Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлаҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва ҷаласаи якҷояи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯрои амнияти давлатҳои аъзои Созмон ба шаҳри Бишкеки раҳсипор шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни ҷаласаҳо Изҳороти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД оид ба масоили мубрами байналмилалӣ қабул карда хоҳад шуд, инчунин як қатор ҳуҷҷатҳо роҷеъ ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва робитаҳои зич дар доираи Созмон муҳокима карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки санаи 28-уми май дар Бишкек вохӯрии ғайрирасмии кишварҳои узви СААД доир гардида, дар он сарони кишварҳои Русия, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон ширкат хоҳанд варзид.