Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Лор Пакро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, Оқилов зимни мулоқот зикр кард, ки ҳукумати Тоҷикистон ба масоили ҳамкорӣ бо БҶ дар самтҳои ояндадори иқтисод ва бахши иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои густаришу тавсеъаи бештари онҳо чораҳои амалӣ меандешад.

«Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки Бонки ҷаҳонӣ яке аз шарикони асосии молиявии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, танҳо дар соли 2012 миёни ҷонибҳо 7 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи умумии беш аз 90 млн. доллраи ИМА ба имзо расидааст», - иброз дошт С.Муҳиддинов.

Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо инчунин атрофи густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самтҳои гуногун табодули назар намуданд.