Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки рушди Осиё Шиаою Жаоро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин бонки бонуфузи минтақавӣ баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Шиаою Жао аз ҳамкории дуҷонибаи даҳсола изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки дар ин мӯҳлат Бонки Осиёии Рушд
ба Тоҷикистон беш аз 500 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намудааст. Беш аз 130 миллиони онро кӯмаки техникӣ ва грант ташкил додааст. Ҳамчунин барои солҳои 2009 ва 2010 пешниҳод гаштани 102 миллион доллари амрикоӣ бо қаноатмандӣ зикр гардид. Таъкид шуд, ки қисмати зиёди ин кӯмак давоми ҳамин сол ҷудо гашта, 40 миллионаш танҳо ба дастгирии буҷети давлатӣ барои кам кардани
таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ равона мегардад.
Шиаою Жао ба роҳбарияти сохторҳои иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ва барномаи зиддибӯҳронии дар кишвар таҳиягашта баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки айни ҳол Бонки Осиёии Рушд дар якҷоягӣ бо кишварҳою созмонҳои дигари мададрасон дар таҳияи Стратегияи нави кӯмак ба Тоҷикистон фаъолона иштирок дорад «ва дар чаҳорчӯби он кӯмакҳои нави молиявӣ, машваратӣ ва ғайра расонда мешаванд», изҳор намуд ӯ.
Шиаою Жао ҳамчунин изҳор намуд, ки Бонки Осиёии Рушд минбаъд низ дар дастгирии буҷети давлатии Тоҷикистон ва маблағгузории сохтмони роҳҳо, нерӯгоҳҳои хурди барқӣ ва хатҳои минтақавии интиқоли нерӯи барқ, аз ҷумла ба сӯйи Афғонистон иштироки фаъол хоҳад дошт.
Ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд дар чаҳорчӯби Барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ, ки рушди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ, тиҷоратӣ ва нерӯи инсонӣ аз афзалиятҳои асосии он аст, баҳои баланд дода шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин дар бораи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ табодули назар карда шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.
Дар Душанбе намояндагии Хадамоти шиносномавӣ - раводидии ВКД Русия боз шуд. Ин ба муҳоҷирони кории тоҷик чӣ медиҳад?
Дар Тоҷикистон боз раъду барқу борони сел дар назар аст
Дар Тоҷикистон 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадиро ҷашн мегиранд
“Шеъраш тасвири зебои шоирона дорад”. Дар Душанбе шаби эҷодии Кӯҳзоди Фатҳулло баргузор шуд
Хоҳиши расмӣ аз Путин: Толибонро аз рӯйхати террористон берун кунед
Зеризаминӣ ё рӯизаминӣ? Дар Душанбе бори дигар масъалаи сохтмони метро баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 10 ҳазор гектар замин бе об монд
“Мепурсанд, ки магар наметарсед?”. Кору рӯзгори заноне, ки дар Тоҷикистон ба кирокашӣ машғуланд
Давлаталӣ Саид: Барои бунёди корхона ба як ширкати чинӣ замин ҷудо кунед
Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷиронро таъкид кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста