Дирӯз, 16-уми апрел, дар рӯзи сеюми ҷашнвораи “Парасту-2025” намоишномаҳои “Гурба, хурӯс ва рӯбоҳ”, “Ривояти суғдӣ” ва “Парный танец в одиночку” дар театрҳои пойтахт ба саҳна гузошта шуданд.
Намоишномаи “Ривояти суғдӣ”, ки аз ҷониби ҳунармандони Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара манзури ҳаводорони театр гардид, бар пояи повести таърихии Сотим Улуғзода таҳия шуда, ба дуюмин ҳуҷуми калонтарини арабҳо ба Мовароуннаҳр ва муқовимати мардуми Суғди қадим бахшида шудааст.
Қаҳрамони асосии асар Виркан, паҳлавони шуҷоъ ва роҳбари муқовиматгарон аст, ки бо нерӯи худ ва дастгирии мардум ба муқобили зӯроварии арабҳо мубориза мебарад.
Дар намоишнома инчунин образи Наниманча, духтари ҷомашӯй, ки ба Виркан дил мебандад, нақши муҳим дорад. Муносибати онҳо рамзи умед ва зиндагии нав дар миёни ҷанг ва харобӣ аст.

Намошиномаи дигаре, ки давоми рӯз дар Театри таҷрибавии ба номи М.Қосимов ба саҳна гуҳошта шуд, “Парный танец в одиночку” унвон дошта, таҳти роҳбарии коргардон Р.Раҳматуллоев аз ҷониби Театри драма ва мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бӯстон таҳия шудааст.
Асар бар пояи песаи драматурги рус Елена Кузнесова таҳия шудааст. Қаҳрамони асосии намоишнома зани танҳо ва рӯҳафтодаест, ки танфурӯшӣ карда, ба поёнтарин сатҳи зиндагӣ мерасад.
Намоишнома бо он оғоз мегардид, ки ин зани бесарпаноҳ тасодуфан ба утоқи либосҳои театрӣ ворид мешавад ва ҳар гуна либосҳо, аз ҷумла либоси хизматгору маликаро ба бар карда, мехоҳад ба зиндагии худ маъно бахшад ва аз воқеияти талхи ҳаёти худ фирор кунад. Дар намоишнома айнан ҳамин саҳна тасвир гардид ва зани танҳо саргузашти худро қисса кард.
Намошиномаи дигари ин рӯз барои кӯдакон буд ва дар Театри давлатии Лӯхтаки шаҳри Душанбе ба саҳна гуҳошта шуд. Ин намоишнома “Гурба, Хурӯс ва Рӯбоҳ” ном дошта, аз рӯйи асари О.Журавлёва аз ҷониби Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе бо коргардонии Ҷаводов барои кӯдакон таҳия шудааст.
Намоишнома дар бораи се ҳайвон – гурба, хурӯс ва рӯбоҳ, ки дар як ҷангал зиндагӣ мекунанд, қисса мекунад. Гурба ва хурӯс дӯстони содиқанд, аммо рӯбоҳ бо макру ҳила мехоҳад, миёни онҳо низоъ андозад. Гурба ва хурӯс зиракиро аз даст надода, нақшаҳои рӯбоҳро фош мекунанд ва дӯстиашон боз ҳам мустаҳкамтар мегардад.
Ин намоишнома, ки бо истифода аз лӯхтакҳои рангорангу саҳнаҳои ҷолиб намоиш дода шуд, ба кӯдакон аз арзишҳои инсонӣ, аз ҷумла дӯстӣ, ростгӯӣ ва садоқатро таъкид меомӯзад.
Ёдрас мешавем, ки имрӯз аллакай рӯзи чоруми ҷашнвораи “Парасту-2025” аст. Дар се рӯзи гузашта 7 намоишномаи театрҳои гуногун ба саҳна гузошта шуданд. Гузориши “Азия-Плюс”-ро аз рӯзҳои аввалу дуюм дар матлабҳои ин пайванд хонед.
Бояд гуфт, Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2025” рӯзи 14-уми апрел оғоз шуд ва то 21-уми апрел давом мекунад.
Дар бораи он ки боз кадом намоишнома кай, дар куҷо ва аз ҷониби кадом театр ба намоиш гузошта мешавад, дар ин матлаби мо мутолиа намоед.






Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 декабри соли 2025
Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста