Баҳром Иноятзода, раиси пешини Кӯлоб, ки 12 сол ҳукми зиндон гирифта буд, пас аз 5 сол ба озодӣ баромадааст.

Дар ин бора наздикони ӯ ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, номбурда ҳудуди ду ҳафта пеш озод шудааст.

Як манбаи дигари мо бо тасдиқи ин хабар гуфт, Иноятзода “шартан ва пеш аз муҳлат” ба озодӣ баромадааст, аммо сари чанд вақт мақомотро аз ҳузури худ дар маҳалли зисташ огоҳ мекунад.

Мақомот то кунун дар ин маврид изҳори назар накардаанд.

Баҳром Иноятзода моҳи июни соли 2020 боздошт ва моҳи ноябри ҳамин сол ба 12 сол зиндон маҳкум шуда буд.

Иноятзода бо 6 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон: сӯистифода аз мансаб, гирифтани пора дар ҳаҷми калон, азхудкунии молу мулки ба зиммааш гузошташуда, қаллобӣ, ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва қонунгардониии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада муттаҳам мешуд.

Он вақт наздикони ӯ гуфта буданд, ки Иноятзода ин иттиҳомотро рад карда, гуфтааст, бегуноҳ аст.

Баҳром Иноятзода то омадан ба мақоми шаҳрдори Кӯлоб дар соли 2019, раиси шаҳри Истаравшан ва узви Маҷлиси миллӣ буд. Номи ӯ дар моҳи феврали соли 2020, замоне пурсарусадо шуд, ки моликони ширкати "Комил-2010”-ро танқид кард.

Ӯ рӯзи боздошташ бо фармони раисҷумҳури кишвар аз мансаб барканор шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.