Дар шаҳри Алмато дар ҳошияи 3-юмин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Раванди Истамбул оид ба амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ баҳри сулҳу субот дар Афғонистон вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Афғонистон доктор Залмай Расул доир гашт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷонибҳо ба вазъи мавҷудаи ҳамкориҳои мутақобила баҳои мусбат дода, оид ба масъалаҳои вобаста ба роҳҳои амалии боло бурдани зарфиятҳои Раванди Истамбул табодули назар намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар Алмаато Ҳамрохон Зарифӣ бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Патрисия Флор низ гуфтушунид анҷом дод.

Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо аз сатҳи мавҷудаи ҳамкориҳои мутақобила изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ, аз ҷумла раванди таъмини амният ва субот дар Афғонистонро мавриди муҳокима қарор доданд.