Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент Ашраф Истамзода ба азхудкунии маблағҳои аз буҷет ҷудошуда дар ҳаҷми 1 млн 247 ҳазору 689 сомонӣ (тақрибан 110 ҳазор доллар) гумонбар дониста мешавад.
Тавре ки маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ бо гузаронидани амалҳои зарурии мурофиавӣ ба суд ирсол шудааст.
Гуфта мешавад, Ашраф Истамзода аз соли 2016 то 20 феврали соли 2023 ба ҳайси сардори шуъбаи дар боло зикргардидаи шаҳр фаъолият доштааст.
“Замони кор дар ин мансаб ӯ ҳамчунин ширкати хусусии ҶДММ “Нисо-А”-ро низ зери роҳбариаш дошта, бо роҳи фароҳам овардани шароитҳои мусоид ба ин ширкат, маблағҳои буҷетро азхуд кардааст. Аз ҷумла, бо суистифода аз мансаб ба имзои қарордодҳои давлатӣ байни мақомоти Панҷакент ва ҶДММ “Нисо-А” мусоидат кардааст”, - омадааст дар хабари Агентӣ.
Аз ҷумла, давоми моҳҳои сентябр-декабри соли 2022 бо мусоидати Истамзода бо ширкати “Нисо-А” оид ба иҷрои корҳои сохтмон ва таъмини молу маҳсулот қарордодҳо баста шуда, дар 9 ҳолат маблағҳои давлатӣ азхуд шудаанд.
“Дар натиҷаи сохтакории ҳуҷҷатҳо ширкат дар маҷмӯъ 1 млн 247 ҳазору 689 сомонии аз буҷет ҷудошударо азхуд ва ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст”, - зикр мешавад дар маълумоти маркази матбуоти Агентӣ.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати Ашраф Истамзода ва дигар шахсони ба ин амал дастдошта мутобиқи 4 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон), 318 (Иштироки ғайриқонунӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ), 323 (Сохтакории хизматӣ) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ҳар кадоме аз ин моддаҳо ҷаримаи калон ё ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати чандин сол пешбинӣ шудааст.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста