Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Қазоқистон аз 1-уми сентябр манъи содироти зироати ғалладонаро бекор мекунад. Қобили зикр аст, ки ба Тоҷикистон аз ин кишвар беш аз 90 фоиз зироати ғалладона ворид мегардад. Дар ин бора бо истинод ба сарвазири Қазоқистон Карим Масимов хабаргузории «Казахстан. Сегодня» иттилоъ медиҳад. Дар машварати бахшида ба масоили танзими бозори зироати ғалладона ва таъмини амнияти ғизоӣ К.Масимов изҳор доштааст, ки «агар мо талаботи дохилии кишвари худро бо ғалла таъмин карда тавонем, минбаъд манъи содироти онро ҷорӣ нахоҳем сохт».
Сарвазири кишвари ҳамсоя ҳамчунин таъкид сохт, ки арзиши зироати ғалладона бояд таҳти назорат бошад ва ба баландшавии нархҳо набояд роҳ дод.
Қобили ёдоварист, ки в
азири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломҷон Бобозода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон зироати ғалладона ба миқдори кофӣ захира шудааст ва ҷумҳурӣ минбаъд бо мушкилоти таъмини орд мувоҷеҳ нахоҳад гашт.
«Ҳарчанд дар шимоли кишвар ба иллати камобиву хушкии имсола ҳосили дилхоҳ ба даст наомада бошад ҳам, дар манотиқи дигари кишвар ҳосили зироати ғалладона хуб аст», - гуфт ӯ ва афзуд ки истеҳсоли зироати ғалладона дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта афзудааст.
Вазир гуфт, ҳукумати кишвар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз норасоии орд дар бозори дохилӣ ва афзоиши захоири давлатии зироати ғалладона маблағгузориро аз воситаҳои буҷавӣ зиёд кард.
Ба гуфтаи вазир, вазорат ба парлумони кишвар лоиҳаи қонунеро ирсол кардааст, ки дар он аз 20 то 10 дарсад коҳиш додани андоз аз арзиши изофа барои воридоти зироати ғалладона ба кишвар пешниҳод шудааст.
«Кам кардани андоз аз арзиши изофа яке аз омилҳоест, ки ба коҳиши нарх дар бозори дохилӣ мусоидат менамояд», - гуфт Ғ.Бобозода ва афзуд, ки айни замон нархи чунин маҳсулот мӯътадил нигоҳ дошта мешавад.



Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста