Ширкати «Тетис Петролеум Лимитед» хабар медиҳад, ки дар бораи захоири дороиҳои худ дар Тоҷикистон Гузориши нави мустақил дастрас намудааст.

Дар иттилоияи интишоргардидаи ширкат зикр мегардад, ки он майдони ҳудуди 35 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, мутобиқи гузориш, захоири нафти он 27,5 млрд. баррел нафтро ташкил медиҳад.

Гузориш дар бораи захираҳоро фирмаи Gustavson Associates (ИМА) мутобиқи талабот дар бораи ҳисоботнокии стандарти N1 51-101, ки аз ҷониби мақомоти танзими коғазҳои қимматноки Канда тасдиқ шудааст, омода кардааст.

Гуфта мешавад, тобистони имсол марҳилаи ниҳоии барномаи сейсмикӣ дар Тоҷикистон оғоз мегардад. Он ҷо аллакай таҷҳизот фиристода шуда, аз натиҷаҳои аввал дар семоҳаи 4-уми соли равон интизорӣ меравад. Пас аз анҷоми барномаи сейсмикӣ ин маълумот ба муайян кардани ҷойи чоҳи аввали пармаи чуқур, ки ширкат анҷом доданист, кӯмак хоҳанд кард.

Айни замон ширкати Тетис Петролеум Лимитед ба корҳои иктишоф ва коркарди конҳои нафту газ дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон машғул аст. Дар Тоҷикистон корҳои иктишофӣ ва ҷустуҷӯӣ дар минтақаҳои Бохтар, Бештентияк, Узнохор, Пушиёни ҷанубӣ ва Хоҷа Сартез анҷом дода мешаванд.