Рузи 18-уми январ дар мачмааи варзишии «Точикстандарт» «Фестивали дуюми Будо», ки дар он намояндагони федератсияҳои «Каратэ-до», «Кёкуншинкай», «Сумо», «Тэквандо» «Дзюдо», «Айкидо» баромад хоханд кард. Дар ин бора имрӯз дар рафти конфронси матбуотӣ намояндаи сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Такаоки Коматсу хабар дод.
Фестивали мазкур бо дастгирии сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳи баргузор мегардад. Қайд карда шуд, ки нахустин «Фестивали Будо» дар Тоҷикистон соли 2009 гузаронида шуда буд ва дар он варзишгарон дар навъхои гуногуни варзишҳои ҷопонӣ қувваозмоӣ кардаанд.
Тавре созмондиҳандагони фестивал зикр карданд, мақсади аз баргузории фестивали навбатӣ таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон дар самти рушди варзиш ва ҷалби бештари варзишгарон ба ин навъхои варзиш мебошад.
Намояндаи сафорати Ҷопон зимни суханронӣ қайд кард, ки сафорат омода аст, ҳамаҷониба рушди навъҳои варзиши ҷопониро дар Тоҷистон дастгирӣ созад. «Айни замон лоиҳаҳои гуногун дар самти варзиш, фарҳанг, иқтисод миёни Тоҷикистону Ҷопон амалӣ мешаванд. Дар ояндаи наздик чорабиниҳои муштараки варзишӣ бо иштироки варзишгарони ҷопониву тоҷикистонӣ доир мегарданд», - гуфт Такаоки Коматсу.
Зимнан иштирокдорони конфронс қайд карданд, ки сохтмони иншоотҳои варзишӣ ҷиҳати ҳарчи бештари ҷаонон ба варзиш дар ноҳияҳои дурдаст муҳим аст. Сафорати Ҷопон омодагии худро дар ин самт иброз дошт.




Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста