Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбарияш, ба интиқодҳо дар мавриди нашр нашудани хабарҳо дар бораи даргузашти шахсиятҳои маъруфи илмиву фарҳангӣ посух дод.
Раиси Кумитаи телевизион ва радио ба суоли рӯзноманигорон посух дод, ки ҳеч касе дар телевизионҳо нашри хабари марг ё некрологҳоро манъ накардааст.
"Мо дар бораи бузургони гузаштаи худ ҳамеша барномаҳои васеъ омода мекунем. Магар шумо барномаҳои мо дар бораи Камоли Хуҷандӣ, Лоиқ Шералӣ, Мирзо Турсунзода ва бузургони дигарро тамошо накардед? Мо мухолифи барномаҳо дар бораи бузургон нестем, мо мухолифи барномаҳо дар бораи дурӯғбузургон ҳастем".
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон мавҷи интиқодҳоро ба роҳ андохтаанд, ки чаро дар шабакаҳои давлатии телевизион, дар мавриди даргузашти чеҳраҳои маъруфи илму фарҳанг хабарҳо нашр намешавад. Хусусан ин интиқодҳо, дар замони хуруҷи дигарбораи бемории коронавирус дар кишвар, ки хеле аз шахсиятҳои барҷастаи илмиву фарҳангии Тоҷикистонро қурбонӣ кард, доғ шудаанд.
Аммо Нуриддин Саид ба суол дар бораи чаро нашр нашудани некрологҳо посухи рӯшан надод. Раиси Кумита танҳо гуфт, ки онҳо дар бораи бузургон барнома месозанд ва нашр мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста