10-уми сентябр Хуршед Атовулло, журналисти маъруф, директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖТ), Узви ИЖТ ва ИНТ, тадқиқотгар, детективнавис, таронанавис ва нафаре, ки баробари дилхоҳ шуъбаи рӯзноманигорӣ журналист омода мекунад 50-солагиашро қайд менамояд.

Дар ин росто, мо бо мавсуф доир ба тамоми паҳлӯҳои кору зиндагӣ суҳбат кардем.

50 сол

- Панҷоҳсолагиатонро чӣ гуна пешвоз гирифтед?

- Барои ин синну сол ман ҳеҷ тайёрӣ надидаам. Ин, ки ду китоб “Гули ашк ва зодаи ишқ” ва “Ривояти дарвеш”-ро нашр кардам, ба хотири гум нашудани матолиб дар саҳифаҳои нашрия аст. Рӯҳан  бошад, гузариш аз миёнсолӣ ба синни пирӣ нозукиҳои худро дорад. Масалан, дигар дар маъракаву нишастҳо ҳамчун бобо муаррифӣ мешавӣ... (механдад)

- Дар як навиштаатон ин синну солро тавре ба қалам додаед, ки гӯё даҳшат бошад, чаро?

- Даҳшат аст ва сабаб дорад. Аввалан, рафиқони наздики ман Акбари Саттор ва Иқбол Илёсзода маҳз дар ҳамин син аз дунё рафтанд, ки таъсири зиёд ба ман расонидааст. Баъдан, бисёриҳо мегӯянд, ки зиндагӣ баъди 50 солагӣ дигар рангу бӯе надорад. Чун то 50 чизе шудӣ, ҳамон аст.

- Ҷое гуфтед, ки пушаймонӣ ё ифтихор аз умри тайкардаро намедонед. Чаро ин дуро муайян кардан душвор аст?

- Чун ки мо насли замони ҷанг будем ва намедонам дар ин умр коре кардем ё не. Мо ҷавонӣ надоштем. Дар Душанбе суруди ҷавонии мо фақат садои тир буд. Вақте ҷавонӣ чунин сипарӣ мешавад, дигар чизе муҳим нест.

- Агар имкон мебуд ба Хуршед Атовуллои 20-сола чӣ мегуфтед?

- Ба ҳамон орзуҳое, ки доштӣ хиёнат накун, содиқ бимон. Аммо афсӯс, хатти тақдир дигар будааст...

- Оё дар 20-солагиатон аз Хуршед Атовуллои 50-сола чизе хоста будед?

- Ман дар 20-солагӣ дар бораи ба 50 расидан фикр намекардам. Ҳатто бовар ҳам надоштам, ки зинда мемонам. Шаб вақте ки мехуфтам, ба офтоби субҳро дидан бовар надоштам. Ҳодисае ёдам намеравад. Вақте бо дӯстам Раҷаби Мирзо китоби аввалинам – “Зиндони зиндагӣ” -ро дар чопхона чоп мекардем, сӯям гуфт: “Мегуфтӣ ки агар ҳамин китобамро нашр кунам, розӣ ҳастам бимирам. Акнун мардак шаву бимир!”

Аз чап ба рост: Раҷаб Мирзо, Мухтор Боқизода, Хуршед Атовулло ва Бобоҷон Икромов

Журналистика

- Кай тасмим гирифтед, ки бояд нависед?

- Аз 17-солагӣ. Пас аз ҳуҷҷатсупорӣ ба факултети ҳуқуқшиносӣ шоҳиди ҳодисае шудам, ки зану шавҳар модари ҷавонро мезаданд ва пиразанро аз чанголи онҳо фарзандхондаш наҷот дод. Дар ин бора навиштам. Барои ҳамон навиштаи ман ду нафар, яке дар “Ҷавонони Тоҷикистон”, дигаре дар “Паёми Душанбе” огоҳӣ гирифта буданд. Чун он замон намедонистам, ки як матлаб бояд дар як нашрия чоп шавад. Вақте ки дар ҳар ду газета чоп шуд, нафароне, ки мақолаи маро қабул карда буданд, аз ҷониби роҳбарият огоҳӣ гирифтанд. Он дар ҳарду рӯзнома хеле хуб қабул шуд ва мактубҳои зиёд гирифт, ки ба қавле роҳи маро ба матбуот кушод.

- Ҳоло бо навиштан кадом мушкилро ҳал кардан мумкин асту кадомеро не?

- Ҳоло ҳам бисёри мушкилоти муроҷиаткунандагон бо навиштан ҳал мешавад ё ҳадди ақал ҳолат тағйир меёбад. Масалан, метавонем бо навиштае раиси ҷамоатеро аз кор гирем, барои раиси ноҳияе мушкил эҷод кунем, замини касеро гирифта диҳем ва ғайраҳо. Навиштан бефоида нест. Хоҳем нахоҳем, як рӯз не як рӯз мушкили гуфтаи журналист ҳал мешавад. Набояд ноумед шуд ва бояд гаштаву баргашта навишт.

- То ҷое медонем, шумо солҳои 1999-2001 дар донишгоҳ дарс медодед ва аксари шогирдони онвақтаи шумо рзноманигорони саршинос шудаанд. Чаро ҳоло чунин нест?

- Ман пурра ҳолати факултаро намедонам, вале баъди гуфтугӯ бо бачаҳое, ки назди ман меоянд, хулоса кардаам, ки донишҷӯёни фаъол ҳастанд, аммо онҳо роҳнамо надоранд. Дар факултет фикре роиҷ аст, ки донишҷӯи фаъолу қаламдор бояд ҳатман ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” равад. Ба андешаи ман, ба донишҷӯён бояд тавсия диҳанд, ки аввал ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” раванд ва он ҷо бояд нафароне бошанд, ки бачаҳоро омода кунанд. Бадбахтона ҳамин чиз нест.

- Аз журналистони ҷавон умеде ҳаст?

- Умед мебандем, дигар илоҷ надорем. Онҳо метавонанд ин соҳаро пеш баранд, вале бояд бисёр омӯзанд.

- Шумо гуфтаед, ки дар солҳои нооромӣ дар радио бар ивази ду дона нон кор мекардед. Имрӯз аксари журналистони ҷавон барои расонае менависанд, ки ҳаққи қалами зиёдтар медиҳад...

- Ёд дорам, ки пас аз чил рӯзи оиладорӣ падарам охирин бузро фурӯхтанду ба мо роҳкиро доданд ва ба Душанбе омадем. Як моҳ пеш бошад, писарам барои тӯяш дар фикре буд, ки рақами мошини арӯсиаш “2222” бошад ё “2121”.

Ин тақозои замон аст. Аз ҷониби дигар, бачаҳои насли нав мехоҳанд дар шаш рӯз миллионер шаванд. Ба ҳама хостаҳояшон зуд расанд. Фикр намекунанд, ки аз мусаҳҳеҳӣ ба хабарнигорӣ, аз хабарнигорӣ ба мудири шӯъба аз мудири шӯъба ба котиби масъул ва баъдан ҷонишину сармуҳаррир шаванд.


- Ба он ки бачаҳо аз дигар касбу ихтисосҳо ба журналистика меоянд, чӣ назар доред?

- Зид нестам, вале бояд онҳо дар баробари қалами хубу қобилияти таҳлили масъаларо доштан, ҳадди ақал ба курсҳои кӯтоҳмуддати таъриху муҳиммиятҳои журналистика фаро гирифта шаванд, то ки донанд дар кадом соҳа кор мекунанд ва пешомадони ин соҳа киҳо ҳастанд.

- Чаро дар навиштаҳои шумо аз сафед дида, сиёҳӣ зиёд аст?

- Сабабаш ҷанг аст. Бисёр орзуҳо қурбон шуданд. Давраи навмедӣ буд, рӯшану маълум набуд. Мо намедонистем, ки пагоҳ зиндаем ё мурда.

- Матбуоти мо чӣ мушкил дорад?

- Пул. Ман бовар дорам, ки тамоми мушкилот ба ин вобаста аст. Агар ёрии молӣ бошад, корҳои бузург кардан мумкин аст.Алҳол матбуоти мустақил шабеҳи фарзанди угай аст, кӯмак барояш аз ҷое намерасад.

- Мо бисёр мефаҳмем, ки дар телевизиони давлатии мо “руйхати сиёҳ” вуҷуд дорад. Оё дар матбуот низ чунин рӯйхат ҳаст?

- Ба ман касе рӯйхати махсус пешниҳод накардааст. Лекин аз рӯи худсензура ба бачаҳо мегӯям, ки дар бораи фалонӣ гуфтан мумкин асту дар бораи дигаре алҳол не. Яъне, ҳар редаксия худаш рӯйхат месозад.

- Шумо ҳоло ҳар ҳафта ду газета Фараж ва Самак”-ро нашр мекунед. Аз хонандаву савдоашон огоҳед?

- Огоҳам, аз ҳайати эҷодӣ розӣ нестам. Чун ҳоло кумаки давлатӣ ба ягон рӯзномаи хусусӣ нест, баъзан ба рекламаю дигар роҳи тарғибот корро пеш мебарем.

- Фаражу Самаку МТЖ замоне дар журалистика мавқеи қавӣ доштанд. Ҳоло эҳсос намекунед, ки он мавқеъро аз даст медиҳанд? Сабаб чист?

- Боз ҳам бепулӣ.

- Шумо дар рӯзномаҳоятон ба ҷавонон озодӣ додаед. Ин бадие надорад?

- Озодии зиёд масъулияти онҳоро кам мекунад. Ҳар чизе навиштанд, чоп мекунем ва дигар ҳар чизе хоҳанд, менависанд. Бисёр кам аст ҷавоне, ки худро дар чунин ҳол такмил диҳад.

- Кадом радиоро гӯш ва кадом шабакаи телевизиониро тамошо мекунед?

- Радио гӯш намекунад. Баъзан телевизиони “Шаҳнавоз”-ро мебинам.

- Ба довталабон тавсия медиҳед, ки ба факултаи рӯзноманигорӣ дохил шаванд?

- Дохил шаванд, вале пеши касе сар хам накунанд. Боҷуръат ва кунҷков бошанд.


Детектив ва таронаҳо

- Чаро тасмим гирифтед, ки детектив нависед?

- Ҳама гуфтаниамро дар тадқиқоти журналистӣ гуфта натавонистам ва ба навиштани детектив оғоз кардам. Дар детектив худамро озод ҳис мекунам.  

- Чӣ лаззат дорад?

- Вақте ки нуқтаи охиринро мемонам, лаззати ногуфтанӣ дорад ва онро нафаре ҳис мекунад, ки ҳамон нуқтаро монда бошад.

- Қаҳрамони асосии детективҳоятон - Ҷамшеди Ҳабиб худи шумоед?

- Ҳам бале ва ҳам не.

- Дигар қаҳрамонҳо - Шоҳин Азизов, муфатиш Амонов ва Ситора одамони воқеӣ ҳастанд?

- Бале, зиндаву саломатанд. Аммо ошкорашон намекунам, зеро ҳоло детективнависиро давом дода истодаам.

- Ҳоло болои кадом детектив кор мекунед?

- Яке дар бораи марги нобаҳангоми раиси ИЖ Акбари Саттор ва дуюмӣ дар бораи зиндонӣ шудани журналистону блогерон.

- Дар куҷо ва чӣ муҳите детектив менависед?

- Макон муҳим нест, балки қаҳваву сигору ноуктбук бошад, кифоя.


- Аз рӯи китоби “Марги журналист” филм ҳам сохтаанд. Фаҳмидем, ки он ба шумо он қадар писанд наомадааст...

- Аъзами Розиқ (Коргардони филми “Марги журналист”. –аз идора) бархе ҷойҳоро иваз кард ва он ба ман маъқул нашуд. Чизе нагуфтам, зеро аз давраи донишҷӯияш ин тасмимро ба ман гуфта буд ва розигӣ дода будам. Хабари нав ин аст, ки ҳоло дар “Тоҷикфилм” Некрӯзи Ҷалилиён аз рӯи “Интиқоми арвоҳ” филм таҳия мекунад, ки ба ман сахт маъқул шуд. Дар он бисёр мушкилотро, ки ман нагуфта будам, гуфтааст. Муҳимтар аз ҳама нақши Ҷамшеди Ҳабибро Аъзами Розиқ хеле хуб офаридааст.

- Шумо аз ҷумлаи таронанависоне ҳастед, ки ҷавонон тақлид мекунанд. Ин услубро аз куҷо ёфтед?

- Ман бо таронанависони касбӣ Ҳуриннисо Ализода, Латофат Кенҷаева ва Абдуқодири Раҳим сӯҳбатҳо кардаам ва бархе чизҳоро аз онҳо гирифтаам. Аммо услуб аз худам ҳаст ва ба назаре ҳастам, ки тарона ҳарфи зебои хушк набошад, балки ҷумлаи охир бояд ҷамъбасти андеша бошад.

- Таронаи “Неки кардӣ, интизор шав бадӣ мебинӣ” аз рӯзгори худатон аст?

- Аз таҷрибаи худам аст.


Нависандагӣ, кори илмӣ ва МТЖТ

- Шумо асарҳои бадеӣ менависед, даъвои нависандагӣ доред?

- Даъво надорам, аммо чанд маротиба маро ба маҳфили детективнависони Иттифоқи нависандагон даъват карданд ва андешаҳоямро гуфтаам.

- Асарҳои бадеии шуморо касе нақд кардааст?

- Ба худам танҳо гуфтаанд, аммо дар умум не.

- Дар фикри навиштани асари калонҳаҷм нестед?

- Як роман дар 19-солагиам сар карда будам, ба наздикӣ дастнависҳоямро ёфтам ва фикр дорам, ки онро давом диҳам.

- Шумо кори илмӣ ҳам кардаед. Мавзӯи он чист?

- Кори илмиро анҷом дода, ҳоло интизори нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳо ҳастам. Аммо аз қоғазбозиву бюрократия хаста шудам.

Мавзӯи он бошад, дар мавриди пайдоиши матбуоти тоҷикии замони шӯравӣ дар мисоли “Ҷавонони Тоҷикистон”, дар бораи шахсиятҳои он солҳо, ки аз мактаби бузурги ин нашрия гузаштаанд, мебошад.

- Кори илмӣ ба журналисти маъруфе мисли шумо чӣ даркор?

- Ин барои худам не, балки хоҳиши устодам Иброҳим Усмонов аст.

Аз чап ба рост: Хуршед Атовулло, Иброҳим Усмонов, Нуриддин Қаршибоев

- Агар ҳимоя кунед, ба факултет бармегардед?

- Зиндагӣ нишон медиҳад.

- Фикр доред, ки ба факултет даркоред?

- Не, агар лозим мебудам, даъват мекарданд.

- Солҳои пеш ба тадқиқот бештар таваҷҷуҳ доштед. Ҳоло чаро камтар ба тадқиқот рӯ меоред?

- Охирин тадқиқотам ду сол пеш дар бораи Чоркӯҳ буд. Мушкил ин аст, ки шароити молӣ надорем. Барои як тадқиқоти муваффақонаро гузаронидан, чанд нафарро чанд моҳ бояд маош диҳем, ки мутаассифона чунин имконро касе ба мо намедиҳад.

- Мушкил чист?

- Мушкилоти молӣ.

- Набудани тадқиқот будани МТЖТ-ро зери суол намебарад?

- Не, шарт нест, ки мо танҳо тадқиқот кунем, балки тадқиқотҳои дигаронро чоп мекунем.

- Дар МТЖТ ба журналистшавандаҳои макотиби олӣ амалияи журналистикаро меомӯзонед. Аз ин кори бепул чӣ фоида мегиред?

- Ба онҳо мехоҳам фаҳмонам, ки касби мо аз ҷумлаи пешаҳои пурифтихор аст. Бубинед, ҳамонҳое, ки мактаби МТЖТ-ро гузаштаанд, имрӯз хеле муваффақанд ва аз номашонро гирифтан шарм намедорам.

- Гуфта будед, ки бачаҳои барои МТЖТ омодакардаатон дар дигар расонаҳо кор меёбанду мераванд. Вақте бачаҳои баистеъдодро аз шумо мегиранд, хафа намешавед?

- Не, ҳамеша ба онҳо мегӯям, ки зиндагиатонро беҳтар кунед.

- Чӣ бояд кард ё кадом мушкилотро бартараф намуд, ки зери тадқиқотҳои ҷиддӣ имзои МТЖ бошад? Танҳо пул?

- Пул ва ҷасорат.

Дард

- Соли гузашта барои журналистикаи тоҷик хеле хотираи бад гузошт, чанде аз рӯзноманигорону блогеронро бо иттиҳомҳои сангин зиндонӣ карданд. Шумо бовар доштед, ки кор чунин ранг мегирад?

- Бале! Ва дар ин маврид чанд бор ба Далери Имомалӣ (яке аз рӯзноманигорон ва блогерони маҳкумшуда. –аз идора) гуфта будам.

- Чаро журналистон паси панҷара рафтанд?

- Албатта говсуд буд, вале бачаҳои мо ҳам бегуноҳ набуданд.

- Кӣ гунаҳкор аст, ки журналистон паси панҷара рафтанд?

- Бетаҷрибагии журналистони мо ва худро воқеан домоди вазиру писари вазир эҳсос кардани ҷониби дигар.


-Ин чӣ паёму пайомад дорад?

- Боз ҳам талош барои қабули қонуни саҳеҳ барои фаъолияти блогерӣ, тағйирот ба қонуни ВАО.

- Оё меарзад барои оне навишт, ки ҳеҷ гоҳ пуштибоният намекунад?

- Ин рисолати ману ту аст.

- Ҷуръат аз худро болои обу оташ партофтан чӣ фарқ дорад?

- Ҷуръат аз манфиати хеш гузаштан аст. “Болои обу оташ партофтан” аблаҳӣ аст.

- Дар ҳоли ҳозир чӣ гуна журналист бояд буд, ки бехатар кору зиндагӣ кард?

- Дар “Ҷумҳурият” ё дар “Садои мардум” кор бояд кард.

- Дар умум, имрӯз ҳолу ҳавои журналистикаи тоҷикро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Трагикомедия. Яъне, на метавонӣ гиря кунӣ, на метавонӣ ханда занӣ.

- Як саволе дорам, ки наметавонам напурсам. Ҳарчанд намехоҳам пурсам, аммо маҷбурам: Чаро “Фараж”-у “Самак” рисолати худ – тадқиқоту “дармони дард”-ро канор гузошта, ба нашри маводҳои таблиғотӣ машғул аст? Фикр намекунед, ки ин гуна матолиб хеле зиёд аст?

- Дарди шикам...

- Моҳе пеш, замони баргузории нишастҳои матбуотӣ дар Фейсбук бо ин мазмун навиштед, ки “журналистон аз гирифтани туҳфаҳо худдорӣ кунед”. Шогирдону кормандони шумо “ТУҲФА” намегиранд? Хабарҳое дар бораи “туҳфагирӣ”-и шогирдонатон нашудаед?

- Мегирифтаанд. Барои ҳамин навиштам.

Саволҳои пароканда

-Кадоме дуои бештар шуниданд: деворҳои бемористон ё аз масҷид?

- Деворҳои бемористон.

- Ба кӣ ё чӣ сахт бовар доред?

- Пеш аз ҳама ба худам бовар дорам.

- Дар бораатон гапи бад мегӯянд?

- Бале, бисёр ва ҳатто ҳар рӯз мегӯянд.

Аз чап ба рост: Сӯҳроби Зиё, Қироншоҳ Шарифзода, Хуршед Атовулло, Ортиқи Қадир дар сари гӯри Акбари Саттор

-  Дар бораи мурдан фикр мекунед? Он даҳшат аст?

- Фикр мекунам, аммо даҳшат нест. Балки гузариш аз як ҳолат ба ҳолати дигар аст.

- Ба писаронатон чӣ мондан мехоҳед?

- Номи нек.

- Ман ва ҳамсолонам чӣ кор кунем, ки дар 50-солагӣ ҳадди ақал нисфи муваффақияти шуморо дошта бошем?

- Бархе намояндагони насли шумо “пиртаваллудшуда” мебошед. Онҳо дар 50-солагӣ аз ман ҳам муваффақтар хоҳанд шуд.

- Ин сӯҳбатро чӣ гуна ҷамъбаст мекунед?

- Бигзор дар 60-солагиам низ чунин суҳбат дошта бошем. То 60 солагӣ!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.