Тартиби пардохти маблағ барои нобудсозии автомобил, ки дар Тоҷикистион соли гузашта ҷорӣ гардид, метавонад тағйир ёбад. То ин лаҳза масъули ҷамъоварии ин маблағ Бозрасии давлатии автомобилии ВКД муқаррар шуда буд.
Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 12-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки пешниҳоди бозбинии тартиби пардохти маблағ барои нобудсозии автомобил дар Тоҷикистон а ҳукумат ироа шудааст. Аммо ӯ нагуфт, ки ин пешниҳодӣ кӣ аст.
Каримзода гуфт, пешниҳод шудааст, ки ин маблағ ҳангоми воридоти автомобил ситонида шавад, на дар вақти бақайдгирии он. Яъне, дар ҳолати қабули ин тағйирот, масъулияти ҷамъоварии ин маблағ аз БДА ба Хадамоти гумрук мегузарад.
Зикр гардид, ки яке аз сабабҳои пешниҳоди мазкур, афзоиши воридоти автомобил ба кишвар будааст.
“Новобаста аз маҳдудиятҳои ҷоришуда, то ҳол воридоти автомобилҳои пеш дар истифодабуда, махсусан мошинҳои ба садама дучоршуда, ки таъмири рӯякӣ шуда, дар ҷумҳурӣ бо нархи арзон фурӯхта мешаванд, зиёд аст”, - шарҳ дод Каримзода.
Арзиши нобудсозӣ зиёд ва ё баръакс кам карда мешавад, дар Хадамот мушаххас нагуфтанд. Дар соли 2024 ин маблағ, вобаста ба навъи автомобил, аз 360 то 2880 сомониро ташкил медод.
Бояд гуфт, пардохти ҳатмии маблағ барои нобудсозии автомобил дар Тоҷикистон соли гузашта ҷорӣ шуд шуд ва тибқи муқаррарот он барои як автомобил танҳо як маротиба ситонида мешавад.

Воридоти автомобил кам шуд?
Дар идомаи нишаст Хуршед Каримзода гуфт, воридоти электромобил бештар, вале воридоти автомобил дар умум кам шудааст. Тибқи омори пешниҳодшуда, давоми соли гузашта 46 ҳазору 942 автомобил ба мабалғи умумии 521,1 млн доллар ворид гардидааст, ки ин нисбат ба ду соли пеш 31 ҳазор автомобил камтар аст.
Ба ақидаи сардори Хадамот, ин ба манъи воридоти автомобилҳои соли баромадашон то 2013 алоқаманд аст.
Дар соли 2024 ба ҷумҳурӣ наздики 18 ҳазор электромобил ба маблағи 256,4 млн доллар ворид шудааст. Воридкунандагони электромобилҳо аз пардохти зиёда аз 95 миллион доллар озод шудаанд.
Дар умум, воридоти автомобилҳои барқӣ дар соли 2024 дар қиёс ба соли 2023 қариб 5 баробар афзудааст.
Хуршед Каримзода дар посух ба саволи рӯзноманигорон оид ба эҳтимоли бекор шудани имтиёзҳо барои вориднамоии электромобил гуфт, “дар сатҳи ҳукумат ин масъала баррасӣ нашудааст”.
“Аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар талабнома барои пешниҳод кардани маблағҳои қарзӣ кам кардани ҳаҷми баъзе имтиёзҳо тавсия дода шудааст, вале бекор кардани имтиёзҳо маҳз барои воридоти электромобил баррасӣ нашудааст” - гуфт ӯ.
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
Роҳҳо баста ва дар ҳаракат маҳдудият ҷорӣ мешавад. Суғд ба ташрифи Мирзиёев ва Жапаров омода мешавад
Ҳукумат беш аз 230 ҳазор сомонӣ қарзи як корхонаро бахшид
Азсаргирии ҳамлаи Исроил ба Ғазза: Теъдоди ҷонбохтагон аз 50 ҳазор зиёд ва роҳбарони калидии ҲАМОС кушта шуд
Шаҳрдори боздоштшудаи Истанбул номзад ба курсии президенти Туркия шуд
Талаби ҳукумат аз муҳоҷирон: Нафақа мехоҳед, андоз супоред!
Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон
Боздошти кирокаше дар Душанбе баъди шикояти сайёҳи эронӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2025
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста