Шоми дирӯз вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Душанбе ташриф овард.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, имрӯз вазири корҳои хориҷии Русияро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта, ҳамчунин бо иштироки ҳайатҳои дуҷониба гуфтушуниди Сергей Лавров бо вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ доир мегардад.

Тавре қаблан хабар дода будем, дар ин вохӯриҳо масоили имзои созишномаҳо дар бахши муҳоҷират ва ҳамчунин воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни боҷи содиротӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки оид ба имзои созишномаҳои зикршуда моҳи октябри соли гузашта зимни сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки Сергей Лавров моҳи апрели соли 2012 ва моҳи октябри соли гузашта дар ҳайати расмии кишвараш зимни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон ба Душанбе ташриф оварда буд.