Дар доираи амалиёти “Тасмаи бехатарӣ-муҳофизи шумо”, ки аз 15 то 25-уми сентябр дар тамоми кишвар гузаронида шуд, 6137 ронанда ҷарима шудаанд.

Ҷаҳонбин Ҳакимов, як масъули Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳамаи ронандаҳо барои набастани тасмаи бехатарӣ бо моддаи 333 қисми 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси зарар гардидааст) ҷарима шудаанд.

Ин банди қонунгузорӣ аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 35 то 75 сомонӣ) ҷаримаро пешбинӣ мекунад.

Назари худи ронандагон дар робита ба ин масъала маълум нест.

Мақомот мегӯянд, ки чунин “рейд”-ҳо бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ гузаронида шуд. Ба таъкиди онҳо бештари садамаҳои нақлиётӣ, дар пайи набастани тасмаи бехатарӣ сар мезанад.

Мақомот қаблан низ чунин рейдҳоро гузаронида буд. Аз ҷумла дар пайи амалиёти 10 рӯза таҳти унвони “Тасмаи бехатарӣ-муҳофизи шумо”, дар моҳи апрели соли ҷорӣ, беш аз 28 ҳазору 500 ронанда барои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима шуданд.

Бояд гуфт, ки ҳар сол дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар садҳо нафар захмӣ ва кушта мешаванд. Тибқи маълумоти ВКД дар шаш моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ бар асари 635 садамаи нақлиётӣ 279 кас ҷон бохта, 224 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Мақомот дар бештари маврид ронандагонро айбдор мекунанд, ки қоидаҳои сабқатро риоя намекунанд, ба самти муқобил мебароянд, бо суръати баланд ва гоҳе дар ҳолати мастӣ мошинро идора мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.