Имсол низ дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ дар Маркази миллии тестӣ (ММТ) касе 500 балро, ки натиҷаи баландтарин дониста мешавад, соҳиб нагардид. Баландтарин бали бадастомада дар соли равон 496 бал буд, онро Аҳмад Раҳимзода, довталаби ихтисоси тиббӣ ба даст овард.

Дар ин бора аз ММТ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, рӯзи 2-юми декабр ба беҳтарин довталабоне, ки дар имтиҳонҳои дохилшавӣ натиҷаҳои баландтаринро ба даст овардаанд, мукофот супорида шуд. Маросими супоридани ҷоизаҳо дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон б доир шуда, 10 довталаби беҳтарин қадрдонӣ шудаанд.

Абдулвосит Шодиниё, муовини аввали директори ММТ гуфт, дар даҳгонаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳи ихтисосҳо ду довталабе, ки натиҷаҳояшон баландтарин буд, интихоб шудаанд.

 

Панҷ довталаби беҳтарин киҳоянд?

Манбаъ панҷ довталаберо, ки натиҷаҳои баландтаринро дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ соҳиб гардидаанд, бо ишораи бал ва мавқеашон дар радабандии даҳгона зикр кард.

Аҳмад Раҳимзода, довталаб аз гурӯҳи ихтисосҳои тиб бо касби 496 бал дар ҷойи аввал қарор дошта, беҳтарин довталаби сол дониста шудааст. Ӯ хатмкардаи гимназияи 74-и ноҳияи Фирдавсӣ буда, ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо ихтисоси “Кори табобатӣ” дохил гардидааст.

1/5

Дар мавқеи дуюм, Аҳлиддин Мирзомаҳмадиев бо касби 495 бал қарор дошта, бо ихтисоси “Ҳуқуқшиносӣ” ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудааст. Ӯ хатмкардаи мактаби рақами 40-и ноҳияи Фирдавсӣ аст.

Мавҷуда Абдуева бо 494 бал зинаи сеюмро ишғол мекунад. Ӯ низ аз рӯйи ихтисоси “Ҳуқуқшиносӣ” ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил гардидааст. Мавҷуда Абдуева хатмкардаи мактаби 51-и ноҳияи Фирдавсӣ аст.

Дар мавқеи чорум, Ҳалимҷон Ҳамидиён, довталаби гурӯҳи ихтисосҳои тиб қарор дошта, 492 балро соҳиб гардидааст. Ӯ хатмкардаи мактаби рақами 36-и ноҳияи Шоҳмансур ва ҳамакнун донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз рӯйи ихтисоси “Кори табобатӣ” аст.

Мадина Газиева бо касби 481 бал ҷойи панҷумро дар ин феҳрист ишғол мекунад. Ӯ довталаби гурӯҳи ихтисосҳои сеюм буда, бо ихтисоси “Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (арабӣ-англисӣ)” ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил гардид. Ӯ хатмкардаи гимназияи рақами 74-и ноҳияи Фирдавсӣ аст.

Ҳамчунин ба даҳгонаи беҳтарин Абубакр Мадуллоев, Дилшодҷон Раҳимов, Зебунисо Деҳқонова, Шукрона Назарова ва Омина Файззода дохил мешаванд.

Ба иттилои ММТ, ин феҳрист дар асоси холҳои бадастовардаи довталабон муайян шуда, бали имтиёзии довталабон ҳисоб карда намешавад.  Имтиёз ва ё ғолиби олимпиадаҳо будани довталаб замоне ба инобат гирифта мешавад, ки агар ӯ ҳангоми интихоб дар рӯйхати беҳтаринҳо шомил шавад ва бали бадастовардаи ӯ баробар бо довталаби дигар бошад.

Акс аз ММТ

ММТ соли 2014 дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард. То ин дам довталабон бевосита дар худи донишкадаву донишгоҳҳо имтиҳон супорида, доиншҷӯй мешуданд. Яке аз сабабҳои аслии таъсиси ММТ ҳам аз байн бурдани ришвахӯрӣ ва афзоиши теъдоди донишҷӯён гуфта мешуд. Аммо дар ин раванд хабарҳои ба фасод рабтдошта зиёд расонаӣ мешавад.

Дар тӯли 11 соли фаъолияти ММТ касе соҳиби 500 бал, баландтарин натиҷаи ММТ  нагардидааст. Танҳо соле пеш барои як довталаб танҳо 1 хол нарасид, то ин натиҷаро соҳиб шавад.

Ин ниҳод шуруъ аз соли 2018 ба ин тараф довталабони беҳтаринро, ки дар имтиҳонҳои дохилшавӣ аз рӯйи холҳои бадастовардаашон дар зинаҳои аввал қарор мегиранд, муайян ва қадрдонӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.