Маҳдудияти интиқоли барқ ё “лимит” бо омадани баҳор ва гарм шудани ҳаво ҳам бардошта намешавад ва ба эҳтимоли зиёд, қисме аз аҳолии кишвар то Наврӯз бебарқ хоҳанд монд. Дар ин бора Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик”, имрӯз, 1-уми март, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” хабар дод.
Ӯ гуфт, маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон замоне бартараф мешавад, ки ҳаҷми об дар дарёи Вахш боло равад ва тавлиди нерӯи барқ талаботро қонеъ кунад.
“Ҳоло маълум нест, ки то ҷашни Наврӯз маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон бардошта мешавад ва ё на”, - гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ.
Ин дар ҳолест, ки қаблан, Муҳаммадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” зимни нишасти матбуотии рӯзи 16-уми феврал гуфта буд, “бо гарм шудани ҳаво ва афзоиши ҷараёни об маҳдудияти барқ лағв мегардад”.
Бояд гуфт, имсол расман аз 1-уми феврали соли равон, ба гуфтаи “Барқи тоҷик”, “бо мақсади пешгирӣ кардани норасоии нерӯи барқ ва пайомадҳои манфии он” дар кишвар маҳдудияти барқ ҷорӣ карда шуд.
Ин ширкат бо такя ба таҳлили мутахассисонаш он вақт навишт, ки вазъ ташвишовар аст ва “дар сурати наандешидани чораҳои иловагӣ барои рафъи мушкилот дар аввалҳои моҳи март норасоии неруи барқ шиддат гирифта, ба фаъолияти иқтисоди мамлакат ва зиндагии рӯзмарраи аҳолӣ таъсири калони манфӣ мерасонад”.
Новобаста аз ин, аҳолии кишвар аз нимаи дуввуми моҳи октябри соли 2022 аз маҳдудияти нерӯи барқ шикоят мекарданд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2022 истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон наздики 21,5 млрд.кВт соатро ташкил дод, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар кишвар маҳсуб меёбад. Тавлидоти барқ дар қиёс бо соли пешин наздики 800 млн.кВт соат зиёд мебошад.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳар сол дар фасли зимистон дар Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ ба сокинон ҷорӣ мегардад, ки мақомот на ҳамеша ва саривақт эътироф мекунанд. Имсол низ ҳанӯз охири тирамоҳ дар манотиқи гуногуни кишвар маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ гашт, аммо новобаста ба шикоятҳои пайиҳами сокинон, ширкати “Барқи тоҷик” маҳдудияти интиқоли барқро эътироф накард. Танҳо пас аз таъкиди раисиҷумҳури кишвар зикр намуд, ки аҳолиро бо нерӯи барқ таъмин мекунад, аммо бо гузашти чанд муддат расман эътироф намуд, ки дар ҷумҳурӣ маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ мешавад.
Зардолуи Ашт ба Эрону Дубай ва Арабистони Саудӣ фурӯхта мешавад
“Ҷинояти ҷангӣ”. Авфи байнулмилал Толибонро ба муҷозоти оммавии сокинони Панҷшер гунаҳкор кард
Дар Тоҷикистон ҳудуди 400 ҳазор тонна ҳосили сабзавоту полезиҳо ҷамъоварӣ шуд
Амири Қатар вориди Душанбе шуд
Об - яке аз омилҳои муноқишаи марзӣ. Чаро созишномаҳои басташуда мушкили тақсимоти обро ҳал намекунанд?
Дар Панҷакент боз як ёдгории таърихӣ кашф гардид
Имрӯз калонтарин масҷиди Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад. Ҳаракат дар роҳҳои пойтахт маҳдуд мегардад
Баъди қазияи латукӯби сарбозон, Додситонии кулл назорат бар меҳтарсолорӣ дар қисмҳои ҳарбиро пурзӯр кард
Арзиши футболбозони Тоҷикистон 1,45 млн евро боло рафт
Душанбе. Дар куҷо метавон ройгон ва бехатар оббозӣ кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста