Додгоҳи Исфара як сокини ин шаҳрро бо иттиҳоми бе хулосаи ташхиси диншиносӣ ба фурӯш гузоштани адабиёти динӣ 4 ҳазору 80 сомонӣ ҷарима кардааст. Ин ниҳод рӯзи 11-уми ноябр дар ин бора хабар додааст.
Додгоҳ номи пурраи маҳкумшударо зикр накарда, танҳо гуфтааст, ки шаҳрванд В. бидуни гирифтани хулосаи ташхиси диншиносӣ дар бозори марказии шаҳри Исфара ба фурӯши адабиёти динӣ машғул буд.
Назари маҳкумшуда ба ин ҳукми додгоҳ маълум нест.
Додгоҳ ӯро бар асоси қисми яки моддаи 474 (1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки фурӯш ва паҳн кардани адабиёти динӣ бидуни ҳуҷҷати расмии диншиносиро манъ мекунад, ба андозаи 60 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробар ба 4 ҳазору 80 сомонӣ) ҷарима кардааст. Ҳамчунин, аз маҳкумшуда 7 китоби динӣ мусодира ва барои нигоҳдорӣ ба Кумитаи дин ирсол шудааст.
Чӣ гуна фаҳмид, ки он аз ташхис гузаштааст?
Бояд гуфт, ки тибқи моддаи 22 қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ҳангоми воридоти адабиёти динӣ онҳо бояд аз ташхиси давлатии диншиносӣ гузаранд. Аммо мақомот мегӯянд, на ҳамаи фурӯшандагон ҳангоми ворид кардани чунин адабиёт ба ҳудуди Тоҷикистон онҳоро аз ташхис гузарондаанд.
Масъулин мегӯянд, барои гузаштани чунин ташхис асосҳои ҷиддӣ ва баъзан ташвишовар вуҷуд дорад. Масалан, дар як китобе, ки дар асоси ҳадисҳои саҳеҳ таҳия шудааст, вақти ташхис як саҳифа унсурҳои экстремистӣ ошкор гардидааст.
Қаблан, Меҳрафкан Мирзоҳофизиён, мутахассиси пешбари Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки адабиёти диние, ки масалан аз Ӯзбекистон ва ё Русия ворид мешавад шояд аз ташхиси диншиносии ин кишварҳо гузаштаанд, аммо қонунгузории мо дар ин самт фарқ мекунад ва китобҳо бояд аз ташхиси дохилӣ гузаранд.
“Ҳатто адабиёте, ки ба тиҷорат иртибот дорад, масалан “Дин ва бизнес”, ё ҳар ашёи ҳамин гуна мазмундошта, мисли расм, ашёи ороишию рӯзгор, ки навиштаҷоти динӣ доранд, бояд аз ташхиси диншиносии Тоҷикистон гузаранд. Дар акси ҳол, воридкунанда тибқи талаботи моддаи 474 Кодекси ҳуқуқвайронкунии ҶТ (Риоя накардани қонунгузорӣ оид ба истеҳсол, содирот, воридот, фурӯш ва паҳн намудани адабиёти динӣ, инчунин дигар ашё ва маводи дорои таъиноти динӣ) ба ҷавобгарӣ кашида мешавад”, - гуфта буд ӯ.
Тартиби чӣ гуна гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ қарори ҳукумат дар бораи "Тартиби гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ” мушаххас кардааст.
Солҳои пеш номгӯи рӯйхати адабиёти мамнӯъ дар сомонаи Кумитаи дин буд, аммо ҳоло бо вуҷуди зиёд шудани номгӯи онҳо, ин рӯйхат дар сомона нест. Дар натиҷа, шаҳрвандон намедонанд, ки кадом адабиёт мамнӯъ аст. Ин ҳам метавонад як мушкили дигар барои одамон ҳангоми харидорӣ ва пайдо кардани адабиёти динӣ гардад.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 декабри соли 2025
“Дору ё хӯрок харам ё либос гирам?”. Оё нафақаи шахсони маъюбиятдошта ниёзҳояшонро бароварда мекунад?
Дар Хуҷанд 15 касро барои партофтани партов дар ҷойҳои мамнӯъ ҷарима кардаанд
Пули 100-сомонии ҷашнӣ соҳиби ҷоиза шуд. Он бо кадом тарҳ омода шуд ва чӣ бартарият дорад?
Ғолибони озмуни “Фурӯғ...” маълум шуданд. Киҳо соҳиби “Шоҳҷоиза” ва 140 ҳазор сомонӣ гардиданд?
Бали баландтарин 496. Киҳо дар имтиҳонҳои дохилшавӣ аз ҳама бали баланд гирифтанд?
Медали нуқраи намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалии машшотагӣ дар Русия
Қабули асарҳо барои дарёфти Ҷоизаи Рӯдакӣ оғоз шуд. Киҳо метавонанд асар пешниҳод кунанд ва талабот чӣ гуна аст?
“Сари роҳи тобутро гирифт”. Парвандаи ҷиноӣ алайҳи як мард барои даъво дар ҷанозаи ҳамдеҳааш
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 35
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста