Дар пайи шадид шудани маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон, "Шабакаи тақсимоти барқ", ки масъули тақими барқ дар кишвар аст, бо ирсоли як паёмаки телефонӣ ба аҳолӣ ҳушдор додааст, ки "дар сурати истифодаи зиёда аз 4 киловат (кВт) барқ дар хона интиқоли барқ ҳудуди 30 дақиқа ба таври худкор (автоматӣ) қатъ мешавад".
Ин ҳушдор дар пайи як қарори ин ниҳод паҳн шуд, ки рӯзи 27-уми ноябр нашр ва ба ниҳодҳои зертобеи худ ирсол гардид. Дар он ба ғайр аз чанд талаб дар робита ба пешгирии истифодаи барқ, ҳамчунин зикр мешуд, ки ҳамаи истеъмолкунандагони гурӯҳи 1 бо иқтидори 5 кВт (ба истиснои шаҳри Душанбе) дар давраи маҳдудият аз шабака ҷудо карда шаванд”. Яъне дар сурати дар як вақт истифода кардани беш аз 5 кВт барқ ба таври автоматӣ хомӯш карда мешавад.
Масъулини ин ниҳод ба "Азия-Плюс" гуфта буданд, ки ин тадбир танҳо баъди огоҳ кардани аҳолӣ тавассути паёмрасонҳо роҳандозӣ мешавад. Вале ҳоло баъди ирсоли ин паёмак саволҳои зиёде ба миён омад. Зеро дар санади расмӣ маҳдудият 5 кВт дар як вақт барқ зикр шудааст, вале дар паймакее, ки сокинон гирифтанд, 4 кВт дар як вақт гуфта шудааст.
Чаро дар санад - 5 кВт, вале дар паёмак - 4 кВт?
Тавре зикр шуд, дар қарор гуфта мешавад, ки “ҳамаи истеъмолкунандагони гурӯҳи 1 бо иқтидори 5 кВт (ба истиснои шаҳри Душанбе) дар давраи маҳдудият аз шабака ҷудо карда шаванд”.
Муҳаммад Ғуломов, як масъули ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба “Азия-Плюс” гуфт, ки "минбаъд нерӯи барқи аҳолӣ дар ҳолате, ки дар як вақт чанд таҷҳизот ба нерӯи барқ пайваст мешавад ва ҳаҷми истифодаи барқ дар як вақт аз 5 кВт зиёд мешавад,он ба таври худкор аз низоми билингӣ хомӯш мешавад. Баъди аз 5 кВт кам кардани истеъмоли барқ дубора ва ба таври худкор нерӯи барқ барқарор мешавад".
Вале дар паёмак ҳадди паст - 4 кВт нишон дода шудааст. Ин ба он маъно аст, ки дар дастгоҳҳои маишӣ плитаҳои барқӣ, обгармкунакҳо (термексҳо) ё мошинаҳои ҷомашӯӣ дар вақти гарм шудан аз иқтидори дар ҳуҷҷаташон зикршуда зиёдтар барқ мегиранд.
Мақомот гуфтаанд, ки камшавии резиши об дар дарёҳо, сабаби ин тасмим шудааст.
“Ин чораҳо муваққатӣ мебошанд, ки ба сарфаи об дар обанборҳо мусоидат менамояд”, - омадааст дар паёми мазкур.

Кадом дастгоҳҳо аз ҳама зиёдтар барқ “мехӯранд”
Барои пешгирии қатъи интиқоли барқ, донистан зарур аст, ки дастгоҳҳо чӣ қадар барқ истеъмол мекунанд. Ба дастгоҳҳое, ки иқтидори зиёдтар доранду бештар барқ истифода мекунанд, плитаи барқӣ, оташдони барқӣ (духовка), обгармкунак, чойники барқӣ, дастгоҳи гармкунии хона (обогривател), дарзмол ва мошинаи ҷомашӯӣ (ҳангоми гарм кардани об аз 1,5 то 3 кВт барқ масраф месозанд) дохил мешаванд.
Дар истифодаи оташдони хурди гармкунии хӯрок (микроволновка), чангкашак ва яхдон, фен (дастгоҳи хушккунинн мӯйи сар) ва компютер истеъмоли барқ ба ҳисоби миёна аз 0,5 то 1,2 кВт мешавад.
Истеъмоли ба ҳадди ниҳоӣ паст дар лампочкаҳо, дастгоҳии пуркунии барқи телефон (зарядка), телевизор ва техникаи хурди ошхона ба қайд гирифта мешавад. Онҳо қариб ба хароҷоти умумӣ дахл накарда, метавонанд бидуни хавфи сарбории зиёд истифода шаванд.
Дастгоҳҳое, ки аз ҳама зиёд (1,5-3 кВт) барқ истеъмол мекунанд ва онҳоро дар як вақт ба кор даровардан лозим нест:
- Плитаи барқӣ / бухории барқӣ - 2–3 кВт;
- Обгармкунак (термекс) - 1,5–2,5 кВт;
- Чойники барқӣ (тефал) - 1,8–2,2 кВт;
- Дастгоҳи гармкунии хона (обогревател) - 1,5–2 кВт;
- Дарзмол - 1,5–2 кВт;
- Мошинаи ҷомашӯйӣ (гарм шудани он) - 1,5–2 кВт.
Ҳар як аз ин ду дастгоҳ агар якҷоя ва дар як вақт истифода шаванд, аз 4 кВт зиёдтар барқ истеъмол мекунанд.
Дастгоҳҳое, ки барқро дар ҳаҷми миёна истеъмол мекунанд (0,5–1,2 кВт):
- Оташдони хурди гармкунии хӯрок (микроволновка) - 0,7–1,2 кВт;
- Чангкашак - 0,8–1,0 кВт;
- Яхдон (реҷаи авҷи кор) - то 0,5–0,7 кВт;
- Дастгоҳи хушк кардани мӯйи сар (фен) - 0,4–0,9 кВт;
- Компютер - 0,1–0,4 кВт.
Дастгоҳҳое, ки барқро дар ҳаҷми кам истеъмол мекунанд (то 0,3 кВт) ва қариб ба сарбории умумӣ таъсир намекунад:
- Чароғҳо - 0,5–0,20 кВт;
- Дастгоҳи пуркунии барқи телефонҳо - 0,5–0,20 кВт;
- Wi-Fi-роутер - 0,10–0,20 кВт;
- Дастгоҳи қимакунӣ (блендер), техникаи хурди ошхона - 0,1–0,3 кВт.

Чӣ гуна метавон аз қатъи интиқоли барқ пешгирӣ кард?
Барои ин тақсими оқилонаи сарборӣ муҳим аст. Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки дар як вақт як дастгоҳи иқтидораш баланд ба кор дароварда шавад. Кори якҷояи "термекс"-у "плита", дарзмол ва мошинаи ҷомашӯйӣ ё дигар дастгоҳи барқии зарфияташ баланд метавонад аз маҳдудият ё худ "лимит"-и муқарраршуда зиёдтар шавад ва барқатон хомӯш гардад.
Ҳамин тариқ, чойники барқии иқтидораш 2 кВт ҳамроҳ бо таҷҳизоти рӯшноидиҳанда, телевизор, ноутбук ва яхдон метавонад то ҳадди тақрибан 2,4 кВт сарборӣ диҳад, ки ин бехатар аст. Ҳамчунин, мошинаи ҷомашӯйӣ дар реҷаи гарм кардан ҳудуди 1,8 кВт барқ истеъмол мекунад, ки ба истифодаи дигар дастгоҳҳои хурд низ имкон медиҳад. Вале ҳама гуна иловаи чойнику дарзмол ё плита ба ин дастгоҳҳо дарҳол хонаро аз ҳудуди маҳдудият берун мебарорад.
Дар як вақт чунин дастгоҳҳоро якҷоя ба кор даровардан мумкин нест: термекс ва плита, дастгоҳи гармкунак ва чойник, мошинаи ҷомашӯй ва оташдони хурди гармкунии хӯрок (микроволновка), мошинаи ҷомашӯйӣ ва дарзмол, оташдон (духовка) ва микроволновка.
Ба сурати умум чаро маҳдудиятҳо амал мекунанд?
Имсол сокинони минтақаи Тоҷикистон мегӯянд, “лимит”-и барқ шадидтар шуда, дар як шабонарӯз аз 2 то 4 соат бо барқ таъмин ҳастанд. Ба таъкиди онҳо, ин реҷа ҳам на ҳама вақт риоя мешавад. Масъулини интиқолу тақсимоти барқ тасдиқ мекунанд, ки дар кишвар, “дар интиқоли барқ маҳдудияти сахт ҷорӣ шудааст” ва мушкилро ба паст шудани сатҳи об дар обанбори НБО “Норак” рабт медиҳанд.
Дар пайи норасоии барқ чунин тадбирҳои муваққатии сарфаи барқ дар кишвар ҷорӣ шудааст:
- шомгоҳон қатъ намудани интиқоли барқ дар корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ;
- манъи кори нуқтаҳои нерӯдиҳӣ барои мошинҳои барқӣ (электромобилҳо) аз соати 18:00 то 22:00;
- қатъи худкори интиқоли барқ ба хонаҳо дар сурати зиёд шудани сарборӣ аз 4-5 кВт.
- хомӯш кардани барқ ё чароғҳои кӯчагӣ, ки “аҳамияти стратегӣ надоранд”.
Бештар ин бораи маҳдудиятҳо дар ин маводи мо хонед: “Барқро дар як вақт аз 5 кВт зиёд истифода накунед”. Ҷузъиёти қарори расман ҷорӣ шудани “лимит”-и барқ дар кишвар






