Мақомот дар Данғара алайҳи як мард, ки гуфта мешавад, сари роҳи тобути ҳамдеҳаашро гирифта, даъвои пардохти қарз кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Дар ин бора ВКД хабар дода, гуфтааст, ки ин моҷаро рӯзи 20-уми октябр дар ҷанозаи як сокини 72-солаи ноҳияи Данғара рух додааст.

 “...марди 62-солаи сокини ҳамин ноҳия овозаи бардурӯғ бароварда, ки гуё марҳум аз ӯ 8 ҳазор сомонӣ қарздор буда, сари роҳи тобуташро гирифта, ин маблағро гирифтааст”, - гуфтааст ин ниҳод.

ВКД аз тарафҳо ном набурдааст. Танҳо гуфтааст, ки дар асоси аризаи писари 40-солаи марҳум бар зидди 62-сола бо гумони “тамаъҷӯӣ бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда нисбат ба ҷабрдида ё наздикони ӯ” (моддаи 250 қисми 1 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Тибқи ин иттиҳом, ба ӯ аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. 

Назари гумонбар дар робита ба ин гуфтаҳои мақомот дастрас нест.

Маъмулан дар ҷанозаҳо қабл аз адои намози ҷаноза бар майит имом аз мардум пурсон мешавад, ки агар марҳум аз касе қарздор бошад, бо далел муроҷиат кунанд, то наздиконаш онро падохт намоянд. Ҳамчунин, касе аз майит қарздор бошад, ба пайвандонаш баргардонад.

Гоҳо талаби қарз дар ҷаноза ба моҷаро мепечад. Ин аз камтарин ҳолатҳоест, ки мақомот аз шикоят дар ин маврид хабар медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.