӣ ва рушди устувор дар Тоҷикистон саҳми назаррас хоҳанд гузошт, муҳим аст", - гуфтааст Евгений Жуков, директори генералии БОР дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ.
Ба ақидаи ӯ, Тоҷикистон дар баробари таъсири тағйири иқлим хеле осебпазир аст, аз ин рӯ, “барои баланд бардоштани устувории кишвар ба офатҳои табиӣ, ки бар асари тағйирёбии иқлим ба вуҷуд меоянд, ворид намудани дониш ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи таҳсилоти миёна муҳим аст”.
Интизор меравад, ки лоиҳа бо истифода аз равиши бар маҳорат асосёфта таълим ва омӯзиши STEM дар синфҳои 5-11-ро такмил медиҳад, ки ба хонандагон дар рушди қобилиятҳо, аз қабили таҳлили интиқодӣ ва ҳамкорӣ кумак карда, инчунин ба онҳо дар ҳалли мушкилоти воқеӣ имкон медиҳад.
Лоиҳа омодагии омӯзгорони STEM ва такмили маводи таълимиро дар бар мегирад. Дар доираи лоиҳа дар чаҳор минтақаи кишвар 20 мактаб таъмиру навсозӣ ва идоракунии мактабҳо беҳтар карда мешавад. Мавзӯъҳои марбут ба тағирёбии иқлим ба барномаҳо ва маводи таълимии STEM дохил карда мешаванд.
Таъкид мешавад, ки лоиҳа бевосита ба 11,5 ҳазор донишҷӯ, аз ҷумла 5,6 ҳазор духтарон дар мактабҳои мавриди ҳадаф, инчунин тақрибан 4 ҳазор омӯзгорони STEM, мутахассисони соҳаи маориф, масъулини мактабҳо ва ҷомеаҳо дар самтҳои татбиқи лоиҳа манфиат хоҳад овард.
«Мо аввалин шарики рушд ҳастем, ки ба Тоҷикистон дар ҳалли норасоии муаллимони STEM, ҳамгироии тағйироти иқлим ба таҳсилоти миёна ва фароҳам овардани фазои мусоид барои духтарон ва занон барои омӯзиши фанҳои STEM кӯмак мерасонад», - гуфтааст Шин Лонг, сармутахассиси бахши иҷтимоии БОР. - Бо мақсади баланд бардоштани иштироки духтарон дар STEM ва дастгирии касби занон дар соҳаҳои истеҳсолоти баландсифат, лоиҳа ба духтарони мактаб дар асоси лоиҳа стипендия медиҳад ва омӯзгорони STEM-ро дар курсҳои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дастгирӣ мекунад".
Бонки осиёии рушд шурӯъ аз соли 1998 ба Тоҷикистон ба сурати умум дар ҳаҷми 2,5 млрд доллар, аз ҷумла ҳудуди 2 млрд доллар ба сифати грант кумак расонид.
Стратегияи шарикии БОР бо Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ба се самти афзалиятнок асос меёбад: ислоҳоти сохторӣ барои беҳбуди тақсимот ва сафарбарии захираҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат аз ҳисоби рушди сармояи инсонӣ ва мусоидат ба беҳбуди сатҳи зиндагӣ аз ҳисоби сармоягузорӣ ба соҳаҳои иқтисод.
Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис дода шуда, 68 кишвар аъзои он мебошанд, ки 49-тои онҳо дар минтақаи Осиёи ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд.