Тими миллии футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи “Е”-и мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон-2024 бо дастаҳои мунтахаби футзали Португалия, Марокаш ва Панама бозӣ хоҳад кард.
Маросими қуръакашаии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳони футзал, дирӯз 26-уми май, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон доир гашт.
Дар ин мусобиқот Тоҷикистонро рақобатҳои сангине интизор хоҳанд буд, зеро дастаи мо дар дар гурӯҳе қарор гирифтааст, ки он ҷо қаҳрамони феълии Аврупо ва ҷаҳон, қаҳрамони Африқо ва инчунин қаҳрамони Амрикои Ҷанубӣ шомиланд.
Даҳумин мусобиқоти Ҷоми ҷаҳони футзал аз 14-уми сентябр то 6-уми октябри соли ҷорӣ дар се шаҳри Ӯзбекистон – Бухоро Тошканд ва Андиҷон баргузор мегардад.
Дар асоси қуръакашии Ҷоми ҷаҳон-2024 дастаҳо ба шаш гурӯҳ, иборат аз чаҳор дастаӣ ҷудо карда шуданд. Мунтахабҳое, ки дар даври гурӯҳӣ зинаҳои аввал ва дуюмро соҳиб мешаванд ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини зинаҳои сеюм ба марҳилаи финалӣ роҳ меёбанд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон барои аввалин бор дар таърих дар ин мусобиқа иштирок хоҳад кард. Тими милли футзали Тоҷикистон баъди баромадан ба даври нимниҳоии Ҷоми Осиё ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифта буд.
Дар он мусобиқот шогирдони Пайрав Воҳидов бозии хуб нишон дода, то марҳилаи нимфиналӣ баромаданд, аммо дар ин марҳила аз футзалбозони ӯзбакистонӣ шикаст хӯрданд.
Рӯйхати ҳамаи гурӯҳҳо дар Ҷоми ҷаҳон-2024 ба таври зайл аст:
“Султони ишқу шаҳриёри шеър”. Ёде аз Шаҳриёр, шоири форсизабон, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳаводор дорад
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасон маълум шуд
“Биёед чароғҳоро дубора фурӯзон кунем”. Чӣ яғнобиҳоро водор мекунад ба мулки падарии худ баргарданд?
Боздошти як ҷавон бо гумони куштори хоҳараш бо 9 зарби корд
Ҷабҳаи муқовимат ҳушдор додааст, ки ДОИШ қасди ҳамла ба сафоратхонаҳои хориҷӣ дар Кобулро дорад
Таҳкими озодии баён ва дифоъ аз журналистон. 25 соли роҳи пур аз шебу фарози АМВАОМТ
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дониши бесамар”
Кушта шудани беш аз 10 кас дар пайи таркиши дастгоҳҳои паёмрасон дар Лубнон
Корфармоёну корҷӯён барои як “дидори кӯтоҳмуддат” дар Душанбе гирдиҳам омаданд
“Рейд” дар марказҳои дилхушӣ. 230 нафар дар доираи амалиёти “Ахлоқ” ба милитсия оварда шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста