Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Бонки ҷаҳонӣ бар он назар аст, ки зимистони имсола дар Тоҷикистон мисли зимистони соли гузашта душвор нахоҳад буд. Мутахассиси калони соҳаи энергетикаи минтақаҳои Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ Рагувир Шарма дирӯз зимни сӯҳбат бо рӯзноманигорон хабар дод, ки масъалаи мазкур аз истифодаи самараноки захираҳои обии кишвар вобаста аст.

«Агар оби захирашуда дурусту оқилона истифода бурда шавад, зимистон мушкилоти зиёде ба бор нахоҳад овард», - гуфт ӯ ва афзуд, ки тибқи маълумоти ба ӯ расида, айни замон сатҳи оби обанбори Норак ба 900 метр расидааст.

Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин изҳор дошт, ки Тоҷикистону Туркманистон дар бобати интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба ҷумҳурӣ қарордод ба имзо расонидаанд ва дар фасли зимистон аз Ӯзбекситон низ нерӯи барқ ворид карда мешавад.

Р.Шарма зикр кард, ки соли равон аз ҳисоби мавриди истифода қарор гирифтани ду агрегати нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон 300 МВт зиёдтар мешавад. Ғайр аз ин, Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати барқарориву бозсозии Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбеву ноҳияи Ёвон ва беҳбуди шабакаҳои тақсими нерӯи барқ кӯмаку мусоидат менамояд.

«Ин чорабиниҳо ба таъмини бозори дохилӣ бо нерӯи барқ нигаронида шудаанд», - таъкид сохт ӯ.

Мавсуф    зикр кард, ки баъди чор сол аз Туркманистон ба воситаи қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон лӯлаи интиқоли газ сохта хоҳад шуд. « Бонки ҷаҳонӣ дар сохтмони он ширкат меварзад ва айни ҳол асноди заминаи иқтисодиву техникии лоиҳа тайёр карда мешаванд», - афзуд Р.Шарма.